Ояндаи наздик бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ имомхатибони тоҷик барои анҷоми корҳои пешгирӣ миёни муҳоҷирон ба Русия сафарбар мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумитаи дини ҷумҳурӣ Ҳусейн Шокирзода хабар дод, қаблан бо масъалаҳои пешгирии гаравиши муҳоҷирони кории тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ташкилотҳои ҷавонон ва намояндагони парлумон машғул буданд ва акнун ҷиҳати сафар ба Русия як гурӯҳ имомхатибон омодагӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, сохторҳои қудратии Тоҷикистон изҳороти муфтии Маскавро дар бораи гаравиши муҳоҷирони тоҷик ба тундгароӣ асоснок мешуморанд. «Ин масъала таҳти назорати доимии хадамоти махсуси Тоҷикистону Русия қарор дорад», - гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, «маҳз аз Русия даҳҳо муҳоҷирони тоҷик ба Ироқу Сурия рафта, даҳҳо муҳоҷирони дигар ба гумони робита бо террористон аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд, вале сохторҳои қудратии ҳарду кишвар бобати ин масъала робитаи хуб дошта, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоранд».

Коршиноси тоҷик оид ба масъалаҳои Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои ташкилотҳои террористӣ хеле осебпазиранд ва сабабаш дар он аст, ки аксари онҳо зери фишори доимии сохторҳои қудратии Русия қарор доранд, аз ин рӯ, ба чунин ташкилотҳои ифротгаро таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

«Қисмати хеле ками муҳоҷирони тоҷик ба ҷомеаи Русия мутобиқу ҳамгиро шуда тавонистанд, - иброз дошт коршинос. - Боқимондаро террористон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ҷалб мекунанд».

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки гурӯҳи «Хуросон», ки дар борааш муфтии Маскав сухан гуфт, ба ҳеҷ гунае наметавонад ба ивази «Давлати исломӣ» ояд, чунки он як ҷиноҳи «Давлати исломӣ» дар Афғонистон аст.

«Баъди дар Сурияву Ироқ заъиф шудани мавқеи «Давлати исломӣ», имрӯз барои онҳо ҷойи муносиб Афғонистон аст, - қайд кард номбурда. - Тибқи маълумоти хадамоти иктишофии ИМА, аввали соли ҷорӣ аз 2 то 3 ҳазор аъзои «Давлати исломӣ» дар Афғонистон меҷангиданд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.