Дар намози ҷумъаи рӯзи 8-уми ноябр ба ҷои Саидмукаррам Абулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ё муфтии Тоҷикистон писараш Абдухолиқ Абдулқодирзода, ки гуфта мешавад имоми Масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (масҷиди марказӣ) аст, мавъиза кард.
Дар наворе, ки Маркази исломии Тоҷикистон нашр кард, дида мешавад, ки ӯ дар минбари Масҷиди марказии кишвар нишаста, дар бораи муҳоҷирон, ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, фаъолияти ифротгароён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои диниву дунявӣ мавъиза мекунад.
Вай аз ҷумла, аз муҳоҷирон хост, то ба гурӯҳҳои террористиву экстеремистӣ дохил нашаванд ва фирефтаи ваъдаҳои онҳо нагарданд.
Абдухолиқ Абдулқодирзода гуфт, ки ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаву гурӯҳҳо кушода, бо ҳар восита ба ҷалби ҷавонон машғуланд.
“Махсусан, ба бародарони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, ҳатман аз зарари ин гуна саҳифаҳо ва сайтҳо огоҳ кунем, то инки ҷавонони мо ноком нашаванд. Ҷавонони мо тамоми шириниҳои зиндагӣ, оғӯши хонаводаву фарзандон ва ватани азизро тарк мекунанд, то ки қутти лоямут ба даст биёранд”, - гуфт ӯ.
Дар идома, чанд ҳизбу гурӯҳҳои террористиро номбар карда, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард, ки ба чунин гурӯҳу ҳаракатҳо дохил нашаванд ва худро эҳтиёт кунанд.
“Созмонҳое, ки дар он пайваст будан ё маблағгузорӣ кардани онҳо сабаби нокомии ҷавонон мегардад. Сомонаи “Наҳзат-Ру”, "Иршод" ва “Наҳзат-ур-востокнюс”, “Ислоҳ-нет”, “Муҳаммади маданӣ” ва дигар гурӯҳҳо дар шабакаҳои интернетӣ зиёданд. Аксарияти ин сайтҳоро вақте мебинем номҳои исломӣ мондаанд, барои чӣ? Ба хотире, ки мехоҳанд мусалмони камогоҳ, ҷавонони камогоҳро ҷалб кунанд ва сипас аз онҳо сӯистифода кунанд”,- таъкид кард Абдулқодирзода.
Номбурда дар идома гуфт, ки ҳеҷ гоҳ барои таблиғи дин ба нерӯи сайту расонаву ташкилоте лозим набуд ва мусалмонон ҳама барои якдигар улгӯ буданд.
“Онҳое ки риш мондаанду салла пӯшидаанд ва либосҳои зебо ба бар кардаанд, ба Худованд қасам, мақсади онҳо на дин асту на ҳеҷ чизи дигар. Мехоҳанд, ки мардумро гумроҳу ифротӣ кунанд ва дороиву сарват ҷамъ биёранд, бо хуну номусу имони мусалмонҳо бозӣ мекунанд”, - гуфт Абдулқодирзода.
Ӯ аз сафарҳои падараш ба Русия мисол оварда таъкид кард, ки “доктор Абдулқодирзода дар Русия вақте бо муҳоҷирон ҳамсӯҳбат шуданд, гуфтанд, ки “ҳар яки шумо сафирону намояндагони ин миллату сарзамин ҳастед”.
Вай гуфт, ки тоҷикон дар берун аз ватан бояд муттаҳид бошанд ва ҳамдигарро дастгирӣ кунанд.
“Чанд тоҷики моро бурда заданд, ҳаммилати худашон ва маблағу дороии ӯро ғасб карданд. Вақте мешунавем, ки як тоҷик бо тоҷики ҳаммилати худ ҳамин амалҳоро раво мебинад, инсонро дард фаро мегирад”,- иброз дошт писари муфтӣ.
Маълум нест, ки чаро на худи Саидмукаррам Абдулқодирзода, балки писараш дар намози ҷумъаи рӯзи 8-уми ноябр мавъиза кард. Саҳифаи Маркази исломии Тоҷикистон ӯро "Қорӣ Абдухолиқ" муаррифӣ кардааст. Ҳамин тариқ, аниқ нест, ки худи Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавъизаи писараш ширкат дошт ё не.
Қаблан, Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфта буд, ки ки ҳафтае як маротиба дар пахши мустақими “Ютуб-канал”-и худ ба саволҳо дар масоили дин, ки шаҳрвандон ироа мекунанд, посух медиҳад. Онҳо гуфтанд ҳадафи ин тасмимашон мубориза бо “муллоҳои интернетӣ” аст.
Шаҳрвандон бо рақамҳои 224-25-11 саволҳои худро ба намояндаҳои Шӯрои уламои Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода ду дафъаи пеш дар намози ҷумъа, ки навори онро Маркази исломии Тоҷикистон нашр кард, дар бораи пешгрии шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷузъиёти ҳамла ба худашро шарҳ дода буд.
Ба Саидмукаррам Абдулқодирзода шоми рӯзи 11-уми сентябр, баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо корд ҳамла кард. Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард.
Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода бо гузашти бештар аз як моҳ, дар ҳоле, ки дар пешониаш осори захм намудор аст, ҳодисаро шарҳ дода, зикр кард, ки “мо намешиносем ӯро, падараш муаллим ва модараш фарроши мактаб будааст”. Ӯ низ ҳувияти ҷавони ҳамлаварро ошкор накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар пахши мустақим баромад кардани Саидмукаррам Абдулқодирзода ва ба суолҳои шаръии шаҳрвандон посух гардонидан таҷрибаи нав мебошад. То кунун дар масоҷид зимни адои намози ҷумъа имомхатибон амри маърӯф ё худ ваъз мегуфтанд ва ба саволҳои ҷамъомадагон посух медоданд. Вале он дар Инетрнет нашр намешуд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста