Фаромадани тормеғ ё тумани ғафс, ки аз шоми 22-юми декабр то субҳи имрӯз, 23-юми декабр давом кард, боиси ба таъхир афтодани чанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанебе шудааст.
Бар асоси лавҳаи онлайнии фурудгоҳи Душанбе аз ҷумла парвозҳо ба самти Маскав, Дубай, Екатеринбург, Олмотӣ ва баръакс аз соати 12-и шаби 22 ба 23-юми декабр ба таъхир афтодааст. Ҳамчунин, дар бало зикр шудааст, ки паврозҳо ба Истанбул ва Самар ҳам ки имрӯз баъди зуҳр бояд парвоз кунад, ба таъхир афтодааст.
Ҳамчунин, Радиои Озодӣ менависад, ки парвоз ба шаҳри Хоруғ, ки тибқи ҷадвали фурудгоҳ имрӯз, соати 12:20 ба нақша гирифта шуда буд, низ лағв шудааст.
Ҳоло маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода барқарор шудаанд ё не. Аз фурудгоҳ то ҳол шаҳр надоданд.
Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфта буд, ки то 24-уми декабр дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон фаромадани тормеғ (туман)-у тарма, яхбандии роҳҳо ва яхшабнам пешгӯӣ мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, шабона ва саҳаргоҳон бадшавии дурии биниш то 100-300 метр дар назар буда, ин ҳодисаҳои табиӣ метавонанд ба мушкил шудани ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо ва афзоиши хатари садамаҳои нақлиётӣ оварда расонанд.
Ҳавошиносон, ҳамчунин, гуфтаанд, ки рӯзҳои 23 ва 24-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб ва баъзе минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Оҷонсии ҳавошиносии кишвар, ба ронандагон тавсия додааст, ки меъёри суръати ҳаракатро риоя карда, масофаи байни мошинҳоро зиёд ва аз чароғҳои наздик истифода кунанд. Ин ниҳод ба пиёдагардон маслиҳат додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои яхбандии роҳ эҳтиёткор бошанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста