Имрӯз Субҳон Ҷалилов, журналисти шинохтаи тоҷик ва яке аз ровиёни маъруфи радио мавлуд дорад. Мавсуф се даҳсола инҷониб фазои фарҳангӣ ва иттилоотии кишварро пур кардааст ва дар вазифаҳои роҳбарии радиоҳо фаъолият доштааст.

Ӯ яке аз журналистони принсипнок аст ва худаш ҳам мегӯяд, “ҳар гуна кореро ё босифат бояд иҷро кард ва ё аслан ба он набояд машғул шуд”. Ба қавли Субҳон Ҷалилов, ғоя ва андешаи ҷолиб аз тилло ҳам бояд қиматтар бошад.

Аммо дар ин моваро нигарон аст, ки солҳост кори журналистони радиоро касе нақд намекунад ва бим дорад, “мерасад рӯзе, ки пул медиҳем, то гуфторҳои радиоро гӯш кардаву танқид кунанд, то ислоҳ шавем”.

Ба муносибати мавлудаш мо бо Субҳон Ҷалилов перомуни раҳоварди корӣ, принсипҳои эҷодӣ, муҳити касбӣ, масъулиятшиносӣ, адои ҳаҷ ва аламҳои бемодарӣ гуфтугӯ кардем.

 

Дар талоши инсон будан

- Боз бо як соли дигари умр чӣ гуна хайрбод мекунед ва соли нави умрро чӣ тарз ва бо кадом мақсадҳо пешвоз мегиред?

- Мисли ҳама - бо таассуф барои аз дастрафтаҳо ва бо умед барои он чизе ки метавонад имсол ба даст ояд. Хуб нест агар инсон нақшаҳои бузургу ҷолиб надошта бошад, вале хуб аст, вақте нияти баде ҳам надошта бошад.

Субҳон Ҷалилов бо падар

Бо бузургсолтар шудан кас ба қадри содатарин дуо ва таманнои азизони аз дастрафтааш мерасад, ки мегуфтанд, “Худованд дили беғаму хотири ҷамъ ато кунад...”. Ҳамин будааст хулосаи тамоми талошҳову такопӯ, давиданҳову афтиданҳо ва сахт доштани домани рӯзиву ҳар рӯзи Худо.

Мо ҳам мисли аксарият ва шояд мисли ҳама имсол низ ганҷҳоеро аз даст додем ва ҳам бар ивазаш чанд неъмати дигарро сазовор шудем. Ба ҳама доштаву надоштаҳо шукр мекунам ва медонам, ки нақшаҳои Худованд хеле беҳтар аз оне аст, ки шояд ман орзуи онро дорам. Бовар дорам, ин нафас беҳтар аз нафаси пештар аст ва ҳар саҳар умедворам, ки имрӯз беҳтар аз рӯзи гузашта мешавад...  

- Субҳон Ҷалилов кист: журналист, шоир, ровӣ, шоу-мен ё блогер?

- Шояд ягон то аз касбу кору машғулиятеро, ки шумо ёдовар шудед, ба ҳадди зарурӣ ва даркорӣ иҷро карда натавонам. Барои ягонтои онҳо ҳам сахт даъво накардаам. Ба миқдори тавоноӣ ва хаёлбофӣ, ба қадри имкон ва тавон масъулиятеро, ки ба дӯши ман вогузошта шудааст, содиқона иҷро кардаам. Ҳар кӣ бошӣ ва ҳар кореро, ки анҷом диҳӣ ё надиҳӣ, ризқатро меёбӣ ва касе пайдо мешавад, ки туро барои ҳамон касбу кору ихтисосат эҳтиром мекунад, барои он ҳаққи заҳмататро пардохт мекунад, вале агар инсон набошӣ, ҳазор ҳунару истеъдодат пеши инсонҳои комил арзиш надорад. Ҳамеша талош кардаам, инсоне бошам, ки тавонам рисолати худро пеши ҷомеа ва пеши худам иҷро кунам. Аммо ба ҳар сурат касби журналистӣ бароям наздиктару мақбултар аст.

Субҳон Ҷалилов (аз чап) бо модар ва бародараш

- Барои як физик тай кардани роҳи журналистӣ чӣ шебу фарозҳо дошт?

- Аслан, ягон кор осон нест, на физик будан ва на журналист ва ровии радио будан, агар онро самимона ва сидқан анҷом надиҳед. Ман аз он ки тахассуси муҳандисӣ дорам, ифтихор мекунам. Ин ихтисос дар иҷрои дилхоҳ рисолат ва кору амал ҳатман ба шумо кӯмак мекунад. Дар физика қонунҳои зиндагӣ ва асрори одаму олам хулоса мешавад.

Маро аз соҳили улуми дақиқ ба ин соҳил сухан овард, ҳамон аввалин таронаҳои шогирдонаи инҷониб, ки кадом соле аз минбари Радиои Тоҷикистон онҳоро чун як меҳмони навқалами кадом барномаи радиоӣ барои шунавандаҳо хонда будам. Инак 25 сол аст, ки дар радио ҳастам ва гапи миёни мову шунавандаҳо тамом намешавад. Ва ин роҳ албатта пур аз шебу фароз буд. Агар дар Радиои Тоҷикистон мо бо такя ба мактаби классикии барномасозӣ ва дар пайроҳаи устодони бузурги радио ва санъати суханварӣ гуфторҳо таҳия мекардем, дар радиои хусусие, ки ман то се соли пештар онҷо кор мекардам, дар таҳияи нахустин шоу-барномаҳои радиоӣ намедонистем ба кӣ бояд монанд шавем, ба кӣ тақлид кунем, мисли имрӯз идеяҳову ҳатто калимаву ҷумлаҳоро аз хазинаи луғавии кӣ нусхабардорӣ кунем ё бидӯздем...

Боз ҳам соддатар баён кунем, якҷо агар меъёр муҳим аст, ҷойи дигар дар қатори меъёр завқу назари сарпарасти гуфторҳо ҳам муҳим аст, якҷо агар  давомнокӣ муҳим бошад, ҷойи дигар тарзи баён ва ҳар қадар кӯтоҳбайёнӣ қобили қабул аст ва мисли ин... Принсипи инҷониб ҳамин аст, ки ҳар кореро, ки мебояд иҷро кунем, ё босифат бояд иҷро кард ва ё аслан ба он набояд машғул шуд, то каси дигаре, ки шояд беҳтар ва хубтар он корро мекунад, машғули он кор бошад.

 


Ду даҳсола дар Радиои “Ватан”​​​​​​​

- Қариб 20 сол дар Радиои “Ватан” ба ҳайси рӯзноманигор, муҳаррир, директори барномаҳо ва ҳатто директори кулл фаъолият доштед: аз “Ватан” чӣ ангора мондаст?

- Қиматтарин давраи умри ман - солҳои ҷавонии ман дар он радио гузашт. Саду як намуду шакли гуфторҳоро фикр кардаву таҳия кардам, ба ҳазорон кас ҳамсӯҳбат шудам, саду як ҳамкорро дидам, саду як мушкилу дастоварду навоварӣ доштам. Ин роҳ  - аз муҳаррири хурд то директори кулл, бароям ин қадар таҷриба дод, ки шояд барои умри боқӣ басанда бошад. Табиист, ки чизе аз ҳар рӯзи кор дар онҷо барои худам омӯхтаам, чизе барои муқоиса дорам ва чизе албатта аз дастрафта ҳам буд. Пушаймон нестам. Чунки онҷо барои ман мактаби зиндагӣ, зистан, тоқат кардан ва сарбаландона рафтан буд.

- Идеяи “Субҳи Ватан” чӣ гуна пайдо шуд, кай ин барномаро сар кардед ва чӣ гуна охирин эфири онро ба поён расонидед?

- Соли 2004, замоне ба он тим ҳамроҳ шудам, ки ин барномаи саҳарӣ иборат аз ду соат “Рӯзи нав” ном дошт ва якбора бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод мешуд. Вақте ман танҳо ровии ин гуфтор будам, номи онро бо тавсияи устодону ҳамкорамон ба “Субҳи Ватан” тағйир додем ва се соат пахш мешуд. Он вақт талабот хеле зиёд буд, мардум ҳам аксаран он барномаро гӯш мекард. Саргарми таҳия ва такмил надонистам, ки чӣ гуна саҳифа ва бахшҳои он барнома як вақт аз 50 то ҳам гузашт.

Боз нафаҳмидам, ки чӣ гуна фарзандонам – ду писарам, бузург шуданду мактаби миёнаро хатм карданд. Вақти дамидани субҳ ва вақти хоби ширини онҳо ба кор мерафтам ва шаб баъди ба хоб рафтани онҳо бармегаштам...

Ягона чизе ки акнун аз он афсӯс мехӯрам, ҳамин аст, ки ман ба кор афзалият ва бартарӣ додам. Дурусташ ин будааст, ки корро ҳатто дар ҳоли дӯстдориву муҳаббати фавқулода ба он ҳам, бояд поинтар аз оила ва фарзандон  бигузорӣ...

Дар мавриди охирин эфири “Субҳи Ватан” - пеш аз рухсатӣ рафтан, охирин эфирро, ки 25-уми октябри соли 2022 буд, эълон накардам. Бе овозаву ҳангома рафтанро афзалтар ва беҳтар донистам.

 

Субҳон Ҷалилов бо писараш Алиҷон Ҷалилов

- Фақат росташро гӯед: сабаби тарки Радиои “Ватан” чӣ буд?

- Баъзан шумо ба тағироту дигаргунӣ дар ҳайёт ва кору фаъолияти худ розӣ мешавед, то чизи навтареро таҷриба кунед, бо одамони нав, усулҳои навтар ва фазои дигар шинос шавед, худро дар иҷрои корҳои бузургтаре санҷед ва ҳам ба дигарон имкон бидиҳед, ки фазои бе шуморо барои хулоса ва муқоиса таҷриба кунанд, як фосилаи мушаххасе бо роҳи шумо бираванд ва шумои ҳазорсола ошнои худро аз нав ва ин карат дурустару амиқтару беҳтар бишиносанд...

- Хайрбод бо радиое, ки солҳо кор кардед чӣ гуна сурат гирифт ва бароятон сахт набуд?

- Аризаи рухсатиро, ки дар 20 соли кориям, агар хотира фиребам надиҳад, бори якум буд, ки навиштам ва аввал ба рухсатӣ рафтам. Аризаи дигари аз кор пурра рафтанро ба дасти дигарон равон кардам. Барои аз утоқи кориам гирифтани китобу ҳуҷҷату молу ашёи дигар, ки аксарияташ тӯҳфаҳои мардум, ифтихорномаву сипосномаву варақу дафтар буд, писарамро равон карда будам...

Барои гирифтани дафтарчаи меҳнатӣ то ошёнаи аввали бино, ки қаҳвахона аст, рафтам ва аз корманди идораи кадрҳо хоҳиш кардам, ки ҳамон ҳуҷҷати маро поин биёрад. Ман дар китоби қайдҳо ҳамон ҷо имзо гузошта, дафтарчаи меҳнатиамро гирифтам, бори охир бо чанд тан аз дӯстони журналист ҳамон ҷо як финҷон қаҳваи сиёҳ нӯшидам ва рафтам. Сахту талх шояд ҳамон қурси қанд ва ҳамон қаҳва буд...

- Талоши таъсиси радиои хусусии худро доштед: тақдири он чӣ шуд?

- Як вақт дар андешаи таъсиси як радиои нав будам. Дар ҳамин моваро, чандин пешниҳод барои шарик будан дар кори ташкилу идораи радио, фаъолият кардан ба ҳайси директори барномаҳо, сармуҳаррири кадом идора ва ҳатто директори кулли ин ё он радиои аллакай фаъол ҳам ба инҷониб  буд. Вале ҷое, ки ҳоло фаъолият мекунам, аз ҳар нигоҳ беҳтар, шароиташ хубтар ва шоиста аст. Муҳимтар аз ҳама касбияти баланд, таваҷҷӯҳи хоса ва дастгирии  пайвастаи роҳбарияти ин гурӯҳи расонаҳо аст. Барои як эҷодкор ин хеле муҳим аст.

 

Субҳон Ҷалилов бо Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Перомуни фазо, кори эҷодӣ ва навгониҳо дар “Азия-Плюс”​​​​​​​

- Акнун мудири барномаҳои Радиои “Азия-Плюс” таъйин шудед: корро аз чӣ оғоз кардед, чиро тағйир додед ва дар ин вазифа чӣ нақшаҳоро амалӣ карданиед?

- Ташкили шоу барномаҳои калонҳаҷм ба забони тоҷикӣ, таъсиси гуфтори адабӣ ва бештар шудани муҳтавои тоҷикӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии радио, сабту пахши ишораҳои радио ба забони давлатӣ ва бештар кардани суруду таронаҳои тоҷикӣ - форсӣ то имрӯз бо дастгири роҳбарият амалӣ шуд.

Ҳамчунин, акнун намояндагони касбу кори гуногун зиёдтар меҳмони радио мешаванд. Баъди соли нави мелодӣ ҳам мо нақша дорем, ки чандин лоиҳаи радиоиро ба забони тоҷикӣ пиёда кунем. Ахбори молия ва иқтисод, гуфторҳо дар мавзӯйи маърифати молиявӣ, барномаҳои мусиқӣ, фароғатӣ, таҳлилӣ, консертҳои зинда дар эфири мустақим ва мисли ин аз ҷумлаи онҳост.

Дар кори эҷодӣ шунидани фикри ҳама, якҷоя баррасӣ кардану қабул кардани ин ё он ғоя, хулосаи ҳамкорони дигар ва мисли ин муҳим ва зарур аст. Супориш ҳам чизи бад нест, вале агар завқи корманд ва муҳимтар аз ин - донишу хоҳишу таҷрибаи ӯро ба назар мегиред, кор босамар ва натиҷаҳо беҳтар мешаванд.

- Дар “Азия-Плюс” чаро ба “Имкон” бартарӣ додед?

- Эҷодкор, журналисти хуб ва муҳаррир аз дигарон бо он фарқ мекунад, ки қобилияти фикр кардани чизи беҳтарро дорад, метавонад, ҳама чиро осон аз сифр шурӯъ кунад, метавонад дастоварди беҳтар аз гузашта дошта бошад.

Ман инҷо имкон пайдо кардам, ки ҳамин қобилияти худро бисанҷам, талош кунам, ки барои доираи комилан нави шунавандаҳо гуфтори ҷолиб ва услуби фарқкунандаи пешниҳод дошта бошам. Табиист, ки барои расидан ба он ҷойе, ки 20 сол то онҷо роҳ паймуда будед, хеле бояд заҳмат бикашед. Вале маҳз ҳамин вақт шумо рушд мекунед ва лаззати эҷодро дарк мекунед.

Шумо аксаран наметавонед, он ҷизеро, ки дигар кас фикр кардааст, ба ҳадди ӯ омода кунед, мисли он ки фикркардаи шуморо ҳам каси дигар наметавонад ба он сатҳе, ки шумо мехоҳед, таҳия кунад ва ҳам шунавандаи асилу доно каси дигареро дар ҷомаи шумо қабул намекунад ва хуш ҳам надорад...

- Аслан, дар кишвар миёни расонаҳо радио чун як объекти фарҳангӣ ва пахши мусиқӣ шинохта шудааст. Радиои “Азия-Плюс” то куҷо мушкилоти ҷомеаро ба баррасӣ мекашад ва инъикос мекунад? Эҳсос мекунед, ки дар ин самт корро тақвият бояд дод?

- Ба радиои тиҷоратӣ, мусиқӣ ва фароғатӣ аввалтар аз ҳама аз зовияи таваҷҷӯҳ ва нигоҳи як рекламадиҳандаи эҳтимолӣ бояд баҳо дод. Бо таассуф бояд гуфт, ки ҳоло сарпарастон барои дастгирии барномаҳои таҳлилӣ, танқидӣ, фарҳангӣ, интеллектуалӣ, адабӣ ва ҳатто гуфторҳои кӯдакона моил ва ҳавасманд нестанд. Дар ҳоле, ки муҳимтарин натиҷа баъди таҳияи пайвастаи ҳамин гуна гуфторҳои ҷолиби радиоӣ ба даст меояд. Ҳоло мутаасифона ин тавр нест, вале умед аст, ки як рӯз рекламадиҳандагон барои сарпарасти гуфторҳои адабӣ шудан, рақобат хоҳанд карду талоши бештар.

Гуфтани мушкили ҷомеъа муҳим аст, аммо рақобатпазир будан дар миёни радиоҳои дигар, мӯҳтавои ҷолибу қобили қабул ва дардхӯри замон доштан, барои кормандон маоши хубу шароити беҳтар ташкил кардан ва рақобатпазир будан дар ин фазо муҳимтар аст. Ин кореро, ки шумо ба он ишора кардед, бештар ва беҳтар бояд радиоҳое анҷом бидиҳанд, ки маблағгузории доимӣ  ва манбаъҳои устувори даромад доранд.

Дар гуфторҳои радиоии мо, аз ҷумла дар нашрҳои хабарӣ, барномаҳои дигари фароғатӣ ва сӯҳбаҳои мустақим бо меҳмонон ҳам аксаран, дар қатори муаррифии дастовардҳо, мушкилоту ташвишҳое ҳам баррасӣ ва пешниҳод мешаванд.

Радио чун як пайкари зинда даст рӯйи набзи ҷомеа дорад ва наметавонад дар қатори гуфторҳои мусиқӣ ва фароғатӣ ба мушкили рӯзмарраи мардум, ки шунавандаи асосии гуфторҳояш ҳастанд, бефарқ бошад. Баён кардани он ҳанӯз ҳал шудани мушкил ҳам набошад, талоше барои расонаӣ шудану пайдо шудани роҳи ҳал аст.

 


Бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад​​​​​​​

- Бо рӯзноманигорони гуногун, ҳатто саркашу якрав ҳам фаъолият доштеду доред. Боре ҳам нашудааст, ки ғаразҳои шахсиро бо кори эҷодӣ шарик карда бошед ё бошанд?

- Ман ҳамеша ҷонибдори он ҳастам, ки кормандон дар идораҳои эҷодӣ бояд ҳатман назари инфиродии хешро дошта бошанд, ҳаққи худро талаб карда тавонанд, саркашу якрав ҳам ки бошанд, адолатхоҳ бошанд, бахил набошанд. Барои ман дар коргоҳи эҷодӣ муҳимтарин чиз ҳамин аст, ки фазо роҳат бошаду шароит барои навиштану эҷод кардан ва фикр кардан мусоид.

Фикр мекунам, шарт нест, ки тамоми кормандони идора бо ман, ки шояд масъулияти сармуҳаррирӣ дорам, ҳамфикр бошанд, шарт нест, ки ҳама бо тамоми гуфтаҳои ман розӣ шаванд, тамоман шарт нест, ки пешниҳоди инҷониб пурра ва комилан бе тағйиру дигаргуниву мухолифат қабул шавад.

Бовар кунед, шумо як рӯз дарк мекунед, ки ин гуна гурӯҳи эҷодӣ ҳатман пош мехӯрад, шумо аз ин гуна ҳамкороне, ки ягон ибтикору пешниҳоду хаёлбофӣ надоранд, хаста мешавед ва ё онҳоро бо талоши таҳрик додан хаста мекунед.

Дар коргоҳи эҷодӣ агар ғарази шахсӣ доред, агар ба маҳал бартарӣ ва афзалият медиҳед ва ё ба касе ғайри саводу дониш аз рӯйи параметрҳои дигар баҳо медиҳед, ҳатман хато мекунед ва ҷабри онро мекашед. Бо саркашу якрав кор кардан мумкин аст, гузашта аз ин, ин як хосияти аҳли эҷод ҳам ҳаст. Душвор аст бо оне кор кунед, ки асло хатои худро ба дӯш намегирад, эътироф намекунад, гапчину хабаркашу дуруғгӯ, дамдузд ва иззатталабу бениҳоят мағрур аст.

Ман ба ягон кас ягон ғарази шахсӣ надоштам ва надорам, вале ба ин андеша ҳастам, ки агар ҳис кардӣ, ки кадом корманди эҷодӣ барои идораи ту нест, саводи кофӣ ва дониш надорад ва дар зеҳнат фикри ҷавоб додани ӯ пайдо мешавад, ҳатман бояд шартномаву қарордоди кориро бо ӯ қатъ кунӣ. Сад сол пас ҳам ӯро ту ҷавоб хоҳӣ дод. Бо ҷангу даъво, баҳсу баррасӣ ва мисли ин дониши ӯ бештар намешавад. Ҳар қадар пештар ба ҷойи ӯ корманди босаводу донишманду масъулиятшиносеро ба кор ҷалб кунӣ, ҳамон қадар барои ту ва ҳам барои ҳамон идора муфид аст. Ба назар андаке дағалтар мерасад, вале воқеъият ва хулосаи бештар аз ду даҳсолаи кори ман дар ин мавзӯъ ҳамин аст.

 

Субҳон Ҷалилов бо забоншиноси шинохтаи тоҷик Баҳриддин Камолиддинов

Бартарии китобҳои гӯё ва бардоштҳои Субҳон Ҷалилов

- Дар Радиои “Азия-Плюс” хониши китобро ҳам ҷорӣ кардед. Бо кадом тафовуту навигарӣ онро дар ин радио идома медиҳед?

- Дар Радиои “Азия-Плюс” қироати ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно ба охир расид ва ҳамакнун аз маҷмӯаи “Дардҳои гиреҳхӯрда” ба қироати ҳикояҳои нависанда ва драмманависи тоҷик Иноят Насриддин оғоз кардем.

Дар қироати китоб акнун тафовуту навигарии каме ҷорӣ кардан мумкин аст. Инҷо муҳим – интихоби дурусти асар, қироати хуб, мусиқии мувофиқ ва вақту пахши доимӣ аст. Мақсад ин аст, ки ба ин саҳифа мисли он ки ҳоло китобҳои гӯё дар дунё бозоргиру мавриди таваҷҷӯҳанд, таваҷҷӯҳи хосае зоҳир шавад, шунавандаи закӣ имкон пайдо кунад, ки қироати беҳтарин асарҳоро гӯш кунад.

Бартарии китобҳои гӯё ин аст, ки онҳоро осон ва роҳат ба такрор гӯш кардан, боргирӣ ва дар ғунҷоиши дигаре ҳифз кардан ва бо дигарон шарик сохтан мумкин аст. Аз ҳама муҳим ин аст, ки беҳтарин ганҷинаи сухану адаби тоҷикӣ барои насли нави шунавандаҳо муаррифӣ мешавад.

Гуфтори адабӣ дар қатори лаззати хониши китобро доштан, имкон медиҳад, ки мардум забони ноби тоҷикро омӯзад, камбудиҳои забонӣ, нутқ ва талаффӯзи худро ислоҳ кунад. Мақсади мо аз ин гуфторҳо ҷалби сарпараст ва пул кор кардан нест. Ман дар радиое, ки қаблан кор мекардам, бо ташаббуси худам ин гуфторҳоро ҷорӣ карда будаму барои онҳо ягон намуд ҳавасмандиро интизор ҳам набудам...

- Барои худатон китобхонӣ дар радио чиҳо дод?

- Ман беҳтарин намунаи асарҳоро аз адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳонӣ дар ин гуфторҳо қироат кардаам ва мекунам. Аввалтар аз ҳама ҳамон асарҳоеро хондам, ки худам онҳоро нахонда будам. Аз завқи бештар қаблан ман худам онҳоро тадвин мекардам. Ин ҳаловати бештар дошт. Яъне, шумо ҳам дар қатори ровӣ будан, ҳамзамон, як шунавандае ҳастед, ки он асарро бори аввал мехонад ё мешунавад, шумо ҳам баробари қаҳрамони асар гӯё зиндагӣ мекунед, пешгӯйӣ мекунед, ғам мехуред, зиқ мешавед ва шодӣ мекунед...

Буданд асарҳое, ки ман баъди чанд саҳифаи аввали он хастагӣ ва нороҳатиро эҳсос кардаам ва ҳатто идомаашро нахондаам. Аммо зиёд буданд, асарҳое, ки касро хеле ҷазб мекарданд ва бо як бор ворид шудан ба студияи сабт ман то 10-15 қисм мехондам, ки ҳар кадомаш 15 дақиқагӣ буд. Барои худам ҷолиб буд, ки давоми асар чӣ мешавад? Боз кадом ҳодиса рӯх медиҳад? Тақдири қаҳрамон ва ё иштирокчии дигар чӣ мешавад? Ҳамин кунҷкобӣ барои бештар хондани қисмҳои асарҳои беҳтарин, махсусан аз адабиёти ҷаҳонӣ, маро таҳрик медиҳанд.

 


То ва баъди ҳаҷ

- Ахиран ба ҳаҷ ҳам рафтед. Пас аз адои ҳаҷ кадом андешаҳоятон дигар шуд, аз кадом амалҳои худ даст кашидед ва кунун ба Субҳони пешина чӣ назар доред?

- Фикр мекунам, ки тағйири андеша пештар аз рафтанатон ба он макони муқаддас сурат мегирад. Яъне, шумо ҳамон вақте ки дар дилатон орзуи рафтан ба он ҷойи муқаддасро мекунед, аллакай дигар шудаед, дар шумо ҳамон ҷавҳар ё ангеза барои беҳтар шудан аллакай пайдо шудааст. Дигар шудани андешаҳо шояд муҳим бошад, аммо муҳимтар аз ҳама шояд ба инсонӣ наздик шудан бошад.

- Дар омади гап, ба фикри шумо, чаро нигоҳи манфӣ барои адои ин рукни ислом зиёд шудааст?

- Яке аз сабабҳои он шояд ҳамин аст, ки андешаи баъзеҳо на пештар аз рафтан ба он макони муқаддас дигар мешавад, на дар онҷову на баъди баргаштан. Агар Худованд худаш меҳрубонӣ накунад ва муҳаббати дигари тозаву самимиро нисбат ба худатону атрофиёну дигарон ба дилатон ворид насозад, душвор аст, дар миёни чанд соат каси дигар шудан.

Шояд даъвои болоии шумо дарвоқеъ дуруст бошад. Ман ростӣ намедонам сабаби асосии он чӣ аст, вале тахмин мекунам, мисли он ки мардум як чеҳраи на он қадар мақбулашро дар рекламаи ин ё он молу ашё қабул надорад, инҷо ҳам бо ҳама эътиқоду имону муҳаббате, ки чун як мусалмон дорад, ҳузури баъзеҳоро дар ин маконҳои муқаддас ба сахтӣ қабул мекунанд ё аслан он қадар хуш қабул намекунанд. Ва ҳам ман намедонам, ки кадоме аз инҳо хатои бештар мекунанд - оне ки ҳамин мавқеъашро ҳатто бо назардошти ризоияти Офаридгор барои рафтани касе ба хонаи худаш расонаӣ кардааст ва ё ҳамоне ки зиёраташро қадам ба қадам навору сурат мекунад ва дар саҳафоти иҷтимоӣ нашр месозад?

 


То ва баъди модар: зиндагиям ба ду тақсим шуд

- Марги модар қомати шуморо мисле ки шиканонд ва дар ин пай ҳатто ду китоби назм ҳам ба чоп расонидед. Ҳатто бархе ашъори дар сӯги модар навиштаатон аз ҷониби сарояндагон суруда шуд. Мисле, ки баъд аз ин воқеаи талхи рӯзгоратон Субҳони сонӣ шакл гирифт: ё не?

- Барои дилхоҳ шахсе, ки дили бараҳм дораду модар барояш муқаддаму муқаддас аст, зиндагиаш ба ду қисм ҷудо мешавад - то реҳлати модар ва баъди он. Бори аввал буд, ки ман 50 рӯз ба шаҳр наомадам, бори аввал дар бистучанд соли таваққуф буд, ки ман ғами диламро бо рубоиву дубайтӣ иброз мекардам, баъди чанд даҳсолаи дур аз деҳа будан, бори аввал буд, бо ёду хайёли модарам дар кӯчаҳои бе ӯ қадам мезадам, бори аввал буд, ки бо дугонаҳои модарам сӯҳбат мекардам, дар бораи модарам аз онҳо чизе наву ҷолиб мешунидам...

Ҳамон аламҳо, ҳамон гапҳои ногуфта, ҳамон хотираҳо ду китоб дубайтиву рубоӣ ва хотираҳои ширин дар бораи модар ва барои модар шуданд. Ман чанд ҳазор китобро ба хотири шод сохтани арвоҳи модарам чоп кардаву ба мардум тақсим кардам.

- Ба ин саволи “Оча, куҷо шудӣ?” ҷавоб наёфтед ва аламҳои бемодарӣ кам нагардид?

- На ба он савол ҷавоб ёфтаму на дубайтиву рубоӣ як зарра ҳам дарди бемодариро сабук накард...

Эй дар миёни хобу хуморам, куҷо шудӣ?

Ҳам рафтаиву ҳам ба канорам, куҷо шудӣ?

Рӯмоли ту ба чӯби мазорат ду кӯргиреҳ,

Ҳамчун гиреҳи роҳи барорам, куҷо шудӣ?

Эй порсову хубу ҳамида, куҷо шудӣ?

Аз боғи дил ғизоли рамида, куҷо шудӣ?

Дар ҳасрату фироқ дилам об гашту рехт,

Аз новадони боми ду дида, куҷо шудӣ?

 

Модари Субҳон Ҷалилов

Якчанд “Чаро?”-и Субҳон

- Дар 10 соли охир муҳити журналистӣ куллан тағйир ёфт: чаро чунин шуд ва барои ин кадом насли журналистон ба фикри шумо айбдоранд?

- Нисбат ба он ки мо барои расидан то ин ҳолат аз наслҳои пештари журналистӣ гунаҳкор биҷӯем, беҳтар аст, ки дурнамои беҳтару натиҷадортару мақбултареро фикр кунем. Аз ҳар ҳолат ва рӯйдод сабақ гирифтан мумкин аст ва ҳама гуна ҳолатро барои ташхису хулосабарории дуруст истифода кардан мумкин аст.

Агар гап сари журналистикаи радиоӣ биравад, чанд нуктаи муҳим ва мавзӯйи ҳалталабе ҳаст, ки хуб мебуд, агар ба он таваҷҷӯҳи бештар медоштем.

Барои мисол: Чаро новобаста ба шикастагиҳову носуфтагиҳои забонӣ ва нуқт имрӯз ба блогерон таваҷҷӯҳи бештари рекламадиҳандагон равона шудааст? Чаро ҳунармандони интернетӣ ҷойи ҳунармандони касбиро маҳз дар муаррифиҳо тангтар мекунанд? Чаро хатмкардаҳои факултаҳои эҷодӣ зиёду барои кор дар радио пайдо кардани як мутахассиси хуб ба маротиб душвортар мешавад? Чаро кормандони радио аксаран ба саҳифаҳои сода ва сӯҳбатҳо бо кадом ситораҳои дурӯғин авлавият медиҳанд? Чаро таҳлилу танқид кам андар кам аст? Муҳимтар аз ҳама - чаро радио ва гуфторҳои радиоӣ ҳоло мунаққид надорад?

Ин ҳама чароҳо ба назарам саволҳои ҷиддитаре ҳастанд, ки ҷавоб пайдо кардан ба онҳо ногузир ва ҳамзамон осонтар аз пурсиши болоист...

 

Масъулиятшиносии Субҳон

- Дарвоқеъ, забони меъёр дар радиоҳои кишвар то куҷо риоят мешавад ва барои шумо то куҷо меъёри гуфтугӯ аҳамият дорад?

- Фикр намекунам, ки радио воситаи ягонаи омӯзиши забон ё фақат барои панду насиҳат аст. Шахс метавонад бо доштани бунёди луғавии бой ва бо истифодаи забони меъёр беҳтарин намунаи гуфтору барномаҳоеро омода ва пахш кунад, ки барои ҳама фаҳмо бошад ва дар ин баробар на меъёрҳои забониву ахлоқӣ вайрон шаваду на касе худро таҳқиршуда ҳис кунад.

Мушкили асосии аксарияти ровиёни радио - бунёди луғавии хароб ва ба такрор содир кардани ҳамон хатову камӣ дар кору фаъолият аст. Аз ин ҳам бадтар, қабул надоштани ислоҳ, таҳрир ва тавсияи устодону забондонҳои касбӣ аст. Забони адабии гуфтугӯйӣ бо риояи талаботи асосие, ки дар ин самт ҳаст, гуфторҳои мустақимро шуниданӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, эҳтиром ба тамоми гӯйишу лаҳҷаву лаҳни гуфтори мардумони маскуни манотиқи мухталифи кишвар барои ровӣ ва масъули гуфторҳои радиоӣ хеле муҳим, ҳатмӣ ва ногузир аст.


- Шумо намоди ибрат ба журналистони ҷавон ҳисоб меёбед: то куҷо бар худ масъулият эҳсос мекунед?

- Касби мо худаш масъулияти бештар дорад. Радио бояд ҳатман ба мардум дар қатори хабару иттилоъ рӯҳияи болида бубахшад, умедворӣ биёрад, мушкилашро осонтар кунад, минбаре барои гуфтани розу ниёзаш бошад.

Ба назарам, кори эҷодӣ ва эфири мустақим дар радио, боз ҳам дар ҳоле ки мардум ҳар рӯз як гапзану муаллифи блогерову минбардори навро мебинаду мешунавад, хеле душвор мешавад. Акнун истифодабарандаи одии интернет, ки қоидаҳои одитарини таҳияи хабар, санҷиши дурустии он, таҳлили беғараз ва паҳн кардани онро намедонад, бо ҳар гуфтору барномаи радиоӣ қаноатманд намешавад. Ӯ чизи бештар, сухани ногуфтаву ношунида ва ҳатто ҳангомаву овозаро интизор аст. Дар ин миён будан ва ҳамеша ҳарфи тоза ёфтану дар ҷойи даркорӣ онро гуфтан, албатта, масъулияти ҷиддӣ аст.

Аммо дар миёни беҳтарин устодони журналистикаи муосир, агар инҷониб намунаи барои ибрат бошам, мояи сарфарозист...

- Миёни ҷомеаи журналистӣ шумо чун “журналисти серпул” ба назар мерасед: чиҳоро бойигарии рӯзгоратон меҳисобед? Оё бо журналистика шумо ба зиндагии шоиста расидед ё не?

- Донишманде гуфтааст, ки “сарватманд оне нест, ки дороиву пулу моли бештар дорад, балки ҳамонест, ки қаноатпеша аст ва барои хушбахтиҳояш пули камтар даркор мешавад”. Як мошини соли барориши 2008 доштан, агар Мерседес ҳам, ки бошад, ҳанӯз нишони серпулӣ нест. Вале шукр, ки ман барои зиндагии осуда ва бетамаъ, суратҳисоби бонкӣ ҳам ки надошта бошам, ҳама чизи дигарро дорам. Беҳтарин сарвату дороии ман - волидону фарзандони падар ва фарзандони мананд. Баъд пайвандону дӯстони хубе дорам, ки дар ҳама ҳолат канори ман ҳастанд.

Баъзе устодони журналистика мегӯянд, ки аввал шумо зиндагии худро тинҷ кунед, яъне, ҳама чиро ба даст оред ва баъд ба журналистика биёед. Ин ҳам як вариант аст.

Аммо ман ба ин назар ҳастам, ки бойтарин мардум дар ҷомеаи муосир ва боадолат бояд аҳли эҷод бошад. Андеша, идея, хаёлбофии рангин, эҷоди кадом асар, хоҳ бадеӣ бошад, хоҳ мусиқиву назму наср – ҳатман бояд подоши аз ҳама баландтаре дошта бошад. Идея ва андешаи ҷолиб аз тилло ҳам бояд қиматтар бошад.

Радио ҷойи бобаракат аст, агар эҳтироми ин касбро ба ҷо меоред, агар худро пайваста такмил медиҳед, агар барои пешрафт хастагинопазир кӯшиш мекунед, ҳатман радио - журналистика ҳам шуморо ба зиндагии шоиста мерасонад.

 


Аз шеърнависӣ то сурудхонии Субҳон

- Шеърнависиро кай шурӯъ кардед ва аз кай боз гитар менавозеду суруд мехонед? Ҳоло бархе сабтҳои сурудхонии шумо дар дасти журналистон ҳаст, вале чаро онҳоро расонаӣ намекунед?

- Даъвои шоирӣ надорам, вале тарона ва шеъргунаҳоеро аз даврони донишҷӯӣ менавиштам. Хатмкардаи шӯъбаи аккордеони мактаби мусиқӣ (ҳоло мактаби бачагонаи санъати ба номи Дӯстмурод Алӣ) ҳастам. Гитара ва дуторро бошад, каму беш тариқи худомӯзӣ аз худ кардаам. Ин барои расонаҳо не, балки барои пур кардани фазои холӣ дар зиндагӣ аст.  Ҳалқаҳои мусиқӣ ва овозхонии ғайрикасбӣ ҳам ҳоло рушд мекунанд ва ин албатта хуб аст. Намунаи онро дар интернет ва дар маҳфилҳои дӯстон дидан мумкин аст. Мусиқӣ қобилияти муттаҳидкунӣ ва афзудани меҳрубониро дорад. Будани ин ё он асбоби мусиқӣ дар хона ҳам ҳатман ба рӯҳу равони тифлон дар он хона таъсири хуб мерасонад.

- Дар бораи адами мунаққиди радио дар боло нигаронӣ кардед. Интиқодро чӣ гуна мепазиред?

- Агар мутахасис ва мунаққиди касбиву босавод бодалелу беғаразро нақд кунад, самимона қабул мекунам ва ҳатто хурсанд мешавам.  Афсӯс, ки ҳоло ҳатто устодони варзидаву забондон ва донишманди мо ҳам нисбат ба насли ҷавони радиожурналист аксаран бефарқанд. Хеле кам мебинем, ки дар кадом саҳифаи газета ва ё интернет чизе қобили мулоҳиза, бо далел ва ҷолиб дар ин мавзӯъ нашр шавад.

Маҳз ҳамин бефарқӣ боиси он шудааст, ки дилхоҳ ровии камсавод ҳам доираи мухлисони худро пайдо карда, баъди чанд эфираш “ситора” мешавад. Ман аз ҳамаи он устодон ва мухлисони радио, ки як замон барои ислоҳи мо моҳҳо радиоро гӯш кардаву саҳифа-саҳифа мавод менавиштанд, танқид мекарданд, варианти дурустро пешниҳод мекарданд, миннатдорам ва изҳори сипос мекунам. Ду халта аз ҳамон газетаҳоро, ки дар бештари он ман ва барномаи саҳарии маро танқид шуда буданд, то дина рӯз куҷое дар деҳа нигоҳ медоштам. Ба назарам, кадом рӯз ҳолате фаро мерасад, ки мо пул медиҳем, то гуфторҳои радиоии моро гӯш кардаву танқид кунанд, то мо ислоҳ шавем...

 


Агар дурӯғ нагӯям...​​​​​​​

- Оё метавонед, ки тарки қалам кунед?

- Дурӯғ мешавад, агар гӯям, ки наметавонам. Вале ҳамеша фикр мекунам, ки ҷой ва илҳом барои навиштани ду даҳан гапи нав, ду байти тоза ва ё як ҳикоячаи хурдакак пайдо мешавад. Дар омади гап, бояд гӯям, ки дар як соли камкорӣ ман ба ҳаҷми як китобчаи хурд ҳикоя ва эссеҳои озод ҳам навиштам. Хостам, як самти навтареро барои худам таҷриба кунам. Хулосаи чанд устоду муҳарриру донандаи ин касбро ҳам гирифтам ва насиб бошад, албатта, ягон вақт онро ба дасти чоп медиҳам.

- Аз худ ва корномаатон розиед?

- Мисли он ки шоирон беҳтарин мисраъҳои худро ногуфта мерафтаанд, тахмин мекунам, ки радиожурналистон ҳам шояд беҳтарин гуфтори худро сабт нокарда мераванд. Аз қисмату тақдир розӣ ҳастам, ҳамеша бо доштаву надоштаҳо шукр мекунам. Худо кунад, ки аввалтар аз ҳама Офаридгори бузург  ва баъд ҳамаи онҳое, ки дар кадом нақш ва рисолате дар тӯли ин 47 соли умр бо мо рӯбарӯ омаданд, аз мо розӣ будаву ҳазор кӯтаҳӣ ва ҷурми моро бахшида бошанд...

Ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" журналисти хушном ва ровии шинохта, ҳампеша ва ҳамкори гиромӣ Субҳон Ҷалиловро ба ҷашни мавлудаш самимона таҳният гуфта, ба мавсуф сарбаландӣ ва саодатмандиро таманно мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.