Ба мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон баъди тақрибани чор соли нофаҳмиҳо муяссар шуд, ки дар масъалаи сарҳад тавофуқ ҳосил намуда, ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ баргарданд. Имрӯз дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

Рӯйдоди таърихӣ

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров рӯзи 13 март Шартнома дар бораи сарҳади давлатии миёни кишварҳоро ба имзо расониданд, ки бисёриҳо онро таърихӣ номиданд. Парлумонҳои ҳар ду кишвар рӯзҳои 18-19 март ин шартномаро тасдиқ карданд.

Ҷонибҳо инчунин 15 созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расониданд. Тибқи супориши сарони давлатҳо, Шӯрои байниҳукуматии муштарак таъсис дода шуда, вазорату идораҳои дахлдор ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол то ба 500 млн доллар ва зиёд кардани номгӯи молу маҳсулот барои содироту воридоти мутақобила машғул хоҳанд шуд.

Сарони давлатҳо ба таври онлайн гузаргоҳҳои «Гулистон – Қизил-Бел» ва «Маданият – Қайрағоч»-ро ифтитоҳ карданд. Супориш дода шуд, ки хатсайрҳои автобус миёни кишварҳо дубора роҳандозӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров
Сурат аз хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон

Рӯзи 14 март ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» пас аз 4 сол нахустин парвозро дар масири Душанбе – Бишкек анҷом дод, ки аз 23 март ба парвози мунтазам табдил хоҳад ёфт. Рӯзи 16 март ширкати Asman Airlines хатсайри Бишкек – Хуҷандро боз намуд ва парвозҳои мунтазам аз 8 апрел оғоз мешаванд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати оғози санҷиши хати интиқоли барқи 500 кВ байни зеристгоҳҳои “Суғд-500” ва “Датка” дар доираи лоиҳаи CASA-1000 ба тавофуқ расиданд.

Гардиши молу маҳсулот

Гардиши молу маҳсулот пас аз баста шудани сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон дар охири моҳи апрели соли 2021 3,3 баробар - аз қариб 40 млн доллар дар соли 2020 то 12 млн доллар дар соли 2024 коҳиш ёфт.

Савдои мол дар ҳаҷми начандаон зиёд дар ин давра, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тариқи қаламрави кишварҳои сеюм, асосан Ӯзбекистон сурат мегирифт. Қариб 93% аз ҳаҷми умумии гардиши молро дар соли гузашта воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Ҳиссаи савдо бо Қирғизистон дар ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ ба 0,1% баробар аст.

Боз шудани сарҳад ҳаҷми савдои дуҷонибаро метавонад ба таври назаррас зиёд кунад, ҳадди ақалл то сатҳи 2020, зеро имкониятҳо барои ин мавҷуд аст.

Дар баробари ин, нияти то 500 млн доллар расонидани ҳаҷми савдои дуҷонибаро дар давраи кӯтоҳ ва ҳатто миёнамуҳлат коршиносон ғайривоқеӣ арзёбӣ мекунанд.

Гузаргоҳи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сурат: Asia-Plus

Ин чунин маънидод мешавад, ки Тоҷикистону Қирғизистон захираҳои назарраси нафту газ надошта, дар як сатҳи рушд бо сохтори ҳамсони иқтисодӣ қарор доранд ва ашёи хомро интиқол додаву маҳсулоти тайёр ворид мекунанд.

То баста шудани сарҳад низ ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо начандон назаррас буд. Бино ба маълумоти мақомоти омори Тоҷикистон, соли 2019 ҳаҷми муомилоти молу маҳсулоти дуҷониба 54,2 млн долларро ташкил дод. Ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 1,2% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон баробар буд.

Он замон ҳудуди 80%-и ҳаҷми савдои дуҷонибаро воридот аз Қирғизистон ташкил дода, каме бештар аз 20% ба содирот аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рост меомад.

Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон асосан ангишт, маҳсулоти нафтии Русия, баъзе маҳсулоти хӯроквории Қазоқистон ва маҳсулоти гуногун аз Чин, ки аз ҷониби тоҷирони тоҷик аз бозори маъруфи Бишкек - “Дордой” харида мешавад, ворид карда мешуд.

Маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон дар навбати аввал аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мева, инчунин баъзе навъҳои масолеҳи сохтмон иборат буд.

Лекин мебояд гуфт, ки баста шудани сарҳадҳо ба сатҳи рӯзгори сокинони минтақаҳои наздимарзӣ, ки чандин асрҳо бо ҳам робита доштанд, таъсири хеле манфӣ расонид, зеро дар бозорҳои наздимарзӣ онҳо метавонистанд хариду фурӯш кунанд.

Масалан, сокинони ҳарду кишвар метавонистанд рӯзҳои сешанбе дар деҳаи Аркаи вилояти Ботканди Қирғизистон ва рӯзҳои якшанбе - дар деҳаи Хистеварзи вилояти Суғд ба хариду фурӯш машғул шаванд.

Бозор дар деҳаи Арка
Сурат: kaktus.media

Хидматрасониҳо

Сарфи назар аз муносибатҳои начандон хуб, табодули хидматрасонӣ миёни кишварҳо тақрибан 40% зиёд шуд – аз зиёда аз 2,5 млн доллар дар соли 2019 то тақрибан 3,5 млн доллар дар соли 2023. Мо нишондиҳандаи соли 2020-ро ба ҳисоб нагирифтем, зеро дар он сол коҳиши назаррас ба қайд гирифта шудааст (то 840 ҳазор доллар), эҳтимол бо сабаби таъсири пандемияи COVID-19. Маълумот барои соли 2024 то ҳол дар манбаъҳои боз дастрас нест.

Дар соли 2023 ҳаҷми хидматрасониҳо аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 1,1 млн доллар ва аз Қирғизистон ба Тоҷикистон - ҳудуди 2,4 млн долларро ташкил дод.

Дар пешниҳоди хидматрасонҳои Тоҷикистон мусофиркашонӣ тариқи нақлииёти ҳавоӣ, алоқаи байнулмилалии телефон, хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва боркашонӣ тариқи роҳи оҳан бештар афзалият доштанд.

Дар навбати худ, Қирғизистон тариқи роҳи оҳан ва автомобилгард, алоқаи байнулмилалии телефонӣ, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва барои нақлиёти ҳавоӣ хидматрасониҳо пешниҳод кард.

Тибқи арзёбии коршиносон, боз шудани сарҳад ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ метавонанд ҳаҷми савдо ва хидматрасониҳо байни кишварҳоро ба таври назаррас зиёд кунанд.

Бозори деҳаи Арка
Сурат: kaktus.media

Транзит

Бо баста шудани сарҳад, табиист, ки интиқоли транзитии молу маҳсулот байни кишварҳо тариқи қаламрави ҳамдигар қатъ шуд. Ин тоҷирони тоҷикро водор кард, ки барои инитиқоли мол аз Чин ва минтақаҳои ҷудогонаи Қазоқистону Русия хатсайрҳои навро пайдо кунанд. Ҳиссаи умумии ин се кишвар дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 60%-ро ташкил медиҳад.

Кушода шудани сарҳад ба тоҷирони тоҷик ҷиҳати барқарор намудани интиқол тариқи қаламрави Қирғизистон, бахусус воридкунандагони мол аз Чин ба шимоли Тоҷикистон имкон фароҳам меорад. Илова бар ин, мақомоти Қирғизистон аллакай изҳори омодагӣ намуданд, ки метавонанд ба сифати занҷираи пайваст ҷиҳати интиқои молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозори Иттиҳоли иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) корҳоро ба роҳ монанд.

Дар ин хусус роҳбари Девони вазирони Қирғизистон Одилбек Қосималиев (Адилбек Касималиев) рӯзи 4 март зимни вохӯрӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари якрӯзаи худ ба Душанбе изҳори назар кард.

Боз шудани гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, 13 марти соли 2025
Сурат: Asia-Plus

Сармоягузориҳо

Сармоягузориҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар солҳои 2022-2023 ба қайд гирифта нашудааст (маълумот барои соли 2024 ҳоло дастрас нест).

То ин замон сармоягузорӣ аз Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон начандон зиёд сурат мегирифт. Ба ин тариқ, дар соли 2021 ҳаҷми сармоягузорӣ аз Қирғизистон ҳудуди 550 ҳазор доллар, аз ҷумла 390 ҳазор доллар - сармоягузории мустақимро ташкил доданд.

Сармоягузории мустақими Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2021 ба зиёда аз 2,2 млн доллар (ҳудуди 1,9 млн доллар - сармоягузории мустақим) расид.

Дарёфти маълумот дар бораи сармоягузории Тоҷикистон ба иқтисоди Қирғизистон дар манбаъҳои боз муяссар нашуд.

Мутахассисон аз афзоиши назарраси сармоягузориҳоро байни кишварҳо баъди роҳандозии муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ интизорӣ надоранд ва онро ба имконоти маҳдуд рабт медиҳанд: тибқи таснифоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи даромаде қарор доранд, ки, ки ба сармоязуориҳои хориҷӣ ниёз доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.