Пайвандони чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон, ки дар доираи “парвандаи табадуллот” боздошт шуданд, барои ҳимояи ҳуқуқӣ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Омбудсмен дар Тоҷикистон муроҷиат накардаанд.
Дар доираи ин парванда, 1 вакили парлумон ва раиси пешини ҳизби демократ, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ ва 2 маъмури бознишастаи амният асосан бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар мешаванд.
Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯз, 27-уми январ гуфт, ки аз қазияи боздошт ва мурофаҳои ин чеҳраҳо огоҳ аст ва ҳама хабарҳои ба ин парванда алоқамандро пайгирӣ мекунад.
Ӯ гуфт, аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудааст, ки пайвандони наздикони боздоштшударо ба мурофаҳо роҳ надодаанд ва танҳо вакилони дифоашон ширкат кардаанд.

“Вале бо вуҷуди он мо коре карда наметавонем, зеро аз номи пайвандони касони боздоштшуда ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон шикояте ворид нагардидааст”, - гуфт Умед Бобозода.
Ба гуфтаи Ваколатдор, ҳоло дар ин вазъ дахолат ба фаъолияти мақомоти додгоҳ ғайриимкон аст, зеро парванда мӯҳри “махфӣ” дорад.
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Пасон дастикам 7 чеҳраи дигар ба тадриҷ боздошт шуданд. Дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 23 то 30 соли зиндон хоста буд:
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон, раиси пешини ҲДТ 30 сол;
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷаи Тоҷикистон 30 сол;
Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;
Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини аввали раиси ҲСДТ 24 сол;
Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон 23 сол:
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини яке аз раёсатҳои ВКХ 23 сол;
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ 23 сол.
Ёдовар мешавем, ки ҳамаи чеҳраҳои шинохта дар мурофаи рӯзи 22-юми январ суханони охирини худро дар додгоҳ гуфтанд ва додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Дар мурофаи баъди интизор меравад, ки алаҳи чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистон ҳукм содир гардад. Он кай баргузор мешавад, маълум нест.
Ҷузъиёти парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.





Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста