Фарқият байни содироту воридоти Тоҷикистон дар соли 2024 ба таври назаррас афзуд. Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 7,9 млрд долларро ташкил додааст, ки 17,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ҷумҳурӣ ба маблағи 1,7 млрд доллар молу маҳсулот содир намуда, ҳаҷми воридот 6,2 млрд долларро ташкил дод.
Ба ин тариқ, тавозуни савдо манфӣ шуда, зиёда аз 4,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 3,6 баробар зиёд аст. Ёдрас мекунем, ки дар ҳамин давраи соли 2023 ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 2,4 баробар зиёд буд.
Тоҷикистон чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ҳудуди нисфи содироти ҷумҳуриро дар соли равон фулузот (металлҳо) ташкил доданд, аз ҷумла 20% фулузоти гаронбаҳо ва 27% - фулузоти арзон ва маснуот аз он (аюминий).
Дар сохтори содирот ҳиссаи зиёд (ҳудуди 29%)-ро инчунин семент, маъдан ва консентратҳо, ангишт, нерӯи барқ, яъне ашёи хоми гуногун ташкил медиҳад. Ҳудуди 15% ба ҳиссаи маҳсулоти нассоҷӣ (нахи пахта ва масунот аз он) рост меояд.
Дар воридот ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ (12,2%) мошин ва таҷҳизот (11,5%), фулузоти арзон ва маснуот аз он (9,3%) ва фулузоти гаронбаҳо (ҳудуди 6%) зиёдтар аст.
Фулузоти гаронбаҳоро ҷумҳурӣ дар моҳи май, замони қариб ба 2400 доллар расидани нархи як унсияи троянии тилло ворид кард. Дар ҳамин ҳол, моҳи феврал, вақте ки як унсияи троянии тилло каме зиёдтар аз 2000 доллар нарх дошт, баръакс ҷумҳурӣ қариб ба маблағи 300 млн доллар фулузоти гаронбаҳо содир кард.
Дар зарфи 11 моҳ ҷумҳурӣ бо 117 кишвари саросари дунё муомилоти савдо анҷом дод. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (ҳудуди 1,8 млрд доллар), Чин (зиёда аз 1,7 млрд доллар) ва Қазоқистон (қариб 1,2 млрд доллар) маҳсуб меёбанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста