Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки ҷиҳати ошкор кардани коррупсионерҳо дар сафҳои милитсия кумак кунанд.
Дар эълони интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД дар ин робита қайд мешавад, ки ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия шаҳрвандон метавонанд ба воситаи «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 занг зада дар ин бора хабар диҳанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, шаҳрвандони тариқи шабакаҳои иҷтимоии Вибер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) низ метавонанд бо Вазорат дар тамос шуда, ҳолатҳои мазкурро пешгирӣ намоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби Вазорат махфият кафолат дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кард, ки нисбат ба кори чор вазорату кумитаҳои кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ изҳори назар кунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.