Дирӯз, 7-уми январ Диловар Пирзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуд. Ӯ то ин дам муовини аввали раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон буд. Пирзода дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба “Азия-Плюс” аз нақшаву ҳадафҳои ояндааш гуфт.
“Рушди шаҳри Кӯлоб ва хидмат ба халқ”
Диловар Пирзода, ки дар ин вазифа Бахтиёр Назарзодаро иваз кард, имрӯз, 8-уми январ, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар давраи роҳбариаш пеш аз ҳама барои рушди шаҳри Кӯлоб, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни истиқлол ва идомаи бунёди иншооти гуногун кӯшиш мекунад.
“Бо мардуми шаҳр, соҳибкорон ва роҳбарон вохӯриҳо баргузор карда, барои ҳалли мушкилоти мардум чораҷӯӣ мекунем. Он мушкилоте, ки мавҷуданд, аз ҷониби корхонаву ниҳодҳои дахлдор фавран бартараф карда мешаванд. Ба мардум наздик будан ва бо соҳибкорон дар якҷоягӣ кор кардан ба манфиати кор мебошад”, - гуфт Пирзода.
Ӯ дар хусуси ҷобаҷогузории кадрҳо кӯтоҳ гуфт, ки “алҳол бо мутахасисоне, ки дар сатҳи роҳбарият фаъолият доранд, кор мекунем”.
Диловар Пирзода кист?
Диловар Пирзода 44-сола ва хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳо дар “Тоҷикзаминсоз” ба ҳайси иқтисодчии шуъбаи замин, сардори шуъба ва муҳандиси заминсози дараҷаи 2-юм кор кардааст.
Солҳо дар мақоми раиси Кумитаи идораи замини ноҳияҳои Восеъ, Мир сайид Алии Ҳамадонӣ ва минтақаи Кӯлоб фаъолият кардааст.
Диловар Пирзода давоми солҳои 2022–2024 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон кор карда, аз моҳи майи соли 2024 то таъин шудан ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб ҳамчун муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон адои вазифа мекард.
Бояд гуфт, ки дирӯз, 7-уми январ бо фармони раисҷумҳур, Бахтиёр Назарзода, ки аз соли 2021 раиси шаҳри Кӯлоб буд, аз вазифа озод шуд. Сабаби барканории Назарзода аз ин мақом маълум нест.
Дар баробари ин раисони 8 шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва ду муовини раиси вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуданд, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста