Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 28 ноябр ҳамоиши Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардида, дар кори он сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмон иштирок карданд.
Дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии (СААД) дар Остона президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки қабули қарорҳое, ки ба таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои узви Созмон мусоидат мекунанд, хеле муҳим аст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таъсири манфии шиддатёбии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои аъзои СААД ҷалб намуд.
“Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем”, - изҳор дошт ӯ.
Гуфта мешавад, дар идома Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ аз тасмим дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки дастгирии Барномаи таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон хеле муҳим аст.
Дар поёни ҷаласа сарони давлатҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро ба имзо расониданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати ояндаи Қирғизистон дар СААД хоҳони барору комёбӣ шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба кори муштараки босамар бо кишвари ҳамсоя омода аст ва ҷиҳати иҷрои нақшаҳои барои давраи раёсат муайяншуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ, инчунин рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарони давлатҳо доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмон, робитаҳо бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.
Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2025 раёсат дар СААД ба дӯши Қирғизистон вогузор шуда, ҷласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷъии Созмон дар семоҳаи чоруми соли 2025 дар Бишкек баргузор мешавад.