Пастшавии эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон идома дошта, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба 148,8 банд расид. Дар моҳи сентябр ин нишондиҳанда 149,6 бандро ташкил медод. Дар ин бора дар таҳқиқоти ҳармоҳаи макроиқтисодии Freedom Finance Global маълумот дода мешавад.
Коҳиши эътимод асосан ба бадшавии шароит барои харидҳои калон вобаста аст, ки ба пасттарин сатҳи панҷмоҳа расидааст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар сатҳи эътимоди истеъмолкунандагон дар Осиёи Марказӣ пешсаф боқӣ монда, дар дигар соҳаҳо хушбинӣ (оптимизм)-и умумии муътадил ба мушоҳида мерасад.
Камшавии харидҳои калон
Камшавии зиёдтарин дар шароит барои харидҳои калон арзёбӣ мешавад. Нишондиҳанда 13,4 банд поин рафта, ба 81,7 расидааст. Танҳо 40% пурсидашудагон шароитро мусоид медонанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи сентябр 5,6% камтар аст.
Поинравӣ тамоми гурӯҳҳои синнусолиро фаро гирифтааст, бахусус шахсони синнашон аз 60 боло ва дар доираи 30 то 44-сола. Ягона гурӯҳе, ки дар он хушбинӣ боқӣ мемонад, ҷавонони то 29-сола мебошанд. Дар ин гурӯҳ 44,9% вазъиятро мусбат арзёбӣ кардаанд.
Эътимод ба иқтисод зиёд мешавад
Сарфи назар аз камшавии харидҳои калон, арзёбии вазъи иқтисодӣ беҳтар шудааст: хушбинӣ нисбати иқтисод аз 168,8 то ба 173,6 банд боло рафтааст, ки дуюмин нишондиҳандаи баландтарин дар соли 2024 мебошад. 85% пурсидашудагон бо рӯҳияи хушбинона назар додаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи сентябр 4,2% бештар аст.
Пурсидашудагони синнашон аз 30 то 44-сола назари зиёдтарини хушбинонаро нишон дода, 90,5%-и насли калонсол низ ба иқтисод сатҳи баланди эътимод доранд.
Поинравии интизориҳо аз таваррум
Моҳи октябр боиси беҳтар шудани назари мардум ба таваррум гардид: ҳиссаи пурсидашудагон, ки болоравии назарраси нархҳоро зикр карданд, аз 27,3% то ба 23,9% кам шудааст. Дар фосилаи 12 моҳи оянда, интизориҳои болоравии нархҳо аз 31,2% то ба 26,6% коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, нигаронӣ аз болоравии нарх ба маҳсулоти асосӣ, аз қабили гӯшту равған ва орд боқӣ мондааст: ҳиссаи онҳое, ки афзоиши нархи гӯштро зикр кардаанд, ба 58,1% расидааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар панҷ моҳи охир аст.
Интизориҳо аз беқурбшавии пул устувор боқӣ мемонанд
Тақрибан 18,7% пурсидашудагон интизоранд, ки сомонӣ дар моҳи наздик заиф мешавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи сентябр 2,9% бештар аст. Дар сатҳи солона интизориҳо аз 24,5% то ба 23,1% поин рафтаанд. Дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя, қурби сомонӣ устувор боқӣ монда, интизориҳои манфиро аз беқурбшавии пул нигоҳ медорад.
Бо вуҷуди ин, сокинони Тоҷикистон ба иқтисод эътимод доранд, ҳарчанд таваррум ва беқурбшавии пул ҳанӯз ҳам аз нигарониҳои асосӣ маҳсуб мешаванд.
Вазъ дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?
Дар Қазоқистон шохис (индекс)-и эътимод пайдарпай давоми ду моҳ боло рафта, ба 104,5 банд расидааст, ҳарчанд интизориҳо аз беқурбшавии пул боло мераванд — беш аз 59% пурсидашудагон поинравии қурби тангаро пешбинӣ мекунанд.
Дар Ӯзбекистон сатҳи эътимоди истеъмолкунандагон то 132,5 банд боло рафта, аммо интизориҳо аз таваррум муътадил боқӣ мондаанд.
Дар Қирғизистон, сатҳи эътимод то 137,2 банд поин рафта, сокинон аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ нигаронанд.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста