Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони "Агроинвестбонк", ки соли 2022 боздошта шуда буд, дубора мавриди тафтиш қарор дода шудааст. Дар ин бора дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ахир иттилоъ доданд.
Ин парванда қариб 5 сол пеш боз шуда, дар доираи он Муродалӣ Алимардон, роҳбари “Агроинвестбон” ва раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, додари ӯ ва чанд корманди ин бонк бозпурсиву баъзеи онҳо боздошту муҷозот ҳам шуда буданд.
Бо гузашти қариб 3 сол аз боздоштани тафтиши ин парванда, Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, гуфт, айни замон парвандаи ҷиноятӣ дубора мавриди тафтиш қарор дода шудааст.
“Парванда бинобар аз тафтишот пинҳон шудани баъзе гумонбарон боздошта шуда буд. Ҳоло онҳо пайдо шудаанд, тафтишоти пешакӣ барои пурра барқарор кардани маблағи боқимондаи зарар дубора оғоз карда шуд ва рӯзҳои наздик маблағ пурра барқарор шуда, қарори ниҳоӣ қабул мегардад”, - гуфт Низомзода.
Аммо дар Оҷонсӣ бо баҳонаи зиёд будани теъдоди боздоштшудагон аз ошкор кардани ҳуввият ё мақоми аз боздошт пинҳоншудагон худдорӣ карданд.

Бояд гуфт, парвандаи “Агроинвестбонк” ҳанӯз соли 2019 оғоз шуда буд ва дар пайванд ба он кормандону роҳбарони бонк дастгиру бозпурсӣ гардиданд. Соли 2021 дар пайванд ба ин парванда Парда Алимардонов, раиси ширкати “Баракат”, ки бародари Муродалӣ Алимардонов, роҳбари ин бонк буд, барои тасарруфи зиёда аз 90 млн сомонӣ дастгир шуда, пас аз баргардони маблағ озод гардид.
Ҳамчунин дар доираи қазияи "Агроинвестбонк" раиси пешини ин бонк Фаррух Тағоймуродов ҳам боздошт шуда буд, ки ба додани бештар аз 37 миллион сомонӣ қарзи ғайриқонунӣ гунаҳкор мешуд. Тағоймуродов соли 2021 баъди баргардонидани ин маблағ аз маҳбас озод шуда буд.
Пештар аз ин, соли 2019 Оҷонсии зидди фасод хабар дода буд, ки Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"-ро ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.
Муродалӣ Алимардонов дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфта буд, дар баробари ширкати "Баракат" масъулини ширкатҳои "Хима", "Холдинги ганҷ", "Хуҷанд инвест котон" ва “Котон текстайл" низ дар истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои қарзии "Агроинвестбонк" даст доранд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста