Қарори президенти ИМА Доналд Трамп дар мавриди ҷорӣ намудани ба истилоҳ “таърифаҳо (тарифҳо)-и “ҷавобӣ” ба воридот мавриди интиқод дар саросари дунё қарор гирифт. Барои баъзе иттифоқчиёни ИМА тасмими президенти Амрико ногаҳонӣ буд. Хабаргузории ВВС аз таъсири манфии ҷанги тиҷоратии аз ҷониби Вашингтон эълоншуда ва омодагӣ ба роҳандозии чораҳои ҷавобӣ дар Аврупо ва Осиё иттилоъ медиҳад.

 

Ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Мувофиқи амри Доналд Трамп, таърифаҳои нав нисбати ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҷорӣ мешаванд. Меъёри заминавӣ ё ҳадди ақалли боҷи гумрукӣ ба воридоти мол ба ИМА 10%-ро ташкил медиҳад, ки Тоҷикистон ҳам шомили ин рӯйхат аст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо Амрико доду гирифти молии зиёд надорад. Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ИМА дар соли 2024 ба миқдори 15,3 миллион доллар амалӣ шуд. Ин дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар соли гузашта танҳо 0,8% ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба ИМА хушкмева, шираи табиӣ, сангҳои қимматбаҳо ва баъзе маҳсулоти хом, масалан, сурма (ки дар ИМА барои истеҳсоли снарядҳо истифода мешавад) содирот мекунад.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати Тоҷикистон бо Амрико дар соли 2024 ба тахминан 148 миллион доллар расид. Ин 1,6% аз ҳаҷми умумии гардиши тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта мебошад.

Номи Тоҷикистон ҳам дар рӯйхат ҳаст

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи тасмим президенти ИМА вокуниш накардаанд.

 

Тасмими “бераҳмона ва бемантиқ”

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон тасмим Трампро “бераҳмона ва бемантиқ” номида, изҳор доштааст, ки он ба иқтисоди Аврупо таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт.

Ӯ дар Кохи Елисей намояндагони бахши иқтисод, аз ҷумла саноати истеҳсоли вино (шароб)-ро, ки аз таърифаҳо бештар зарар мебинанд, ба ҳузур пазируфта, ба онҳо дастгирӣ аз ҷониби давлатро ваъда додааст.

“Аз маҳсулот ба маблағи 500 млрд, ки аврупоиҳо ба ИМА содир мекунанд, эҳтимол ба зиёда аз 70%-аш таърифаҳо таъсир расонанд. Лекин ин ҳоло бояд тасдиқ шавад”, - гуфтааст Макрон.

Ба гуфтаи вай, айни замон барои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳим аст, ки "дар як даста бозӣ карда", аз худ ҳимоя кунанд. Ӯ таъкид доштааст, ки нерӯи Иттиҳоди Аврупо дар бозораш аст, ки 450 млн истеъмолгар дорад ва ин нишондиҳанда аз бозори амрикоӣ зиёдтар мебошад.

Президенти Фаронса ҳамчунин ба боздошт ё худ таваққуфи сармоягузорӣ аз Фаронса ба ИМА то замони таҳияи иқдомҳои минбаъда дар шароити нав даъват кардааст.

Дар дафтари кории президенти Фаронса Эммануэ Макрон хабар додаанд, ки ба наздикӣ дар Кохи Елисей ӯ намояндагони доираҳои тиҷоратиро ба ҳузур мепазирад.

Доналд Трамп бо ҷадвали кишварҳое, ки ба онҳо боҷи воридотӣ ҷорӣ шуд

 

“Оқибатҳо даҳшатнок хоҳанд буд”. Боз киҳо вокуниш карданд?

Ба гуфтаи раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, тасмими президенти ИМА “зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон аст”. 

"Барои миллионҳо одамон дар саросари дунё оқибатҳо даҳшатнок хоҳанд буд", - гуфтааст ӯ дар Самарқанд (Ӯзбекистон), ки дар он ҷо нишасти "Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо" ҷараён дорад.

Роҳбари Комиссияи Аврупо ҳушдор додааст, ки агар ИМА ба гуфтушунид моил нашавад, Аврупо ҷораҳои ҷавобӣ рӯйи даст хоҳад гирифт.

“Омода шудани бастаҳои аввали чораҳои ҷавобӣ нисбати боҷҳо ба пӯлод дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Ҳозир мо ба чораҳои ҷавобии минбаъда омодагӣ мегирем, то ки дар сурати ба нокомӣ анҷом ёфтани гуфтушунидҳо, аз тиҷорат ва манфиатҳои худ ҳимоя кунем”, - иброз доштааст ӯ.

Ноиби сарвазири Ирландия Саймон Харрис изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо “бояд оромиву мутавозиниро нигоҳ дошта”, илова намудааст, ки “ИА ва Ирландия бар асоси гуфтушунид бо ИМА омодаанд, ки роҳи ҳалро пайдо кунанд”.

Нахуствазири Италия Ҷорҷия Мелонӣ, ки ягона аз роҳбарони Аврупо дар маросими савгандёдкунии Трамп дар моҳи январ ҳузур дошт, қарори ӯро дар бораи таърифаҳо “нодуруст” номида, ваъда додааст, ки “барои ноил гардидан ба созиш бо ИМА ва канорагирӣ аз ҷанги тиҷоратӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад”.

“Мо хостори зиёд шудани монеъҳои савдо ва ҷанги тиҷоратӣ нестем. Ин мардуми моро камбизоатттар ва ҷаҳонро дар дурнамои дарозмуҳлат хатарноктар месозад”, - ҳушдор додааст сарвазири Шветсия Улф Кристерссон.

Вазорати савдои Чин бо пахши як изҳорот иқдоми президенти ИМА-ро маҳкум намуда, таҳдид кардааст, ки барои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои худ тадбирҳои ҷавобӣ рӯйи даст мегирад.

“Дар ҷангҳои савдо ва таърифаҳо ғолибият нест ва ҳимоятгароӣ (протексионизм) роҳи ҳал нест. ИМА-ро лозим аст, ки амали хатои худро ислоҳ созад ва баҳсҳои тиҷоратиро ба ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Чин, ба воситаи машварат бар асоси баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва манфиатҳои мутақобила ҳаллу фасл намояд”, - зикр мешавад дар изҳорот.

Сарвазири Ҷопон Сигэру Исиба изҳор доштааст, ки дар Токио аз озод набудан аз таърифаҳои нав, ки “ба робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, иқтисоди ҷаҳон ва низоми бисёрҷонибаи савдо таъсири бузурги манфӣ мерасонанд, хеле ноумед шудаанд”.

Исиба ваъда додааст, ки дар сурати суҳбати шахсӣ бо президент Трамп аз ӯ бозбинии ин чораҳоро дархост мекунад.

“Дар ҳолати ҷиддӣ гардидани вазъият дар робита ба наздикшавии ҷанги ҷаҳонии таърифаҳо, ҳукумат баҳри рафъи ин буҳрони тиҷоратӣ, бояд ҳамаи имкониятҳояшро истифода барад”, - изҳор доштааст иҷрокунандаи вазифаи президенти Кореяи Ҷанубӣ Хан Док Су.

Вазорати саноати ин кишвар хабар додааст, ки Док Су дастур додааст, ки ҷиҳати дастгирии ҷабрдидаҳо аз ҷорӣ шудани таърифаҳои нав, аз ҷумла соҳаи истеҳсоли автомобилҳо тадбирҳои таъҷилӣ андешида шаванд.

“Дӯстон ин гуна рафтор намекунанд”, - иброз доштааст дар мавриди ҷорӣ шудани боҷҳои амрикоӣ сарвазири Австралия Энтони Албанезе.

“Таърифаҳои дастгоҳи Трамп ҳеҷ мантиқе надошта, ба асосҳои шарикӣ миёни кишварҳои мо мухолифанд”, - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи сарвазири Канада Марк Карни, “бо ин таърифаҳо кишвар бо ёрии чораҳои ҷавобӣ мубориза бурданист ва бо истифода аз нерӯ ҳадафнок амал хоҳад кард”.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Исроил, ки чанде пеш ҳамаи боҷҳои гумрукӣ барои воридоти молҳои амрикоиро бекор карда буд, аз ҷорӣ шудани боҷҳои 17-фоиза аз ҷониби Вашингтон “дар ҳайрат аст”.

“Мо итминон доштем, ки қарори бекор кардани пурраи боҷҳо барои воридоти мол аз ИМА ин иқдомро пешгирӣ хоҳад кард”, — овардаанд онҳо гуфтаҳои яке аз мансабдорони Исроилро.

 

Кадом давлатҳо ба номгӯй ворид нашуданд?

Дар фармони Трамп номи Русия зикр нашудааст. Сухангӯи Кохи Сафед Кэролайн Левитт ба нашрияи "Axios" гуфтааст, ин ба он рабт дорад, ки таҳримҳои амалкунандаи зидди Русия бе ин ҳам “кадом як савдои назаррасро истисно мекунанд”.

Ӯ илова намудааст, ки нисбати Куба, Беларус ва Кореяи Шимолӣ низ боҷҳои нав ҷорӣ нашудааст, зеро таҳримҳои ҷории амрикоӣ нисбати ин кишварҳо бе ин ҳам ҷиддӣ ва шадиданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми савдои ИМА бо Русия масалан, дар муқоиса бо Маврикия ё Бруней, ки нисбаи онҳо боҷҳои нав ҷорӣ шудаанд, зиёдтар аст.

Як манбаи номаш ифшонашудаи "New York Times" дар Кохи Сафед ва вазири молияи ИМА Скотт Бессент дар мусоҳиба ба "Fox News" низ изҳор доштаанд, ки нисбати Русия бинобар сабаби таҳримҳои қаблан ҷоришуда боҷҳо ҷорӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.