Дар пасманзари 40 млн евро (+ бонусҳо) фурӯхтани футболбози ӯзбек Абдуқодир Ҳусейнов (Хусанов) ба тими “Манчестер Сити”, тасмим гириефтем, ки дар бораи бо чӣ қадар маблағ фурӯхтани футболбозони тоҷик маълумот диҳем.
Ба иттилои портали "Transfermarkt", футболбозони тоҷик бо маблағҳои гуногун фурӯхта шудаанд. Бо назардошти ҳамаи мавсимҳои футбол, рӯйхати гузаштҳо зиёд аст. Ба варақаи радабандии гаронтарин фурӯшҳо ҳамагӣ 22 футболбоз дохил шудаанд.
Ба ин тариқ, гаронтарин фурӯшҳо миёни футболбозони тоҷик гузариши нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи “Зуб Оҳан”-и Эрон дар мавсими 2022/23 ва ҳимоятгар Искандар Ҷалилов ба тими “Истиқлол” дар мавсими слҳои 2018-19 маҳсуб меёбанд. Ҳар кадоме аз муомилоти хариду фурӯш 350 ҳазор евро арзёбӣ шудаанд.
Дар зинаи дуюми гаронтарин фурӯшҳо нимҳимоятгар Хусрав Тоиров қарор дорад, ки дар мавсими солҳои 2022/23 ба маблағи 300 ҳазор евро ба дастаи “Шахтёр”-и Украина гузашт.
Дар мақоми сеюми гаронтарин фурӯшҳо дарвозабон Рустам Ятимов зикр мешавад, ки дар мавсими солҳои 2024/25 бо маблағи 230 ҳазор евро ба дастаи “Ростов” (Русия) фурӯхта шуд.
Дар зинаи чорум ду бозингар - нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Дилшод Восиев қарор доранд. Эҳсон дар мавсими солҳои 2021/22 ба “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ва Дилшод дар мавсими солҳои 2007/08 ба тими “Мика”-и Арманистон гузаштанд. Ҳарду муомилоти хариду фурӯш 200 ҳазор евро арзёбӣ шудаанд.
Ҳамчунин нимҳимоятгар Алиҷони Айнӣ дар мавсими 2023/24 ба тими “Самгурали” (Гурҷистон) ва ҳамлаагр Шериддин Бобоев дар мавсими солҳои 2017/18 ба дастаи “Истиқлол” гузаштанд, ки ҳар кадоме ба маблағи 150 ҳазор евро фурӯхта шудаанд.