ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲО БАРОИ 2 АПРЕЛ
- Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то 9 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.
Фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир гардида, зимни он намоиши китобҳои бачагона, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ва суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 АПРЕЛ
Соли 1935 – Дар Душанбе аввалин бинои сирки тоҷик кушода шуд. Қаблан соли 1929 аввалин гурӯҳи сиркии тоҷик таъсис ёфта буд, вале бинои доимии худро надоштанд. Соли 1935 бинои сирк сохта шуд ва гурӯҳи сиркӣ имкони намоиши доимӣ пайдо карданд.
Соли 1996 – Аввалини бюллетени иттилоотӣ-таҳлилии агентии “Asia-Plus” ба нашр расид. Ин сана рӯзи таъсиси гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus ҳисобида мешавад ва имрӯз он 29-сола шуд.
Ба ифтихори зодрӯзи “Asia-Plus”, имрӯз ҳайати кормандони он дар Боғи Ғалабаи Душанбе ҳамчун рамзи 29-солагӣ 29 дарахт мешинонанд. Ин анъана чанд сол аст, идома дорад.
Соли 2001 – Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии ислоҳоти пули миллӣ анҷом ёфта, сомонӣ ба ягона асъори расмии кишвар табдил ёфт. Асъори нави миллӣ - сомонӣ аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуда буд ва то 1 апрели соли 2001 сомонӣ ва рубли тоҷикӣ (ки аз соли 1995 истифода мешуд) ҳамзамон дар муомилот қарор доштанд. Аз 2 апрели соли 2001, рубли тоҷикӣ пурра аз муомилот бароварда шуд ва танҳо сомонӣ ҳамчун асъори расмӣ истифода мешавад.
Соли 2009 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба эътибор даромад.
Соли 2011 – Яке аз иштирокдорони “парвандаи исфарагӣ” – Ваҳҳоб Бобохонов, ки 47 сол дошт, дар зиндон фавтид.
Соли 2018 – Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон, додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя аз нав шуруъ гардид.
Соли 2019 – Дар шаҳри Хуҷанд дар масофаи беш аз як километр “Роҳи танобӣ” ба истифода дода шуд. Он аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ, аз болои дарёи Сир сохта шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1949 – Мавлуди Тағоймурод Хушвақт, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Тағоймурод Хушвақт аз модар бино ба дунё омада буд, вале дар синни 8-моҳагияшон, баъди бемории "Гули чашм" нобино гашт. Ӯ истеъдоду нерӯи ҳофизаи афзун ва дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт.
Овозхон солҳои 1970-1990 бо сароидани таронаҳои мардумӣ ва мазҳабӣ бештар шуҳрат ёфт. Дар он давра таронаҳои ӯ пайваста аз радиову телевизион пахш мешуданд. Тағоймурод Хушвахтов дар ҳамин давра дар фестивали мусиқии “Фаҷр” дар Эрон иштирок кардааст.
Тағоймурод Хушвахтов беш аз 600 тарона офаридааст. “Гардиши айём”, “Ту садбарги кадом боғӣ”, “Зулфи анбар”, “Манол, эй андалеб”, “Ранҷидаӣ”, “Айб макун”, “Нолаи модар” аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.
Овозхон 8-уми майи соли 2002 дар 53-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт. Соли 2005 Кохи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов гузошта шуд ва соли 2006 нимпайкараи ӯ дар назди ин кох насб гардид.
Соли 1954- Зодрӯзи генерал-майори мустаъфӣ Саид Ҷӯрахонзода, муовини пешини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Ӯ аз 1-уми сентябри соли 1975 то 7 апрели соли 2015 дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кард. Ҳоло раиси Созмони собиқадорони ВКД мебошад.
Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муовини сардори РВКД шаҳри Душанбе, сардори ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, сардори ШКД ноҳияи И.Сомонӣ (собиқ н.Октябр), муовини аввали сардори РВКД вилояти Суғд, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Соли 1958 – Мавлуди Каримхон Қурбонов, доктори илми тиб, профессор.
Соли 1958 – Зодрӯзи Лутфулло Давлатзода, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Лутфулло Давлатзода яке аз ҳунармандони саршиноси тоҷик буда, фаъолияти ҳунарии худро аз Театри драмаи мусиқии Конибодом оғоз намудааст.
Ӯ баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд. Баъдан солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 директори ТВ Сафина буд. Соли 2015 директори Театри Лоҳутӣ таъин гардид ва то моҳи декабри соли 2022 дар ин вазифа фаъолият бурд.
Лутфулло Давлатзода дар саҳнаи театр образҳои ҷолиб офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои “Найи сеҳрнок”, “Вопасин арӯси Амиралмӯъминин”, “Фарзанди Осиё”, “Дохунда” муассир аст. Ҳамчунин дар намоишномаҳои телевизионии “Курсии сеҳрнок”, “Зани оҳанин”, “Дуздӣ”, филм-спектакли “Ғуруб” нақш иҷро кардааст.
Дар синамо бошад, дар филмҳои бадеию телевизионии “Гирдоб”, “Дар орзуи падар”, “Пой дар гил”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақш офаридааст. Ҳунари овозхонӣ ҳам дорад.
Соли 1965 - Зодрӯзи Шамсулло Маҳмудов, сардори пешини ШВКД дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Панҷ.
Соли 1977- Зодрӯзи Умеди Ҷайҳонӣ, забоншинос ва яке аз фаъолони фарҳангӣ, ки солҳо боз самти забоншиносиро ковишу таҳқиқ мекунад.
Соли 1982 – Нуъмон Розиқ, шоир ва нависандаи тоҷик дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2002 – Мутеулло Наҷмиддинов, нависанда, адиби публисист ва рӯзноманигори тоҷик дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мешавад. Ин рӯз ба таваллуди нависандаи бузурги афсонаҳои кӯдакона – Ҳанс Кристиан Андерсен (аз Дания) бахшида шудааст. Дар ин рӯз аҳаммияти бузурги китобҳои кӯдакона дар ташаккули маънавӣ ва зеҳнии наслҳои нав таъкид мешавад.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии огоҳонӣ дар бораи аутизм аст. Ҳадафи ин рӯз – баланд бардоштани сатҳи дастгирии шахсони гирифтори аутизм ва беҳбуди шароити зиндагии онҳо мебошад. Зеро шумораи кӯдакони мубталои аутизм дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон зиёд буда, ин беморӣ ба оилаҳо ва ҷомеа таъсири калон мерасонад.

2 апрели соли 1792 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Қонуни тангасозӣ (Coinage Act) қабул шуд, ки таъсиси Монетный двор (U.S. Mint)-ро пешбинӣ мекард. Аввалин бинои “Монетный двор” дар Филаделфия, он замон пойтахти ИМА, таъсис ёфт ва соли 1793 расман ба фаъолият оғоз кард. U.S. Mint то имрӯз тангаҳои расмии кишварро истеҳсол мекунад, аммо пулҳои коғазӣ (долларҳо)-ро Бюрои чопи коғазии пул (Bureau of Engraving and Printing) месозад. Ҳоло Монетный двор то 50 миллион танга дар як рӯз истеҳсол мекунад, ки онҳо барои муомилоти дохилӣ ва истифодаи коллексионерҳо пешбинӣ шудаанд.

2 апрели соли 1833 шакли пурраи романи “Евгений Онегин” аз ҷониби Александр Пушкин ба табъ расид. Пушкин навиштани ин асарро соли 1823 оғоз карда, онро соли 1831 ба охир расонд. Ӯ барои эҷоди “Евгений Онегин” 7 солу 4 моҳ ва 17 рӯз сарф намуд.
Гарчанде бобҳои алоҳидаи роман қаблан дар маҷаллаҳо ва китобчаҳо ба таври пайдарпай нашр шуда буданд, 2 апрели 1833 нахустин маротиба асар пурра ва якҷо ба нашр расид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 8+13º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 8+13º гарм (дар н.Дарвоз шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+18º гарм), дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона -2+3º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 10+12º гарм.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста