Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) таҷрибаи Арманистон ва Қирғизистонро меомӯзад, зеро вазъи иқтисодии ин ду давлат ба кишвари мо монандиҳо доштааст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Ба таъкиди вазир, Гуруҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи мазкурро то ҳол омӯхта истодааст ва ҳар тасмими эҳтимоли воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО аз нуктаи назари манфиати иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
Баҳси воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО, созмони зери назорати Русия солҳост, ки идома дорад. Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқи Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.

Аз ҷумла, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзҳои 5-6-уми июн дар Душанбе зимни суханрониаш дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дубора аз бартариҳои узвияти эҳтимолии Тоҷикистон дар ИИАО лаб кушод.
Баъдан Шоҳин Самадӣ, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки Душанбе “айни замон масъалаи узвияти эҳтимолиро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) баррасӣ надорад”.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз фишорҳои охир болои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия низ маҷбур кардани Тоҷикистон барои шомил шудан ба ИИАО аст.
Вале чунин масъалагузориро имрӯз, 15-уми август дар нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин нодуруст гуфт ва афзуд, ки бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои бисёрсамтаи мо бо Русия фишороварӣ ҷой дошта наметавонад.
Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.
Навруз на Памире: здесь точно знают, как изгнать духов и исполнить мечту
Еще один футболист из Таджикистана переехал в Беларусь
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
США отменили вознаграждение в 10 миллионов долларов за поимку Сироджиддина Хаккани
В Душанбе создадут «налоговый рай» для производителей промпродукции
Как аденоиды могут вызвать ночное недержание у детей
В Узбекистане построят заводы по переработке мусора в электроэнергию
Дональд Трамп допустил, что Россия затягивает подписание соглашения о прекращении огня
В Таджикистане создают «Фонд распределения выгод» от продажи электричества Рогунской ГЭС
В Турции продолжаются протесты после ареста Экрема Имамоглу. ВВС рассказывает, как мэр Стамбула стал лидером оппозиции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста