Хонандаи синфи 9 аз шаҳри Душанбе Манижа Тошболтаева дар барномаи «Удивительные люди»-и телевизионии «Россия 1» қобилияти истифодаи ҳисоб (арифметика)-и зеҳниро дар ҳаёти имрӯза намоиш дод.
Духтари тоҷик бо чашмонаш суръати ҳаракати автомашинаро муайн кард, ки барои ин қобилияташ узви ҳакамон ӯро «духтар - радар» номиданд.
Манижа 15-сола буда, дар мактаби назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳсил мекунад. Муддати як сол аст, ки бо ӯ дар Академияи ҳисоби зеҳнии «Империя знаний» дар пойтахти Тоҷикистон аз ҳисоби зеҳнӣ машғулият мегузаронанд. Ин ҷо кӯдакони синии аз 5 то 17-сола таҳсили илм мекунанд.
Шумо бо суроғаи зерин ба ҷонибдории Манижа овоз дода метвавонед. Овоздиҳӣ то 28 октябр идома меёбад. Дар сомонаи шоу иттилоъ дода мешавад, ки ҷоизаи асосӣ 1 млн. рубл мебошад.