Кумитаи дин дар ҳамдастӣ бо Шӯрои уламо ва Маркази исломшиносии ҷумҳурӣ тартиби баргузории маросими азодорӣ ва таъзияро муайян кард.

Дастури муфассали баргузор намудани ин маросимҳо таҳти унвони «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Тоҷикистон» бо теъдоди ним миллион нусха дар матбааи Душанбе ба нашр расид.

Акс аз Asia-Plus

Мувофиқи он, маросими азодориву таъзия дар ҷумҳурӣ бояд тибқи шариати мазҳаби ҳанафӣ, анъана ва маросимҳои ҳамаи халқҳои маҳаллӣ ва халқиятҳои Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида шаванд.

Дар дастур доир ба вақти гузаронидани ҷаноза бо назардошти намозҳои панҷгонаи рӯз, тарзи пардохти ҳақмузди гӯрканон, омода кардани ҷасади марҳум барои ба хок супурдан, шустушӯйи он, тарзи гузоштани майит ба тобут, гиряву нола дар сӯгвории марҳум, чӣ гуна либос пӯшидани наздикони марҳум, ҳузури чӣ гуна касон дар хонаи фавтида, чӣ гуна сарулибос ба бар кардани хешовандону наздикони марҳум ва ғайра муфассал ва ҳамаҷониба маълумот пешкаш мешавад.

Мувофиқи қоидаҳо намози ҷаноза аз ҷониби имомхатибони расмӣ хонда шуда, истифодаи микрофон дар маросими дафну азодорӣ ва зиёд нишастан дар хонаи марҳум баъди ҷаноза барои изҳори таслият манъ шудааст.

Ҳамаи маросимҳои дафну азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бояд бидуни забҳи чорво ва додани таом баргузор карда шаванд. Баргузории дигар маросимҳо, аз қабили «панҷ», «ҷумъагӣ», «шаби ҳафт», «шаби нуҳ», «рӯзи чил», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ» навгонӣ шуморида шуда, баргузории онҳо манъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.