Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2024, ки рӯзи 20 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисбои 2:1 мағлуб намуда, ба Ҷом соҳиб шуд. Барои тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳ 13 ҳазору 250 тамошобинон ҳузур доштанд.
Ҳамаи голҳои бозӣ дар қисми 1-уми бозӣ ба ҳадаф расонида шуданд. Ҳисоби бозӣ дар дақиқа 11-ум кушода шуд. Легионери “Хуҷанд” футболбоз аз Камерун аз беэҳтиётӣ тӯбро ба дарвозаи худ ворид намуд.
Баъди шаш дақиқа ин дафъа легионери “Регар-ТадАЗ” аз Гана тӯби дуюмро ба дарвозаи ҳариф равон кард. Дар дақиқаи 36-ум ҳимоятгари “Хуҷанд” Фирӯз Қараев як тӯбро ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” ба ҳадаф расонид. То охири бозӣ ҳисоб дигар тағйир наёфт.
Бо пирӯзӣ бар “Хуҷанд” дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бори ҳафтум ба дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон ноил гардид.
Пеш аз ин дастаи “Регар-ТадАЗ” солҳои 2001, 2002, 2005, 2006, 2011 ва 2012 ба ин комёбӣ даст ёфта буд.
Ба ғолиби вохӯрӣ ба ҷуз Ҷом, ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ва дастаи иштирокчии бозии финалӣ - 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.
Ғайр аз ин, дорандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2024 ҳуқуқ пайдо намуд, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё-2 дар мавсими солҳои 2025/2026 намояндагӣ кунад.
Дар мавсими солҳои 2001/2002 низ ин дастаҳо дар бозии финалии Ҷоми футболи ҷмуҳурӣ рақобат карда, он вақт “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуда буд.
Қобили зикр аст, ки дастаи “Хуҷанд” барои роҳ ёфтан ба бозии финалии Ҷом 100 ҳазор сомонии ваъдагиро гирифта буд. Барои пирӯзӣ дар финал низ ҳамин қадар маблағ ваъда шуда буд, лекин хуҷандиҳо бозиро бохтанд.
Ҳамлагари дастаи “Регар-ТадАЗ” легионер Квадво Фримпонг аз Гана беҳтарин бозингари вохӯрии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2024 эътироф шуд.