ВКД Тоҷикистон ҳодисаи ҳаракати автобус ба самти пиёдагардонро дар назди бозори "Корвон" шарҳ дода гуфтааст, сабаби ҳодиса зери таъсири доруи "Баралгин" аз ҳуш рафтани ронанда аст. Ронанда дар бемористон бистарӣ шудааст.
Гуфта мешавад ки автобус ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дошта, онро ронанда шуҳрат Мирдонов идора мекард.
ВКД ҳамчунин, дар шарҳи ҳодиса гуфтааст, автобус ҳангоми ба самти муқобил ҳаракат кардан ба автомашинаҳои тамғаи “Хундай Солярис”, “Опел-Вектра”, “Тойота-Прадо” ва “Опел-Астра”, ки ин онҳо ба роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрдааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, дар натиҷа, мусофири автомашинаи "Опел-Астра сокини шаҳри Душанбе Шабнам Ҳасанова (соли таваллудаш 1995), ки мехост аз автомобил фарояд, зери чархи автобуси монда, ба ҳалокат расид.
Зикр мешавад, ки нафарони дигар осеб надидаанд ва аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.