ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 ФЕВРАЛ

Соли 2001 – Дар парлумони Тоҷикистон ду гурӯҳи вакилони мардумӣ сабти ном гардиданд: фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва гурӯҳи “Ваколатдори мардум”.

Соли 2007 – байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар бораи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Нерӯгоҳи барқӣ-обии "Вахш" то "Шерхон-Бандар", воқеъ дар марзи Афғонистон созишнома ба имзо расид..

Соли 2018 – Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои “Ғаюр” таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

Соли 2018 – Аввалин луғати онлайнии тоҷикӣ бо номи “Вожаҷӯ” дар шабакаи интернет тавассути суроғаи vazhaju.com дастрас гардид. Ин ваҷанома бо мақсади фароҳам овардани имконияти ҷустуҷӯ ва омӯзиши вожаҳои забони тоҷикӣ барои доираи васеи истифодабарандагон таҳия шудааст.

Cоли 2018 – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Тоҷикистон” ба имзо расид.

Соли 2019 – Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Ба Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноии беш аз 30 иштирокчии ошӯб дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти №3/3-и шаҳри Хуҷанд ирсол шуд, ки сири “маҳфӣ” дошт.

Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018, дар ин муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯби хунине рух дод, ки дар натиҷаи он, 25 нафар, аз ҷумла ду корманди маҳбас ба ҳалокат расиданд. Мақомоти расмӣ ин ҳодисаро ба аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” нисбат доданд. Пас аз таҳқиқоти муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятии беш аз 30 нафар иштирокчии ин ошӯб бо нишони “махфӣ” ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол гардид.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид намуд, ки фарзандони аъзои ҳукумат бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1945 – Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, тарҷумон, мунаққид, ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 29-солагӣ дар яке аз муҳорибаҳои Ҷанги Бзурги Ватанӣ (ҶБВ) дар назди Полша ба ҳалокат расид.

Ҳабиб Юсуфӣ

Ӯ 14 феврали соли 1916 дар Самарқанд таваллуд шуда, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт машғул гардид. Ӯ соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафта, 22 феврали соли 1945 дар деҳаи Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шуд.

Вай бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандустиро инъикос кардан имкон дорад.

Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Аз ҳавою обу замин”, “Интиқом” “Ишқи Ватан”, “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд.

Соли 1951 – Мавлуди Исмоил Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Исмоил Назрӣ

Исмоил Назрӣ, овозхон ва оҳангсози тоҷик фарзанди Абдуллоҳ Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ буда, соли 1951 дар Дарвоз ба дунё омадааст.

Ӯ барои таронаҳояш асосан аз осори классикон суруд интихоб мекард ва пайрави равия, усул ва мактаби падараш Абдулло Назриев мебошад. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар соли 2004 ӯ дар ин ҷо ба сифати устоди кафедраи овозхонии анъанавӣ фаъолияташро шурӯъ намуд.

Соли 1952 – Зодрӯзи Ҷумъабой Сангинов, пизишк, доктори илмҳои тибб, профессор.

Соли 1967 – Зодрӯзи Марат Мамадшоев, яке аз рӯзноманигорони шинохта ва аз муҳаррирони варзидаи Тоҷикистон.

Марат Мамадшоев

Ӯ солҳо дар Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс" аввал ба ҳайи рӯзноманигор ва солҳои дароз ба сифати муҳаррир ва сармуҳаррир кор кардааст. Ӯ яке аз рӯзноманигорони шинохта ва муҳаррирони варзидаи Тоҷикистон аст. Ҳоло ӯ дар IWPR дар Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир кор мекунад. 

Соли 2011 – Сафармуҳаммад Аюбӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, драманавис дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

Сафармуҳаммад Аюбӣ

Ӯ асосан бо эҷоди асарҳои саҳнавӣ дар адабиёти тоҷик номи худро сабт кардааст. Аюбӣ муаллифи беш аз 200 асари саҳнавӣ буда, беш аз 40 адади онҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он саҳнагузорӣ карда шудаанд. Инчунин аз рӯйи драмаи “Алии сонӣ”-и ӯ филми телевизионӣ иборат аз чаҳор қисм пешкаши бинандагон шуда, аз рӯи филмномаҳояш зиёда аз даҳ филми телевизионии дигар таҳия шудаанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 22-юми феврал дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи дастгирии қурбониёни ҷиноятҳо таҷлил мешавад, ки он ғайрирасмӣ буда, бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба одамони аз амалҳои ҷиноятӣ зарардида таҷлил карда  мешавад. Имрӯз, дар ҷаҳон бештар аз 200 барнома барои кӯмак ба қурбониёни ҷиноятҳо фаъолият мекунад.


Ҳамчунин, 22 феврал дар ИМА Рӯзи таваллуди Ҷорҷ Вашингтон – аввалин президенти ИМА ва яке аз “падарон-асосгузорон”-и кишвар таҷлил мешавад. Ҷорҷ Вашингтон 22 феврали соли 1732 таваллуд шудааст ва дар истиқлолияти Амрико, таъсиси ҳукумати федералӣ ва рушди ибтидоии кишвар нақши калидӣ доштааст.

То соли 1971, 22 феврал дар ИМА ҳамчун “Рӯзи Вашингтон” (Washington's Birthday) ҷашн гирифта мешуд ва баъд он ба таври ғайрирасмӣ “Рӯзи президентҳо” (Presidents' Day) номгузорӣ шуд, гарчанде ки тибқи қонун номи расмии он ҳамоно “Рӯзи Вашингтон” боқӣ монд.

Ҷорҷ Вашингтон

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5º сард то 0+5º, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо  то 3+8º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, рӯзона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 4+6 гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм,  рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3-5º хунук, рӯзона 3+5º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.