Ҳукуматдорони вилояти Бадахшони Афғонистон сарҳадбонони тоҷикро ба куштани афғонҳои осоишта айбдор мекунанд. Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ваъда доданд, ки ояндаи наздик ба ин иттиҳом посух мегӯянд.
Бино ба маълумоти хабаргузории «Пажвок», дар минтақаи шимолу шарқи вилояти Бадахшон дар марзи Афғонистону Тоҷикистон сарҳадбонони тоҷик ду шаҳрванди Афғонистонро куштаанд.
Фармондеҳи бригадаи нерӯҳои марзбонии Афғонистон Муҳаммад Амон Насим рӯзи сешанбе ба хабаргузорӣ иттилоъ додааст, ки марзбонони тоҷик ду сокини осоиштаи деҳаи афғонии Яхдрои ноҳияи Ишкошимро куштаанд. Зикр мешавад, ки ҷасаде яке аз онҳо ғарқ шуда, ҷасади дигариро дар соҳили дарёи Панҷ дарёфтаанд.
Муҳаммад Амон Насим қайд кардааст, ки ҷониби Афғонистон дар мавриди ошкор кардани сабаби куштори шаҳрвандони мулкӣ ба нерӯҳои амнияти Тоҷикистон муроҷиат карда, вале то ҳол посухе нагирифтаанд.
Узви Шӯрои вилоят Толибиддин Қодирӣ ба «Пажвок» гуфтааст, нерӯҳои қудратии Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ба куштани шаҳрвандони мулкӣ дар Вахону Ишкошим идома медиҳанд ва ним моҳ пеш як шаҳрванди мулкӣ дар мавзеи Ковии ноҳияи Вахон кушта шудааст.
Нашрия аз қавли Қодирӣ менависад, ба афсарони тоҷик барои қатли қочоқбарон дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон медалҳо ваъда додаанд.
Ҳамин тариқ, илова кардааст ӯ, марзбонони тоҷик шаҳрвандони бегуноҳи афғонро мекушанд, то ки аз ҳукуматдорони худ медал гиранд.
Дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳороти намояндаи ҳукумати вилояти Афғонистонро қотеъона рад намуда, ваъда доданд, ки ояндаи наздик ба таври хаттӣ посух мегӯянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.