Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 1 декабр Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро маъқул шуморид.
Зимни шарҳи муҳтавои Стратегия назди вакилон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода қайд кард, ки санади мазкур ба таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳамчунин раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ нигаронида шудааст.
Вазир таъкид намуд, ки барои амалисозии вазифаҳои Стратегия ҷалби 118,1 млрд. доллари ИМА маблағ дар назар аст. «Дар доираи татбиқи Стратегия барномаҳои соҳавии ба ислоҳоти соҳаҳои маорифу илм, ҳифзи иҷтимоӣ, амният, демография, омодасозии кадрдҳои соҳибтаҷриба равонагардида қабул мешаванд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин санад ду баробар кам шудани сатҳи камбизоатӣ (соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 31% арзёбӣ шуд) пешбинӣ гардида, аз 22%-и ҳозира то 50% боло бурдани ҳиссаи шаҳрвандон бо даромади миёна ба нақша гирифта шудааст.
Неъматулло Ҳикматуллозода илова намуд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва пурраи нишондиҳандаҳои Стратегия Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо бархӯрдор аст.
Ёдрас мекунем, ки 30 сентябри соли равон Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуда, ин санадро вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби коршиносон таҳия карданд.