Тарс, шубҳа ва саволҳои бешумор... Эҳсосу андешае, ки аксари сокинони шаҳри Конибодомро ин шабурӯз фаро гирифтааст. Дар ин шаҳр аз моҳи марти соли 2024 то имрӯз 23 узви 7 оила кушта пайдо гардид. Як муддат навори гаштугузори шахсони ниқобпӯш ҳам расонаӣ шуд ва миёни мардум таҳлука барангехт.
Чанд рӯз пеш Додситонии кулли кишвар иттилоъ дод, ки 4 гумонзади ин кушторҳоро боздошт кардааст ва ин ҷиноятҳо кушода шудааст. Пештар аз ин ду нафари дигар дар робита ба ин кушторҳо муттаҳам дониста шуда, равонаи зиндон гардиданд: яке ба 20 сол, дигаре барои як умр.
Аммо бо ин ҳам дар шаҳр фазои тарс ҳукмфармост. Сокинон дару тирезаи худро оҳанпеч мекунанд, касе имкон дорад шаҳрро ба қасди хонаи пайвандон аз дигар навоҳӣ, тарк мекунад. Баъзе аз сокинони деҳаҳое, ки ин шаҳр мегӯянд, зиндагии муваққатӣ дар хонаи пайвандон аз манотиқи дигарро кормандони мақомот ҳам тавсия додаанд. Теъдоде аз мардҳои шаҳр бошад, шабҳо дар кӯчаҳо навбатдорӣ мекунанд.
Рӯзи 23-юми декабр хабарнигори “Азия-Плюс” ба ин шаҳр рафт ва бо сокинони он, аз ҷумла онҳое, ки шабҳо гулхан афрӯхтаву дар деҳаҳо навбатдорӣ мекунанд, сӯҳбат намуд.
Онҳо чӣ гуфтанд ва чаро баъди боздошти 4 гумонбар боз ҳам эҳсоси хатар мекунанд?
“Кӣ наметарсад? Аммо ин вазифаи мост!”
Кӯчаи ба номи Мансур Абдуллоев, ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом. Яке аз боздоштшудагон - Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола маҳз дар ин кӯча мезист.
Офтоб кайҳо ғуруб кардаву торикӣ фаро мерасад. Дар кӯча на фақат одамони бегона, балки сокинони деҳаро ҳам дидан душвор аст. Гӯё дар ин кӯчаҳо касе зиндагӣ намекунад.
Мо ҳам бо ин кӯчаи торик ва бо эҳсоси тарс қадам мешанем. Баъди чанде рӯшноӣ ва дар атрофи он одамон намудор мешавад. Вақте наздик мешавем, чандин мардеро мебинем, ки дар атрофи гулхан аз сардӣ паноҳ бурда, навбатдорӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, “навбатдорӣ ба хотири пешгирӣ аз вуруди одамони шубҳанок ва бегона ба деҳа”.
Мушоҳида мекунем, ки ба онҳо сокинон хӯрок мебаранд. Яке аз мардони навбатдор мегӯяд, “баъзан худамон хӯрок мепазем”.
Аммо аксари онҳо аз суҳбати муфассал худдорӣ мекунанд. Махсусан дар рӯбарӯи дурбин касе намехоҳад ҳарф занад. Ба саволҳои мо ҳам бо эҳтиёт ва кӯтоҳ посух медиҳанд.
Эҳсос мешавад, ки онҳо ба ҳама бо шубҳа нигоҳ мекунанд ва бо назардошти кушторҳои зиёд дар даҳ моҳи охир ин шеваи муносибатро дарк кардан мумкин аст.
Вале ба ҳар сурат, мо талош кардем ба онҳо чанд савол диҳем ва посухи кӯтоҳ ҳам бошод, гирем.
Аз онҳо мепурсем, ки чаро баъди изҳороти мақомоти кишвар оид ба кушода шудани ҷиноятҳо ва боздошти гумонбарон, боз ҳам навбатдорӣ мекунанд.
“Шояд теъдоди ҷинояткорон бештар бошад. Шояд ҳаммаслакони боздоштгардидаҳо дар озодӣ бошанд ва нақшаи ҷиноятии худро идома диҳанд. Зеро вақте чанд моҳ пеш ду нафарро бо иттиҳоми кушторҳо боздошту зиндонӣ карданд, фикр кардем, ки ҷинояткорон ҷазо гирифтанд, аммо дар ҳамин моҳ 10 нафар аз се оила кушта шуданд. Яъне он замон ҳамаи ҷинояткорон боздошт нашуда будаанд ва бепарвогии мо ҳам барвақт будааст”, - мегӯяд яке аз мардони деҳа, ки навбатдорӣ мекунад.
Аз онҳо мепурсем, ки оё худ ҳарос надоранд. Яке аз мардҳо кӯтоҳ мегӯяд, ки “баъди ин қадар кушторҳо ҳама дар ҳарос аст, аммо ин вазифаи мо мардҳо, ки дар ҳар ҳолат оилаи худро муҳофизат кунем”.
Нафари дигар бо садои хаста илова мекунад, ки “душвор аст, рӯз кор мекунем, шаб навбатдорӣ мекунем. Хаста мешаваем, аммо ҳоло ин кор зарур аст”.
Чандеи дигар таъкид мекунанд, ки дар пайи кушторҳои пурасрор ва вазъи ваҳмангез, ба муҳоҷирати корӣ ҳам нарафтаанд ва мардикорӣ, аммо ҳифзи оилаи худро афзал донистаанд.
Бо ҳамин суҳбати кӯтоҳи мо дар ин деҳа ба поён мерасад ва эҳсос мекунем, ки мардҳо мехоҳанд ба назорати деҳа бештар таваҷҷуҳ кунанд, на ба посух ба саволҳои мо.
“Ин ҳама даҳшатнок аст”
Кӯчаҳои деҳаи Санҷидзор ҳам мисли деҳаи пештар рафтаи мо камодам ва фазои он тарсолуд аст. Шаби 28 ба 29-уми май дар ин деҳа шаш узви ду оила кушта пайдо шуданд. Як оилаи кушташуда тоҷикон, оилаи дигар қирғизҳо мебошанд. Ва дар ин кушторҳо посбони 42-солаи мактаби деҳа Марат Сатторов айбдор шуда, додгоҳ ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Яке аз чор гумонбари ахиран дастгиршуда - Равшанов Бахтиёри 36-сола ҳам аз ин деҳа аст.
“Чанд ҳамдеҳаи маро куштанд. Бар замми ин, додгоҳ як ҳамдеҳаи худамонро қотил донист. Ин ҳам кам набуд, ки боз як ҳамдеҳаи моро ба кушторҳо гумонбар карда, боздошт намудааст. Барои як деҳаи хурдакаки мо ин ҳама даҳшатнок аст”, - мегӯяд як пирамарди қирғизи деҳа, ки барои чанд дақиқа аз роҳи худ бозистод ва бо мо сӯҳбат кард.
Ӯ гуфт, ки баъди ин ҳама кушторҳо теъдоде аз сокинони деҳа ба хонаи пайвандонашон аз дигар навоҳӣ рафтаанд. Як қисме, ки ҷойе барои рафтан надоштанд, мисли мардони деҳаҳои дигар, шабҳо гулхан афрӯхта, навбатдорӣ мекунанд.
Дар ин деҳа ҳам касе намехоҳад бо журналист сӯҳбат кунад. Як роҳгузар кӯтоҳ, гуфт, ки “ба мо гуфтанд, ки бо журналистон гап назанед”. Аммо кӣ гуфт ва барои чӣ, шарҳ намедиҳад ва зуд ба роҳи худ идома медиҳад.
Дар деҳаи Шӯробқалъа танҳо як зан бо сӯҳбат кард ва гуфт, “мақомот ба мо тавсия доданд, ки то ёфт ва боздошт шудани ҷинояткорон ба ҷойи амн, аз ҷумла хонаи хешу табор дар дигар навоҳӣ зиндагӣ кунед”.
Дар ин деҳа шаби 8 ба 9-уми декабр ҷасади 6 узви як оила – зану шавҳар ва 4 фарзандашон дарёфт шуд.
Умеди ягона
Дар деҳаҳои куштор рухдодаи Конибодом, ки сафар кардем, фазои яъсу ноумедиро мушоҳида кардем. Сокинони ин деҳаҳо дар ҳаросанд, ба даҳшат афтодаанд. Чунин кушторҳои пайиҳам ва даҳшатнокро касе аз онҳо дар ёд надорад.
Аз сӯҳбат бо сокинони камшуморе, ки дар ин деҳаҳо бо мо сӯҳбат карданд, эҳсос метавон кард, ки онҳо интизори хабари муътамади боздошти қотилони воқеӣ мебошанд.
Онҳо мегӯянд, ҳарчанд Додситони кул аз боздошти гумонбарон ва ошкор шудани ҷиноятҳо иттилоъ дод, аммо эҳсоси хатар ва шубҳа то ҳол онҳоро тарк накардааст. Шояд ин аз он бошад, ки баъди боздошти ду нафар ва зиндонӣ кардани онҳо, кушторҳо идома ёфт.
Дар баробари ин, ҳузури кормандони тамоми мақомоти дахлдор ва таъкиди Додситонии кулл оид ба “зери назорати роҳбарияти давлат қарор доштани тафтиши ин ҳодисаҳо” ба онҳо умед бахшидааст, ки сарриштаи ин ҳама кушторҳо пайдо мегардад ва қотилон пайдову ҷазо дода мешаванд.
Дар бораи хроникаи кушторҳо дар Конибодом, гумонбарони боздоштшуда ва андешаи пайвандони онҳо, иттилои расмии мақомот дар матлаби “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” мутолиа кунед.
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста