Дар гузаргоҳи Ойбеки марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд садҳо нафар навбат мепоянд. Онҳо мегӯянд, сарҳадбонон касонеро, ки ба онҳо пул медиҳанд, бенавбат мегузаронанд.
«Одамон барои гузоштани муҳр ва убури марз соатҳо мунтазир мешаванд. Аз ҷониби Ӯзбекистон навбатпойӣ нест, ҳарчанд дар он ҷо низ ду корманд нишастаанд», - хабар медиҳад сокини Тоҷикистон аз он ҷо, ки нахост номаш ифшо гардад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, «ҷониби Тоҷикистон бархе аз одамонро бидуни навбат ба убури марз иҷозат медиҳад, барои ин пул пардохт кардан лозим будааст».
«Се нафар ҷавонон, ки паҳлӯи мо меистоданд, шиносномаҳояшонро ба касе дода, ӯ ба дохил даромад, тиреза пӯшида шуда, баъди чанде онҳо шиносномаҳояшонро гирифтанд ва сарҳадро гузаштанд, дигарон бошанд, ҳанӯз дар навбатпойӣ истодаанд», - гуфт ӯ.
Муаллифи хабар аз гузарогоҳи Ойбек мутмаин аст, ки дар ин нуқтаи сарҳадӣ навбатпойӣ сунъӣ ташкил мешавад, то ки одамон ба пардохти пул ба онҳо маҷбур шаванд.
«Касоне, ки бидуни навбат аз сарҳад гузаштанд, ба дигарон хабар доданд, ки «10 ҳазор сӯм пул мегиранд», - қайд кард манбаъ ва дар ҳамин ҳол изҳори тааҷҷуб намуд, ки сарҳадбонони тоҷик сӯми ӯзбекӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, гузаргоҳи Дӯстии шаҳри Турсунзода низ серодам аст.
«Навбатпойӣ асосан баъди соати 9 сар мешавад, - мегӯяд як манбаъ аз ин гузаргоҳ. - Аммо одамон аз пултамаъкунии ғайриқонунӣ шикоят надоранд. Ҳозир иловагӣ одамон ҷудо карданд, ки дар шиносномаҳо қайд мегузоранд. Акнун кори иҷозати гузаштани марз ба одамон каме ҷон гирифт».
Дар гузаргоҳи «Саразм - Ҷартеппа» дар Панҷакент мардум аз рафтори дағалонаи сарҳадбонон ва гумрукчиёни тоҷик шикоят мекунанд. «Лекин аз ҳодисаҳои порагирӣ чизе нашунидаем», - мегӯяд сокини маҳаллӣ.
Қобили зикр аст, ки баъди бекор шудани реҷаи раводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, марзи кишварҳоро ҳамарӯза беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон мегузаранд ва ин шумор торафт дар ҳоли афзоиш аст.
«Навбатпойиҳое, ки баъзан дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуҷуд меоянд, ҳолати муваққатӣ буда, раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар фурсати наздиктарин баҳри ҳалли ин мушкилот тамоми тадбирҳои заруриро рӯи даст мегирад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон тадриҷан шумори ҳайати сарҳадбононро дар марз бо Ӯзбекистон зиёд мекунад, то ки аз навбатпоийиҳои зиёд пешгирӣ карда шавад.
Дар робита ба шикоятҳои расида ба «Азия-Плюс» аз шаҳрвандон бобати аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик талаб шудани пора аз майдафурӯшон, Улуғхоҷаев таъкид дошт: «ин кор ғайриимкон аст, чнуки ҳамаи нуқтаҳои назорати сарҳадӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ муҷаҳҳазанд».
Дар ин робита, номбурда ба шаҳрвандон пешниҳод намуд, ки дар сурати аз ҷониби сарҳадбонон тамаъ шудани пул, ба раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон муроҷиат кунанд: «имтинон медиҳам, ки ягон муроҷиат бе посух намемонад».
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.