Дар ин бора "Astana TV" иттилоъ дода, навиштааст, автобусе, ки ҳомили мусофирон буд, тавассути масири Шимкент-Самара ба Русия ҳаракат мекард. Аммо манбаъ мегӯяд, ин автобус ба далели сардии зиёд ва яхбандии роҳ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон вайрон шудааст.

Маълум нест, ки дар дохили автобус чанд шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Ва ҳам аниқ нест, ки онҳо роҳашонро дубора ба Русия давом медиҳанд ё аз роҳ бармегарданд.

Ба навиштаи манбаъ, наҷотдиҳандагон ҳамаи мусофиронро ба ҷои амну гарм интиқол додаанд.

аз сомонаи baigenews.kz

Ин бори аввал нест, ки автобусҳо дар масирҳои Қазоқистон дар фасли сармо ба мушкил дучор мешаванд. Қаблан 7-уми ноябр низ дар роҳи Самара-Шимкент як автобуси пур аз мусофир, ки аз Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, вайрон шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.