Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО ё худ ЕАЭС) Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар аз USAID кумак гирифта, Арманистон дар зинаи дуюм қарор дорад. Ба Ӯзбекистону Қирғизистон ва Беларус низ маблағҳои назаррас ирсол шудааст. Ба Қазоқистону Туркманистон ва Русия кумак нисбатан камтар ҷудо шудааст.

Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) яке аз мададрасонҳои асосии башардӯстона ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар зарфи 30 сол Амрико ба кишвар ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар кумак кардааст, ки қисми асосии он тариқи USAID расидааст.

Тайи 2 соли ахир Агентӣ тариқи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ба Тоҷикистон барои тақвияти кумак ба хонаводаҳои осебпазир 20 млн доллар додааст.

Дар соҳаи энергетика USAID ба Тоҷикистон дар амалисозии манбаъҳои барқароршавандаи энергияи кишвар ва тақвияти имконоти ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ёрӣ расонидааст.

Ба ин тариқ, масалан, дар Мурғоб Агентӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон нерӯи барқи офтобии 200 киловатт насб кард, ки маҳаллаҳои аҳолинишинро дар ноҳияҳои дурдастттарини кишвар бо барқ таъмин мекунад.

Дар соҳаи тандурустӣ USAID аз соли 2003 то 2021 ба Тоҷикистон барои мубориза бо эпидемияиВНМО (ВИЧ/СПИД) қариб 38 млн доллар ҷудо кард. Ҳамчунин USAID ҷумҳуриро дар масоили ҳифзи солимии модару кӯдак ва ғизои онҳо, мубориза бо бемории сил дастгирӣ намуда, пешгирии бештар самаранок ва дастрас, ташхис ва табобатро таъмин кард.

Дар давраи COVID-19 Агентӣ ба кишвари мо барои муқовимат бо пандемия 10,2 млн доллар ҷудо кард. Ҳукумати ИМА тариқи USAID ба Тоҷикистон зиёда аз 1,8 млн воя (доза)-и ваксинаи "Moderna" ва "Pfizer" фиристод.

Барои рушди соҳаи маориф Агентӣ аз соли 2002 то 2021 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 60 млн доллар ҷудо кардааст. 

Инфографикаи Asia-Plus

USAID дар пешбурду ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва беҳбуди сатҳи огаҳии онҳо дар самти муҳоҷирати бехатар бо ёрии барномаҳои радио ва машғулиятҳои видеоӣ саҳм гузошт. Тариқи хадамоти фаъол Агентӣ ба ҳудуди 63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ пешниҳод намуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ИМА ҳудуди 100 млн долларро ташкил дод, ки 70%-и он ба воридот аз ИМА ба Тоҷикистон рост меояд. Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими ИМА ба иқтисоди Тоҷикистон давоми солҳои аз 2014 то 2022 ҳудуди 500 млн долларро ташкил додаанд.

Соли 2024 ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 17,3 млн доллар кумаки башардӯстона фиристод, ки 15,8% аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи дар ин давра ба ҷумҳурӣ воридшударо ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.