Дар дафтари кории гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни аксбардорони нахустин Фестивали бодбаракҳо (воздушные змеи) доир гардид. Туҳфаҳоро намояндагони созмондиҳандаи ин озмун - ширкати «Оби зулол/RC-cola» ва гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» супурданд.

Се ғолиб аз рӯи шумори аз ҳама бештар писандидагон (лайк) дар Инстаграм муайян карда шуданд.

Зинаи аввал ва телевизор ба донишҷӯи курси сеюм, зодаи шаҳри Истаравшан  Дониёрхӯҷа Баҳромзода супурда шуд, ки бештар писандида шуда, ӯ барои фестивал ҳамроҳи дӯстонаш бодбараки махсус сохта буд.


Ба мақоми дуюм ва смартфон Фирӯз Бақоев соҳиб шуд, ки ҳамроҳи ҳамсараш дар фестивал ҳузур дошта, беҳтарин акси бардоштаашро аз телефон ирсол намуд.


Донишҷӯ Шукрулло Худойбердиев ҷойи сеюмро ишғол намуда, ба ӯ оташдон (микроволновка) ҳадя шуд. Бо аксбардорӣ аз ҷараёни фестивал ӯ дар Инстаграм як албоми комилеро гузошт.


Ҳамаи иштирокчиён ба гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол» миннатдорӣ изҳор намуда, дархост карданд, ки ин фестивал соли оянда низ барпо шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар фестивал ҳазорон нафар ширкат варзида, ин чорабинӣ аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол/RC-cola» ташкил карда шуд. Фестивал бо дастгирии мақомоти шаҳрдории Душанбе ва дар ҳамшарикӣ бо ширкатҳои Tcell, «Тоҷик Эйр» ва «Гедеон Рихтер» баргузор шуд.