Дирӯз, 7-уми январ як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як ҳавопаймои ширкати “Ютэйр”, ки аз Маскав ва Тюмен ба Хуҷанд парвоз мекарданд, дар пайи номусоидии ҳаво ва фаромадани тормеғ ё тумани ғафс натавонистанд дар фурудгоҳи ин шаҳр фуруд оянд ва маҷбур шуданд ба фурудгоҳи Душанбе ва Самарқанд рафта, нишинанд.
Бо тасдиқи ин иттилоъ, аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дирӯз, дар пайи вазиши шамолу фаромадани тормеғи ғализ бархе ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба имрӯз, 8-уми январ мавқуф гузоштаанд.
“Ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Сомон Эйр” (хатсайри 276), ки аз Маскав парвоз мекард, бояд соати 10:30 дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд меомад. Вале бар асари тумани ғализ фуруд омада натавонист ва баъди 4-5 кӯшиши бебарор ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе рафта, нишаст”, - гуфт намояндаи фурудгоҳ.

Манбаъ илова кард, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ютэйр”, ки дар масири Тюмен - Хуҷанд парвоз мекард, бояд соати 12:00 рӯзи 7-уми январ дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд меомад, бинобар номусоидии ҳаво дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд нишастааст.
“Дигар хатсайрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург парвозро ба рӯзи 8-уми январ гузоштанд. Қарор аст, имрӯз ин парвозҳо анҷом шаванд”,-афзуд манбаъ.
Бори аввал нест, ки фаромадани тормеғ боиси қатъи парвозҳо ё ивази хатсайри ҳавопаймоҳо дар кишвар мешавад. Тормеғ аз шоми 22-юми декабр то субҳи 23-юми декабр ҳам боиси ба таъхир афтодани чанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шуда буд.
Он замон гуфта мешуд, ки ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки аз Санкт-Петербург меомад, мебоист дар фурудгоҳи Душанбе фуруд ояд, вале аз сабаби тормеғ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст.
Бояд гуфт, тибқи маълумоти пешакии Оҷонии ҳавошиносӣ дар қисми зиёди минтақаҳои Тоҷикистон дар моҳи январ ҳаво нисбатан гарм мешавад. Дар вилояти Суғд дар нимаи аввали моҳ эҳтимоли боришот кам буда, суръати вазидани шамол баъзан то 17-22 м/сония пурзӯр шуда, фаромадани туман ё тормеғ дар назар аст.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста