Ҳамасола аз 2 то 9-уми апрел дар кишвар “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” доир мегардад. Ин иқдом аз Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон, ки 2-юми апрел дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, маншаъ гирифтааст. Бахшида ба ин рӯз талош кардем, ки намунаҳои адабиёти насри кӯдаконаи тоҷикро, ки дар замони муосир эҷод шудаанд, гирд оварем.
Бояд гуфт, камчинии асарҳои кӯдакона дар адабиёти муосири тоҷик мушкилест, ки аксари зиёиёни тоҷикро ба андеша овардааст. Вақте барои таҳияи феҳристи мазкур ба адибону мухлисони китоб муроҷиат кардем, нафаре натавонист, ки ба истиснои як-ду асар китоберо арзишманд ном барад.
Бо назардошти арзёбии асарҳо дар тазкираву донишномаҳо ва бардошти адибону мухлисони китоб феҳристеро таҳия кардем. Ин феҳрист танҳо тавсиявӣ аст.
“Мактаби куҳна”-и Садриддин Айнӣ
“Мактаби кӯҳна”-и Садриддин Айнӣ, ки соли 1934 эҷод шудааст, аз намунаҳои беҳтарини адабиёти бачагона ном бурда мешавад. Дар ин асар рӯзгори сахти замони кӯдакии устод Айнӣ, талоши ӯ дар муқобили сахтиҳои рӯзгор ва интихоби ҷодаи илм бо роҳнамоиҳои падари хирадмандаш тасвир ёфтааст.
Асар аз мактабравии Садриддин Айнӣ дар 6-солагиаш оғоз ёфта, дар бораи муносибати дағалонаи мактабдор ва “ҷаллодвор” бачаҳоро бо чӯб задани ӯ, бӯрёпулӣ ҷамъ кардани мактабдор, бетартибиву бедонабозӣ ва камонбозии бачаҳо, сабақомӯзӣ дар мактаби Бибихалифа, тамом кардани “Ҳафтяк”, “Чоркитоб” ва омӯхтани баъзе аз ғазалҳои Ҳофиз, омӯхтани ҳисоби абҷад аз падараш қисса мекунад. Асар бо пирӯзии Садриддин Айнӣ дар мунозираи лафзӣ ба далели донистани ҳисоби абҷад дар мусобиқаи куштӣ дар сайри наврӯзии деҳаи Саримазор ба поён мерасад.
Садриддин Айнӣ ба воситаи иншои “Мактаби кӯҳна” бори дигар ба насли наврас таъкид намудааст, ки ҳар талоше, ки дар роҳи илм сарфи назар аз сахтиҳояш анҷом мепазирад, бенатиҷа нест. Ин таъкидест, ки дар тамоми асарҳои устод Айнӣ эҳсос мешавад.
“Аҳмади девбанд”, “Марги судхӯр”, “Ятим” низ аз зумраи қиссаву ҳикояҳои бо забони содаву малеҳ эҷодшудаи Айнӣ буда, ба завқ ва дарки наврасон мувофиқанд.

“Тобистон”-и Пӯлод Толис
“Тобистон” беҳтарин асари тарҷумаиҳолии Пӯлод Толис аст, ки мувофиқи завқу табъи кӯдакону наврасон эҷод шуда, аз рӯзгори талхи тоҷикбачагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунад. Ин асар соли 1958 эҷод шуда, саргузашти як таътили тобистонаи писаракеро бо номи Ҳасан қисса мекунад. Асар аз моҷарои аз хона гурехтани Ҳасан баъди сарзаниши модараш ба далели аз фурӯшанда фиреб хӯрда, ба ҷойи равған ҷойи фомилӣ харида оваранаш оғоз меёбад ва бо моҷарои зиндагиву тағйири нигоҳи ӯ нисбати нафароне, ки пештар боварашон дошту кунун дар дуроҳа монд, анҷом меёбад.
Ҳасан бо маслиҳату кумаки тағояш Абдулатиф дар таътили тобистонааш ба савдогарӣ машғул мешавад ва ин корро аз бодирингфурӯшӣ оғоз мекунад. Минбаъд ӯ дар савдогарӣ каме собиқа пайдо мекунад ва “турфа шогирде мегардад, ки устодашро дар ҳайрат мегузорад”. Дар идомаи қисса моҷарои гӯсфандхарии ӯ, ҳодисаи керосинфурӯшӣ, шинохти Шокиртарошаву Одилмагазинчиву Султоналихон нақл мешавад. Нигоҳи ӯ нисбати тағояш Абдулатиф, ки қаблан барояш намунаи ибрат буд, тағйир меёбад, махсусан баъди муносибати ӯ ва ноадолатиҳояш бо Қосимҷон, ки хидмати чойхонаи тағояшро анҷом медоду бар ивазаш пашизе намегирифт ва ҳақталабиаш ӯро бесарпаноҳ кард.
Нависанда дар поёни асар қаҳрамонро дар сари дуроҳа қарор медиҳад ва хулосаро ба худи хонанда ҳавола мекунад. Дар дуроҳа қарор гирифтани Ҳасан на танҳо ба тақдири атрофиёнаш тааллуқ дошт, балки ин дуроҳа дар саргаҳи ҳақиқату хиёнат ва муайянкунандаи тақдири минбаъдаи худи Ҳасан буд.

“Ҷонам фидои яхмос”-и Насим Раҷаб
Насим Раҷаб дар ин асар зиндагиномаи бачаҳои камбағалу пойлуч, бепарастор ва заҳматкашро тасвир намудааст. Асар дар бораи саргузашти писараки чордаҳсолае бо номи Фозил қисса мекунад, ки падараш қурбони ҷанг шуда буду масъулияти саробонии хоҳару модар ба дӯши ӯ афтод ва марди хона гардид.
“Ҷонам фидои яхмос” аз тасвири саҳнаи мактаб ва Сангалиев ном муаллими сахтгир, ки Фозил “Ҷангалиев” мегуфт, шурӯъ мешавад ва ҳамин сахтгирӣ ӯро аз мактаб дилмонда мекунаду муддате аз хона ҳам бадар рафта, рӯзҳои дароз дар кӯча бекору беҳуда мегардад. Аммо баъди хаста шудан аз ин оворагардӣ ба хулосае мерасад, ки “одамро кор не, балки бекорӣ мондаю лакот мекардааст”.
Фозилро ҳамроҳи чанд бача ба мактаби дигар интиқол медиҳанд, ки тамоман инро намехост. Аммо ғайри чашмдошти ӯ мудири он мактаб муаллимаи дӯстдоштааш будааст. Бо ҳамин Фозил ба мактаби нав одат мекунад.
Фозил аз хурдӣ бо азобу ранҷу заҳмат нони ҳалол меёфту ба модару апааш дар таъмини зиндагӣ кумак мекард. Хусусан, баъди ба беморӣ гирифтор шудани модараш масъулияту азоби ӯ бештар шуд. Ӯ баъди дарс кор карда чархи зиндагиро мечархонид.

Фозил аввал муддате ба қандалотфурӯшӣ машғул шуда, баъд чойхоначигӣ ва сипас дар дӯкони ҳалвофурӯш яхмосфурӯшӣ мекунад. Эҳтиёҷ Фозили 14-соларо ба кӯраи зиндагӣ меандозад ва ӯ дар ин озмоишгоҳ обутоб ёфта, аз баду неки ҷаҳон, қонунҳои нонавиштаи зиндагӣ, табиати инсонҳо ва фиребу найранг огоҳ мегардад.
Қисса бо огоҳии Фозил аз фиребҳои яхмосфурӯш ба поён мерасад. Фозил медонист, ки пештар чойхоначӣ бо шамма чой дам мекарду ҳалвофурӯш ба яхмос бо шир об илова мекард ва аз тарозу мезаду мабодо ягон нафар бақияи пулашро фаромӯш кунаду баргашта ояд, намедод. Аммо Фозил бо донистани ин ҳама ҳақиқатҳо дар саргаҳи зиндагӣ муаллақ монда буд.
“Қиссаҳои айёми таътил”-и Азизи Азиз
Китоби “Қиссаҳои айёми таътил”-и Азизи Азиз аз се ҷилд иборат буда, воқеаву ҳодисаҳоеро қисса мекунад, ки Диловар ном писараке баъди хатми синфи чор дар таътили тобистона аз сар мегузаронад.
Асар аз тасвири саҳнаи субҳонаи Диловар бо аҳли хонаводааш субҳи якуми июн оғоз мегардад.
Диловар аз ҳар як ҳодисае, ки дар таътил бо дӯстону ҳамдеҳагонаш рух медиҳанд, ибрат мегирад ва бо чашми сар шоҳиди оқибатҳои бади баъзе аз кирдору рафтори одамон шуда, онҳоро барои ҳамешагӣ тарк мекунад. Масалан, Шокири Чилдурӯғ, ки ба дурӯғгӯӣ шуҳрат дошт, баъди дар дарё ғарқ шудану захмӣ шудани сараш ва изтироби модараш аз шунидани хабари “мурдан”-и ӯ қарор кард, ки аз ин амал худро канора гирад, аммо касе бовараш накард. Ҳодисаҳои ба ин шабеҳ ва ҳамчунон пандҳои бобояш, ки посухи ҳар суолро бо сухан неву бо амал нишон медод, дар ӯ бешак асар мекарданд.

Ҷилди дуюму сеюми китоб дар бораи “нависанда” шудани Диловар аст. Ин қисса аз се чистоне, ки тасодуфан ҳангоми дарздӯзии модараш эҷод шуда буд, маншаъ мегирад. Баъдан ӯ ҳикоя навишт ва баръакси қабл, ки ғайр аз китоби дарсӣ тамоман китоб намехонд, китобхон шуд.
Баъде се моҳи таътил вақте Диловар ба синфи панҷ рафт, аллакай аз Диловари се моҳ қабл синфи чорро хатмкарда асаре набуд. Ӯ дар ин се моҳ гӯё се сол бузург шуд ва аз як бачаи футболбози сари кӯча ба нависанда табдил ёфт.
“Фоли қисмат”-и Ғаффор Мирзо
Ғаффор Мирзо, ки асосан бо эҷоди назми кӯдакона шаҳир аст, ба насрнависӣ низ панҷа задааст ва ин кӯшиш ба ҳадаф расидааст. Дар китоби “Фоли қисмат” беҳтарин ҳикоёти таълифнамудаи Ғаффор Мирзо гирд оварда шудаанд, ки моҷарову саргузашти худи нависанда будаанд. Дар ин китоб сарнавишти печидаву пурфоҷиа, ҳаёти талху рӯзгори сангин ва орзуву ормонҳои писараки бекас, хору сарсону овора, аммо ёғиву саркаш ва дар роҳи мақсад устувор тасвир ёфтааст.
“Сагвафо” аз зумраи ҳикоёти муассиру малеҳи ин китоб буда, аз зиндагии зану шавҳаре, ки фарзанд намеёбанду барои тасаллои дили худашон кучукбачаеро дар хона нигоҳ медоранд, қисса мекунад. Марди хона бо саг сахт унс мегирад, вале муносибати ҳамсараш бо сагча чунин набуд. Ин буд, ки баъди каме бузург шудани саг зан аз шавҳараш талаб мекунад, ки сагро аз хона дур кунад. Аммо барои мард, ки ба саг сахт меҳр баста буд, ин кор осон набуд, вале баъди шарт гузоштани занаш маҷбур шуд, ки сагро ба як гӯшаи дурдаст бурда партояд.

Мард вақте сагро гузошта, бо мошин рафт, саг болои пайи соҳибаш ҳалқа зада хобид ва фикр кард, ки соҳибаш нигаҳбонии онро фармуда рафтааст. Рӯзҳо аз ҷояш наҷунбид, ба сагҳои дайду ҳамроҳ нашуд, ба бачаҳо унс нагирифт, обу хӯрок нахӯрд ва соҳибашро интизор шуд. Ҳафт рӯз ба ин тартиб гузашт ва рӯзи ҳафтум виҷдони хӯҷаинаш наосуда, ноором аз ҷойгаҳ баланд шуд ва хост аз маҳалле, ки “ҷиноят” карда буд, гузар кунад. Чун ба он мавзеъ расид, саги харобу лоғару ошуфта, аммо вафодори худро дарёфт ва аз гуноҳи кардаи худ “ба мурдан розӣ шуд”. Гарчанд борҳо аз вафодории саг шунида буд, аммо онҳоро афсона мепиндошт ва баъди ин воқеа мафҳуми “сагвафо”-ро дарк кард.
“Тақдир, тарафи кистӣ?”, “Олиҳаи ҳусн” ва “Набера” низ аз беҳтарин ҳикоёти ин китобанд.
“Панди бобо”-и Ғанӣ Ҷӯразода
Китоби “Панди бобо”-и Ғанӣ Ҷӯразода фарогири қиссаи “Бозгашти хотира” ва шаш ҳикоя аст. Аз ҷумла, номи китоби мазкур ба ҳикояи “Панди бобо” рабт мегирад. Қиссаи “Бозгашти хотира” дар бораи зиндагии мардум дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва душвории рӯзгори мардум дар солҳои аввали истиқрори сулҳ қисса мекунад. Қисса аз бедодгариҳои Аҳмади Ҷаллод ном нафаре оғоз меёбад, ки ба сафи мухолифин ҳамроҳ шуда буду моли мардуми атрофи шаҳрро ғорат мекарду сокинони деҳоти Чанорзор, Яккабед ва Навободро дар тарсу ҳарос нигоҳ медошт. Танҳо мардуми деҳаи Гулистон нофармонӣ мекунанд.

Сужаи қисса минбаъд воқеаҳоеро нақл мекунад, ки дар атрофи Беҳрӯз ном писараке рух медиҳад. Вақте ӯ бо модараш барои шабгузаронӣ ба хонаи хешовандонаш мерафт, аз садои тиру туфанг саросема шуда, дакка хӯрду ба замин меғалтад ва ба болояш сангу рег фурӯ рехта, дар беморхона бистарӣ мешавад. Баъдан маълум мегардад, ки ӯ хотираашро гум кардааст. Дар ҷараёни нақли ҳодисаҳо як қатор мушкили мардум дар он замон, аз ҷумла бепулӣ ва оқибатҳои нохуши он инъикос ёфтаанд.
Дар поёни қисса Беҳрӯз шифо ёфта, хотирааш барқарор мешавад ва яке аз профессорон инро бозгашти хотира меномад ва номи қисса ҳам ба анҷоми неки он рабт гирифтааст.
“Калоба”-и Гулназар Келдӣ
Ин китоби Гулназар Келдӣ маҷмуи ҳикояҳои барои кӯдакон эҷодшудаи ӯ буда, 15 ҳикояро фаро мегирад. Номи китоб унвони як ҳикояи он аст, ки дар бораи гурбачае бо номи Калоба қисса мекунад. Ба гурбача бо он далел чунин ном гузошта буданд, ки майдаяк буду ҳангоми роҳ гаштанаш гумон мерафт, ки калобаи риштаи сиёҳ ғелон-ғелон меравад.

Гулназар Келдӣ дар ҳикоёте, ки дар ин маҷмуа таълиф шудаанд, аз дунёи беғубори кӯдакон қисса мекунад ва баъзе падидаҳои хурдеро, ки ҳар нафар метавонад дар замони кӯдакӣ аз сар гузаронаду барои гуфтан хиҷолат кашад, ошкор мекунад. Гоҳе ҷисми беҷонро ба сухан медарораду гоҳе мӯъҷизаофарӣ. Масалан, дар ҳикояи “Пазмони борон” Қимат ва Норӣ ном ду дугона дар гармои тобистон ниёзи ниҳолҳоро ба об дарк карда, “борон ташкил карданӣ мешаванд”. Онҳо чун мефаҳманд, ки борон аз буғи об пайдо мешавад, ҳарду дар хонаҳояшон чандкосагӣ об меҷӯшонанд, то буғ шаваду ба осмон баромада абр шуда, борон борад.
Дар ҳикояи дигаре бошад, баҳои “ду”-и Бобишоҳро, дар ҳикояти сеюм девор ва қаламҳои рангаро, дар дигарӣ қалъаи куҳнаро ба сухан медарорад ва аз номи онҳо ба кӯдакон панд медиҳад.
“Чӣ сон аълохон гаштам?”-и Баҳром Фирӯз
Китоби “Чӣ сон аълохон гаштам” ҳикояҳои беҳтарини Баҳром Фирӯзро гирд овардааст, ки бо забони басо ҷолибу сода эҳсосоти дунёи содаи кӯдаконро тасвир кардааст. Нависанда мувофиқи завқи кӯдакон аз санъати сухан бомаҳорат кор бурдааст.
“Бузғола ва писарак” намунаи беҳтарини ҳикоёти ин китоб аст. Он дар бораи Дидор ном писараке қисса мекунад, ки тамоман гӯшт намехӯрд ва ҳатто аз дидани усухон ва ё гӯшти хом рангу рӯяш мепарид. Аксарият гумон мекарданд, ки ин нозу хӯи кӯдакона аст, аммо ин сабаби дигаре дошт. Чор сол пеш бузи онҳо дугоник таваллуд кард ва Дидор бо яке аз он ду, ки “Сиёҳак” лақаб дода буд, сахт унс гирифта буд ва рӯзаш бидуни ӯ бемазмун буд.

Аммо рӯзе бехабар аз ӯ падараш бузғоларо ба қассоб дод ва баъде, ки Дидор ба хона баргашт аз шунидани ин хабар ҳуш аз сараш парид ва сӯйи хонаи қассоб давид, ки 6 км масофа дошт. Аммо қассоб ба гиряву нолаи писарак эътибор надод ва бузғоларо ба Дидор барнагардонид. Ягона умедаш ба хонаводааш буд, аммо дар хона талаби ӯро шунида ҳама хандиданд. Рӯзи дигар Дидор боз хонаи қассобро пеш гирифт ва хост ақаллан аз қассоб барои дидан ва додани обу хӯрок ба бузғолааш иҷоза пурсад. Аммо чун ба ҳавлии қассоб расид, пӯсти Сиёҳакро дар тор овезон диду гӯё саг газида бошад, бо гиряву фиғон ба қафо тохт.
“Ҳақиқати талх” низ аз зумраи ҳикоёти ҷолиби ин китоб аст. Он қиссаеро нақл мекунад, ки қаҳрамони марказиаш ҳақиқати талхеро, ки чоряк аср дар дилаш ниҳон буду ёд овардан аз он дард медод, ошкор кардааст. Дар ҳикоя сухан дар бораи писарак ва додари ӯ Салим меравад, ки сагчаеро пайдо мекунанду ба хона меоранд ва аҳли хонавода бо он унс мегиранд. Аммо рӯзе чӯпон сагчаро, ки Алопар ном гузошта буданд, дида, аз онҳо талаб мекунад, ки ба ивази 80 сомонӣ сагчаро фурӯшанд.
Гарчанд дудила мешаванд, аммо ҳирси пул ғолиб меояд ва Алопарро мефурӯшанд. Аммо бо додараш маслиҳат мекунанд, ки дар ин бора ба касе сухан нагӯянд, зеро аз танбеҳи падарашон сахт ҳарос доштанд. Бо вуҷуди ин Салим рӯзе ин сирро ошкор мекунад ва ҳарду аз падар чунон сахт танбеҳ мегиранд, ки то имрӯз надида буданд. Қисса чунин хулоса мекунад, ки “табоҳкориро бо нияти нек пардапӯш кардан кори беҳуда будааст”.

“Ҳикояҳо”-и Азизи Азиз
Китоби “Ҳикояҳо”-и Азизи Азиз фарогири ҳикоёти ҷолибу сода буда, воқеаҳои маъмулии зиндагиро дар шакли зебову ороста бо панду ҳикмат қисса мекунад. Дар ин китоб беш аз 10 ҳикояи нависанда нашр шудааст, аз ҷумла ҳикояҳои “Фозилтабиб”, “Қадри инсон”, “Хӯсабародарон”, “Хоҳиши падар” ва “Гург”.
Ҳикояи “Хӯсабародарон” таҷрибаи донакории ҳафт бародарро нақл мекунад, ки ба умеди гирифтани ҳосили зиёд ду соли худро сарф карданду ҳатто як дона ҳам фоида ба даст наоварданд. Унвони ҳикоя аз он маншаъ мегирад, ки 7 бародарон 3 фасли сол хӯса шуданд, дар офтоб сӯхтанду ба борону бодҳо тоқат оварданд, аммо як танга ҳақ нагирифтанд. Аммо бо вуҷуди ин розӣ аз он буданд, ки медонистанд соли оянда чӣ кор кунанд ва аллакай равиши дурусти донакориро аз хизматгороне, ки заминдор оварда буд, омӯхтанд.
Ҳикояи дигари ин маҷмӯа - “Гург” бошад ибратомӯз ва рамзӣ буда, дар бораи набарди ду гург дар ниҳоди инсон - яке бадрашку ҳарису худбину мағрур ва дигаре орому хайрхоҳу зираку вафодор қисса мекунад. Ҳамчунин дар ин ҳикоя мушкили мактаб дар баъзе манотиқи дурдасти кишвар, ки роҳи тӯлониро тай карда, ба мактабҳои деҳоти ҳамсоя мераванд, инъикос шудааст.

“Худо дӯстдори кист”-и Сафияи Носир
“Худо дӯстдорӣ кист” аз зумраи ҳикояҳои беҳтарини барои кӯдакон эҷодшудаи Сафияи Носир буда, дар он бекориву танбалӣ танқид ва меҳнатдӯстиву кордонӣ тавсиф шудааст.
Ҳикоя аз номи марде нақл мешавад ва бо он оғоз меёбад, ки ӯ дар роҳ ҳамёнеро пайдо мекунад ва воқеаи чандин вақт пеш ҳамёнёбиаш ба хотираш мерасад. Он замон вақте ӯ ҳамёнро аз замин бардошт, аз дохилаш ба ғайр аз лой тангае ҳам пайдо нашуд. Аммо чун ӯ фаҳмид, ки ин фитнаи кӯдакон аст, аз ҷайбаш пул бароварда вонамуд кард, ки онҳоро аз дохили ҳамён пайдо кардааст. Бачаҳо, ки аз каноре назора мекарданд, бо дидани ин ҳол пеши мард омаданду изҳори тааҷҷуб карданд. Мард бошад, ба онҳо фаҳмонидан мехост, ки агар инсон нияти пок дошта бошад, муроди дилаш ҳосил мешавад. Барои исботи иддаояш ӯ қиссаи аз Худо зар талаб кардани Мулло Мушфиқиро нақл мекунад, ки дар он ҳамсояаш аз новадони ӯ занбӯр рехту дар поён ба зар мубаддал гардид. Хулоса, мард бачаҳоро ба меҳнат талқин мекунад ва дар охир кӯдакон мукофоти заҳмати худро мебинанду ба самари хуб доштани меҳнат итминон ҳосил мекунанд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста