Дар Душанбе рӯзи 24 январ таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумат доир гардида, дар он аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар соли 2022 натиҷагирӣ шуд ва вазифаҳои асосӣ дар соли 2023 муайян карда шуданд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлиси васеи ҳукумат нахуст ҳисоботи сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2022 шунида шуд.

Ба таъкиди сарвазир, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 115,7 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш таъмин шуд.

Сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 3,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Соли 2022 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 36,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.

Энергетика ва маҳсулоти кишоварзӣ

Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳоло дар соҳа лоиҳаҳо ба маблағи 17 миллиард сомонӣ дар марҳалаи татбиқ қарор дорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2021-ум 776 миллион киловатт - соат ё 3,8 фоиз зиёд гардид.

Қоҳир Расулзода

Соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 49,3 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди он нисбат ба соли 2021 ба 108 фоиз баробар гардид.

Сармоягузорӣ, қарзҳои бонкӣ, савдои хориҷӣ

Сарвазир зикр кард, ки соли 2022 нисбат ба соли 2021 ба кишвар 1,9 баробар зиёд сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳибкорон ва аҳолӣ додашуда 14,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 700 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 16,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 11,4 фоиз зиёд аст.

Татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 103,4 миллион тонна бор ва 818,6 миллион нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2021 мутаносибан 26 ва 11 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши савдо 47,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 11,2 фоиз зиёд аст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2022 ба 18,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 16 фоиз зиёд мебошад.


Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2021-ум 15 фоиз афзоиш ёбад.

Маориф

Ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 6,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа 221 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Тандурустӣ, кумаки иҷтимоӣ, ҷойҳои корӣ

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,6 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 13 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ барои кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 116 миллион сомонӣ равона гардида, ба 31 ҳазор нафар, аз ҷумла 9,5 ҳазор нафар кӯдакони ниёзманд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуданд.

Дар соли ҳисоботӣ дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.

“Пул ҳисобро дӯст медорад”

Дар маҷлиси ҳукумат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти нави қонунгузории андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохту густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 594,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 107,7 фоиз, вилояти Хатлон - 102,8 фоиз, вилояти Суғд - 105,4 фоиз, шаҳри Душанбе - 100,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,4 фоиз таъмин карда шуд.

Нусратулло Давлатзода

Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Хуршед Каримзода

Пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия

Дар маҷлиси ҳукумат Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷиш дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.

Юсуф Раҳмон

Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзиму ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.

Ҳамоишҳои соҳибкорӣ ва сиёсати пуливу қарзӣ

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сармоягузории он дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ 25 форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Кӯлоб бо иштироки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ ташкил ва баргузор гардиданд.

Саъдӣ Қодирзода

Дар доираи онҳо беш аз 100 санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 32 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба имзо расонида шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Ҳоким Холиқзода

Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Сироҷиддин Икромӣ

Суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар

Дар идомаи маҷлиси ҳукумат вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гузориш дод.

Таъкид гардид, ки эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.

Соли 2022 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 фоиз афзоиш ёфт.

Шералӣ Кабир

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя барои ҳалли мушкилоти корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили мамлакат ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон вазифадор намуданд.


Талафоти барқ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо

Ба Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, директори генералии ҶС «НБО Роғун» Хайрулло Сафарзода, сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Ғолиб Убайдуллозода ва роҳбарони ширкатҳои соҳа вобаста ба вусъати корҳои сохтмону навсозӣ дар иншооти энергетикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, бартараф намудани қарздорӣ дар ташкилоту идораҳои соҳа ва вусъати корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмону навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Далер Ҷумъа

Вазъ дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи маориф

Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, инчунин истифодаи нуриҳои минералӣ ҳисобот дод.

Қурбон Ҳакимзода

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва Субҳонзода Икром - директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбия, таъмини рушди устувори соҳаи маориф ва бунёди мактабҳои наву замонавӣ, вазифадор карда шуданд.

Раҳим Саидзода

Бег Сабур супоришҳои президентро иҷро кард?

Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз ҷумла барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда, ки аз Паёми президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҳисобот дод.

Бег Сабур

Аз фарҳанг то ҳолатҳои фавқулода

Др маҷлиси ҳукумат муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат Қурбонзода Ҳилолбӣ ва Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ҳисобот доданд.

Абдулло Раҳмонзода

Аз ҷониби Роҳбари давлат дар назди сохторҳои мазкур барои дар соли минбаъда амалӣ кардани тадбирҳо ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи варзиш, ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар дар самти танзими расму оинҳо ва ҷашну маъракаҳо, вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.


Ҳамчунин раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҶТ Абдуҷаббор Юсуфзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода оид ба ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва пешгирию бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ супориш гирифтанд.

Нишондиҳандаҳо дар пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор дошт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35 - солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат дар соли сипаригашта корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, 708 иқдомоти созандагӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ амалӣ карда шуд.

Рустами Эмомалӣ

Ба таъкиди раиси пойтахт, соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 126 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103 фоиз, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109 фоиз афзоиш ёфтааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2022 ҳисобот доданд.


Роҳбари давлат ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президент, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии «Солҳои рушди саноат 2022-2026», ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру супоришҳои ҷамъбастӣ

Бо назардошти фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳо дар соли 2023-ро муайян кард.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, хусусан, ҷиҳати худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки соли 2022, бо вуҷуди мураккаб гардидани вазъи геосиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар натиҷаи амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ вобаста ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ, рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар фаъолияти худро вусъат бахшанд.


“Ба Вазорати молия зарур аст, ки ҷиҳати таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, махсусан, дар самти пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпуливу кумакпулиҳо ва беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, нақшаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро таъмин намояд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи мардум соли ҷорӣ баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳоро вазифадор кард, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи иқдоми мазкурро таъмин намоянд.


Дар робита ба камбудиҳо дар самти хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳоро таъмин намоянд.

Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба ноҳияҳои дурдасти кишвар, тавсеаи фарогирии минтақаҳо ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна, бахусус, дар соҳаҳои соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Бори дигар таъкид гардид, ки Бонки миллӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати рушди низоми пардохт ва ба низоми ғайринақдӣ гузаронидани соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт қабул кардани боҷу андозҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тадбирҳои фаврӣ андешад.

Инчунин, ба Бонки миллӣ дастур дода шуд, ки бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ рушди истифодаи технологияҳои рақамии муосир ва рақамикунонии пурраи амалиёти бонкиро дар кишвар таъмин намояд.

Ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавҷуда, аз ҷумла дар самти истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ вазифадор шуданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳоро таъмин намуда, вобаста ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.


Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудд, ки гарчанде соли 2022 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2021-ум 15,4 фоиз зиёд шудааст, аммо барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат сатҳи он бояд боз афзоиш дода шавад.

Президенти мамлакат Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 26 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат ва то соли 2026 ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҳсулоти соҳа бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро дар минтақаҳои кишвар тақвият бахшида, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар чораҷӯӣ намояд.

Таъкид гардид, ки дар соли ҳисоботӣ истеҳсоли алюминийи аввалия 62 ҳазор тоннаро ташкил кард, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ 1,5 ҳазор тонна ё 2,5 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарияти «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолии ширкат ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои таъминоти хонандагони мактабҳои мамлакат бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабии босифат ва бо нархи дастрас тадбирҳои қатъиро роҳандозӣ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ба 21,4 миллиард киловатт – соат расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва дастоварди назаррас мебошад.
Таъкид гардид, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Ширкати «Барқи Тоҷик», ҷамъиятҳои саҳҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва вазорату идораҳои марбута иҷрои нақшаи чорабиниҳоро оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи боқимондаи зимистони соли 2023 таъмин намояд.

Вобаста ба таҳлили ваъзи бозори истеъмолии кишвар Роҳбари давлат ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти зиддинҳисорӣ супориш доданд, ки сабабҳои коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли ордро дар соли ҳисоботӣ ҳамаҷониба омӯхта, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

1/31

Зарур дониста шуд, ки роҳбарону мутахассисони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мониторинги нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро дар бозори дохилӣ мунтазам гузаронида, болоравии беасоси онҳоро пешгирӣ намоянд ва барои сари вақт бартараф кардани мушкилоти бамиёномада, бахусус, рақобати носолим дар байни истеҳсолкунандагони соҳа тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Бо мақсади дар бозори дохилӣ муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ ва озуқаворӣ Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Хадамоти зиддинҳисорӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» ва ассотсиатсияҳои воридкунандагони ғалла, маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ вазифадор шуданд, ки барои таъмин намудани талаботи кишвар ба маҳсулоти зарурӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Баъд аз таҳлили гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кардд, ки нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд. Бинобар ин, супориш дода шуд, ки дар самти мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Инчунин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба ҳалли масъалаи шомил шудани Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо ва истифода аз имтиёзҳои он чораҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ намояд.

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ чораҳои қатъӣ андешад.

Барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар соҳаи алоқа, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст Хадамоти алоқа вазифадор гардид, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда тадбирҳои зарурӣ андешад.

Таъкид шуд, ки қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ барои соли таҳсили 2022 – 2023 нисбат ба соли 2021-ум 2950 нафар ё 10,3 фоиз кам шудааст.

Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд ва Маркази миллии тестиро вазифадор шуданд, ки бо мақсади ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни хатмкунандагон дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати бозбинии маблағи шартномаи муассисаҳо ва бо ҷойи хоб таъмин кардани донишҷӯёни минтақаҳои дурдаст чораҳои фаврӣ андешанд.

Барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳанӯз мавҷудаи соҳаи тандурустӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корро ҷиҳати тибқи талабот ба ҷои кор фиристодани хатмкунандагони муассисаҳои соҳа ва фароҳам овардани шароити корӣ барои онҳо, махсусан, дар минтақаҳои дурдаст тақвият бахшад.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута бо мақсади пешгирии аз кор рафтани кормандони тиб ва иваз намудани самти фаъолият вобаста ба ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми табибон чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Илова бар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ минбаъд низ чораҷӯӣ намояд.

Сарвари давлат ба аъзои ҳукумат, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати барқарор кардани заминҳои кишти аз сардиҳои гузашта зарардида, аз ҷумла майдонҳои кишти картошка ва пиёз, омодагӣ ва саривақт оғоз кардани кишти баҳорӣ, самараноку оқилона истифода бурдани замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиш ворид намудани заминҳои боир, тезонидани маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ супориш дод.


Эмомали Раҳмон таъкид дошт, ки аъзои Ҳукумат, роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ доранд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.