Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як мардро барои дуздии телефон аз масҷид се сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора сомонаи ин додгоҳ хабар дод.
Манбаъ, аз ин мард Амиршоев У. ном бурда, навиштааст, ки рӯзи 11-уми июни соли равон ҳангоми адои намози аср аз масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Тошмухамедови ноҳияи Хуросон телефони се намозгузорро дуздидааст. Арзиши умумии онҳо 5600 сомонӣ гуфта мешавад.
Додгоҳ ӯро барои такроран дуздӣ кардан (моддаи 244 қисми 2 бандҳои "а,в" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) се сол ба зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Маълум нест, ки ӯ пештар дар куҷо ва чӣ дуздӣ кардааст.
Назари худи муттаҳам ва наздикону пайвандонаш ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест.
Дуздӣ аз масҷид дар Тоҷикистон, ки ҷои муқаддас барои мардуми мусулмон ба ҳисоб меравад, хеле кам рух медиҳад.
Қаблан соли 2020 дар овони авҷи бемории коронавирус, ки масҷидҳо дар Тоҷикистон баста буданд, мақомот як сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро барои дуздии манбаъҳои хотиравӣ (базаҳо), мониторҳо ва камераҳои мушоҳидавӣ аз 16 масҷид боздошт карда буданд.
“Нисбат ба сокини ноҳияи Вахш Шамсиддин Давлатови 39-сола, ки ба як силсила дуздиҳо гумонбар дониста мешавад дар зодгоҳаш ва ноҳияи Кӯшониён ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, - гуфта буд ВКД Тоҷикистон.
Маълум нест, ки Давлатов барои ин кирдор чӣ ҷазо гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста