Таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури раисони ҷумҳуриҳои се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон натанҳо барои сокинони ин шаҳри бостонӣ, инчунин меҳмонони аз ин кишварҳо омада низ хотирмон буд. Зеро он пас аз ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақа, ки дар солҳои гуногун боиси муноқишаҳо ва изтиробу ташвиши сокинон гардида буд, баргузор шуд ва дар қалби шаҳрвандони ҳар се кишвар умед ва боварӣ ба ояндаи босуботро бедор кард.
Омодагӣ ба таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд пештар оғоз гардид ва шаҳр қабои идона ба бар карда буд. Меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя низ чанд рӯз пеш аз тантанаҳои расмӣ ба Хуҷанд омаданро оғоз карданд.
Ҳунармандон ва дар умум, аҳли фарҳангу зиёи ҳар се кишвар ба Хуҷанд омаданд ва барои баргузории як ҷашни зебои Наврӯз, ки барои ҳар се кишвар анъанавӣ ва ҷузъе аз фарҳанги миллӣ дониста мешавад, омодагӣ диданд.
Барномаи фарҳангие, ки ҳунармандони се кишвар таҳия карданд, аз таърих, анъана ва фарҳанги халқҳои минтақа нақл мекард ва барои тамошои он ҳазорҳо меҳмон аз ин се кишвари ҳамсоя ва чанд кишвари дигар ба Хуҷанд омада буданд.
Пеш аз оғози тантанаҳои асосии ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд, сокинони шаҳр ва меҳмонони он аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангӣ ва таомҳои миллии дар Қалъаи Хуҷанд таҳияшуда дидан карданд.
Бояд гуфт, Қалъаи Хуҷанд, ки пас аз бозсозӣ ба яке аз маконҳои зебо ва дидании сайёҳон табдил ёфтааст, натанҳо барои сокинони шаҳри Хуҷанд ва умуман Тоҷикистон, инчунин дигар кишварҳои минтақа низ ҳамчун рамзи мубориза барои ҳифзи сарзамин дониста мешавад.
Ҳозирин аз маҳсули эҷоди ҳунармандони мардумӣ дидан карда, хӯрокҳои миллии омодашударо чашиданд.

“Ин рӯзҳоро орзу мекардем”
Таваҷҷуҳи аксари ҳозиринро оши палаве, ки дар деги калон таҳия шуда буд, ба худ ҷалб мекард. Дар дег бо 1,5 тонна биринҷ палав таҳия мекарданд.
Бояд гуфт, палав барои аксари сокинони кишварҳои минтақа хӯроки миллӣ дониста мешавад. Шояд дар таҳияи он тафовутҳо мушоҳида шавад, аммо палав барои ҳамаи сокинони минтақа хӯроки ошно ва дӯстдоштанист.
Юнусҷон Дадабоев, ошпаз аз шаҳри Хуҷанд, якҷо бо чанд ҳамкасбаш аз кишварҳои ҳамсоя машғули таҳияи палав буд. Ӯ бо шавқ ва эҳсоси хушҳолӣ атрофи дег мегашт ва талош дошт, палави бомаззаеро ба сокинону меҳмонон таҳияву пешниҳод кунад.

“Вақте дар деги калон бо 1,5 тонна биринҷ палав таҳия мекунед, ин масъулият бузург аст. Аз як сӯ, заҳмати зиёд металабад, чун маҳсулот зиёд аст. Ошпаз бояд ҳар маҳсулотро сари вақт ба дег андозад, на тезу на дер. Пас аз омода шудани зирбак, биринҷро бояд хуб дам кард, то палав на сахту на нарм пазад. Аз сӯйи дигар, аз оши таҳиякардаи мо меҳмони аз кишварҳои дур омада, ба санъати хӯрокпазии халқҳои минтақа баҳо медиҳанд”, - мегӯяд Дадабоев.
Ошпазе аз Ӯзбекистон, ки якҷо бо Юнусҷон Дадабоев ба таҳияи палав машғул аст, ба сӯҳбати мо ҳамроҳ мешавад ва наметавонад хушҳолии худро пинҳон кунад. Ӯ бо хушҳолӣ эҳсоси худро чунин баён кард:
“Имрӯз дар Тоҷикистон байрам (ҷашн)-и калон аст. Барои мо ифтихор, ки дар ин байрам иштирок дорем ва барои меҳмонон палав таҳия мекунем. Бо ин баҳона бо ҳамкасбони тоҷику қирғизи худ шинос шудем, аз таҷрибаҳои ҳамдигар омӯхтем. Ростӣ, мо ин рӯзҳоро орзу мекардем”.
Палаве, ки ошпазҳои тоҷику ӯзбеку қирғиз давоми панҷ соат таҳия карданд, хеле бомазза буд. Меҳмонон барои он навбат меистоданд ва пас аз истеъмол, ба ошпазҳо аҳсант мегуфтанд.

“Умумиятҳо аз тафовутҳо бештаранд”
Дар гӯшаи дигари Қалъаи Хуҷанд ҳунармандон аз се кишвар маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта буданд.
Ажан Умоёва, ҳунарманд аз Қирғизистон буд, ки аз санг ҳар гуна ашёи зебо ва армуғонӣ таҳия мекард. Осиёи хурде, ки ин зан тарошида буд, диққати моро ҷалб кард. Ӯ дар ин осиёи сохтааш гамдумро орд мекард ва бо эҳсост таъкид намуд, ки нони аз ин орд пухтаро ба дӯстонаш аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадя мекунад.
“Мо урфу одат ва фарҳанги муштарак дорем. Баъзе анъанаҳо ва забонамон шояд фарқ кунанд, аммо ин барои ҳамзистии хушбахтонаи мо монеъ шуда наметавонад. Умумиятҳои зиёд дорем, ки моро ба сӯйи хушбахтӣ ва ҳамҷаворӣ такон медиҳад ва ин тафовутҳои кӯчак наметавонад монеъ бошад. Ҳамин осиёи хурди обӣ, ки ман сохтам, дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам сохта мешавад. Дар онҳо ҳам гандум орд мекунанд ва аз орд нон мепазанд. Ноне, ки барои халқҳои ҳар се кишвар азиз аст”, - зикр мекунад Умоёва.
Ӯ таъкид кард, ки бори аввал ба Хуҷанд омадааст, аммо аллакай онро дӯст доштааст ва таассуроти нек бардошт.

Каме дуртар аз ин ҳунарманди қирғиз, бонуи тоҷике матои атласро ба меҳмонон муаррифӣ мекард.
Саодат Юсупова, асосан атласҳои дар корхонаи “Хуҷанд-атлас” истеҳсолшударо ба намоиш гузошта буд. Ӯ ба меҳмонон аз нозукиҳои омода кардани атлас, тарзи дӯхти он нақл мекард.
“Барои меҳмонон атлас хеле ҷолиб аст. Онҳо ба ҳар як нозукии он таваҷҷуҳ мекунанд, саволҳои зиёд медиҳанд ва аксар харидорӣ мекунанд. Хушҳолам, ки ба ин тариқ дар муаррифии кишварам саҳми кӯчаки худро мегузорам”, - мегӯяд Саодат Юсупова.

Меҳмоне аз Ӯзбекистон, ки назди ғурфаи атлас истода, бо диққат ба он таваҷҷуҳ дошт, гуфт, ки атлас на танҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар кишвари ӯ низ маъмул аст ва либоси миллӣ дониста мешавад.
“Аммо мехоҳам аз ин атлас ҳам дошта бошам”, - бо ладханд иброз дошт ӯ.
Ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Бо чунин хушҳолӣ сокинону меҳмонон барои тамошои тантанаҳои асосии ҷашни Наврӯз ба варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ворид шуданд.
Варзишгоҳ хеле зебо оро дода шуда буд. Эҳсос мешуд, ки дар ин макон ҷашни миллӣ баргузор мегардад. Ҷашне, ки барои даҳҳо кишвару халқҳо ҷашни миллӣ дониста мешавад.
Сокинони шаҳри Хуҷанд ва меҳмонони он аз дигар гӯшаву канори Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои хориҷӣ ҳама рӯҳияи идона доштанд, либосҳои ҷашнӣ ба бар карда, барои тамошои барномаи фарҳангии ҳунармандони Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон бетоқат буданд.

Ренан Абдукаримов, сокини вилояти Ботканди Қирғизистон, ки яке аз масъулони ҳайати ҳунармандону меҳмони қирғиз буд, ҳаяҷони худро аз фазои идона пинҳон дошта наметавонист.
“Ҳоло ҷашн оғоз нашуда, ман аллакай хушҳолам ва бовар дорам, ки ин хушҳолӣ дер давом мекунад. Худо хоҳад, халқҳои мо барои ҳамеша хушҳол хоҳанд буд. Онҳо сазовори хушбахтӣ ҳастанд”, - иброз дошт ӯ.
Ин суханони меҳмони қирғиз баъди вуруди раисони ҷумҳуриҳои се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Жапаров ва суханронии онҳо бори дигар такрор шуд.
Роҳбари ҳар се кишвар бештар аз ҳама дар бораи дӯстӣ, субот ва ояндаи дурахшон сухан карданд.
Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба Наврӯз, ки рамзи бедории табиат, офариниши ҳаёт ва оғози сафҳаи нав дар зиндагӣ дониста мешавад, ҳалли масоили баҳсии марзи миёни кишварҳои минтақаро оғози давраи нав дар муносибатҳо номид ва эълон кард, ки минбаъд миёни халқҳои минтақа танҳо дӯстӣ хоҳад буд.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ҳам аз ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ хуш истиқбол кард ва таманнои дӯстиву рафоқат ва шукуфоии минтақа намуд.
Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон низ аз оғози сафҳаи нав дар муносибатҳои кишварҳои минтақа сухан кард ва ҳалли баҳсҳои марзиро таърихӣ номид.
Дар ин рӯз натанҳо сиёсатмадорон, ҳамчунин ҳунармандон низ аз дӯстиву ишқу муҳаббат месуруданд. Ҳозирин ҳама шодиву нишот доштанд ва мерақсиданд.
Сокинони шаҳр бо меҳмоннавозӣ ва ширингуфтории худ, ҳар як меҳмонро пазироӣ менамуданд. Ҳам сокинону ҳам меҳмонони шаҳр таъкид мекарданд, ки чунин ҷашни зебо ва самимияту нишотро дер боз интизор буданд. Ва ба ҳамдигар Наврӯзро пирӯз мегуфтанд.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста