Дар Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ баҳисобгирии электронии Рақами мушаххаси андозсупоранда роҳандозӣ шудааст. Акнун РМА-ро аз хона метавон фармоиш дод. Дар ин бора Кумитаи андоз дар Телеграм-канали худ бо нашри дастурамали наворӣ хабар додааст.
Сорбон Вазирзода, сардори раёсати қонунгузории андоз ба “Азия-Плюс” гуфт, ташаббуси мазкур дар раванди рақамкунонии хадамоти андозӣ бо мақсади сода кардани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ роҳандозӣ шудааст.
“Имрӯз ба шаҳрвандон барои гирифтани РМА вақту пул сарф карда, ба нозироту идораҳои андоз омадан шарт нест, онҳо метавонанд ин ҳуҷҷатро электронӣ, ҳамагӣ дар чанд дақиқа дастрас кунанд. Фикр мекунам барои шаҳрвандон ин бисёр содаву қулай аст ва аз онҳо хоҳиш мекунем, ки аз модули электронӣ васеъ истифода баранд”, - гуфт
РМА-и электрониро дар сомонаи Кумитаи андоз - andoz.tj ба даст овардан мумкин аст. “Азия-Плюс” раванди кори сомонаро санҷид.
Барои гирифтани РМА дар сомонаи andoz.tj тугмаи “Шахсони воқеӣ”-ро пахш карда, “Баҳисобгирии РМА”-ро интихоб кунед. Дар экран равзана бо аризаи электронӣ кушода мешавад.
Дар ариза мебояд ному насаби гирандаи РМА, ном ва насаби падар ё модари ӯ, номи мақомоти андози маҳалли истиқомат, ҷинсият, санаи таваллуд ва навъи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва рақаму санаи онро қайд намуд.

Дар қисми дуюм бошад, акси шахсӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва нусхаи шаҳодатнома ё шиносномаро боргузорӣ намуда, суроғаи ҷойи зист ва рақами телефону суроғаи электронии худи гирандаи РМА ё волидони ӯ ва маълумот дар бораи падар ё модарашро ишора кардан лозим аст.

Воқеан, боргузории акси “ҳуҷҷати иловагӣ” ҳатмӣ набуда, шаҳрвандон метавонанд ҳар ҳуҷҷати иловагие, ки барои тасдиқи шахсияташон дуруст мешуморанд, илова кунанд.
Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, ҷавоби он тариқи СМС-паёмак ба телефони ишорашуда фиристода мешавад. Дар ҳолати қабул шудани дархост, РМА бо паёмак фиристода мешавад. Ҳангоми рад гардидани он бошад, дар паёмак асосҳои қабул нашудани дархост навишта мешавад ва шаҳрванд метавонад номутобиқативу хатоҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, дубора дархост фиристад.
Ҳамчунин, шахси тасдиқшудаи гувоҳнома дар бораи гирифтани РМА дар шакли PDF ба почтаи шумо ирсол мегардад.
Бояд гуфт, муддати охир ин аксари хизматрасониҳои давлатӣ электронӣ шудаанд. Аз ҷумла, аз аввали соли ҷорӣ раванди сабти таваллуд ва фавт, гирифтани иҷозатнома барои ҷашну маросим, журналу рӯзнома дар мактабу донишгоҳҳо ва хизматрасониҳои дигари соҳаи маориф рақамӣ карда шудаанд.
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста