Чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон, ки дар доираи “парвандаи табадуллот” беш аз 6 моҳ боз дар боздоштанд, дар мурофиаи имрӯза охирин суханони худро гуфта, бегуноҳии худро таъкид ва аз додгоҳ хостаанд, ки онҳоро озод кунанд. Ҳоло додрас ба хонаи машваратӣ рафтааст, то ба эълони ҳукм омода шавад.

Дар доираи ин парванда, 1 вакили парлумон ва раиси пешини ҳизби демократ, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ ва 2 маъмури бознишастаи амният асосан бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар мешаванд.

Ду манбаи огоҳ аз қазия ба “Азия-Плюс” гуфтанд, имрӯз, 22-юми январ дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) ҳама чеҳраҳои шинохта ва як вакили дифоъ, ки дар мурофиаи гузашта бо сабаби беморӣ ширкат варзида натавонист беш аз 5 соат суханони охирин худро гуфта, далелҳои иловагӣ пешниҳод кардаанд.

Ба гуфтаи манобеъ, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз ба нафақа баромадан пурра ба роҳи илм равона шуда, аз сиёсат канор рафта буд.

Ӯ барои ин ҳарфаш чандин мақолаҳои илмӣ ва китобҳои навиштаашро пешниҳод карда, иттиҳомоти алайҳаш зикршударо рад карда, аз додгоҳ озодиашро талаб намудааст.

Инчунин, манобеъ гуфтанд, ки Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта ва гумонбари дигари ин парванда, низ ҳама иттиҳомоти зиддаш эълоншударо пурра рад карда, гуфтааст, ки “ватандӯсти ҳақиқӣ асту умрашро ба роҳи рафъи мушкилоти давлату миллат сарф кардааст”.

Вай низ аз кори илмӣ ва китобу мақолаҳоаш таъкид карда, гуфтааст, ки “дар расонаҳо ҳамеша бо ҷонибдории манфиатҳои миллӣ мусоҳиба додааст”.

Инчунин, иттиҳоми маҳалгароиро рад карда, далел овардааст, ки аз дигар манотиқи кишвар келин кардаву духтар ба шавҳар додааст.

Маълум нест, ки дигар гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” дар охирсухани худ чиҳо гуфтаанд, вале ба гуфтаи ду манбаъи мо, ҳамаи гумонбарон аз додгоҳ озодии худро талаб кардаанд.

Қаблан, дар мурофиаи рӯзи 14-уми январ вакилони дифои гумонбарон аз додгоҳ озодии зерҳимояашон ва қисме сабук кардани ҷазо ба онҳоро хоста буданд.

Мурофиаи баъдӣ, ки ба эҳтимоли зиёд ҳукм эълон шавад, маълум нест, ки кай баргузор мешавад.

Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

Мақомот расман дар ин бора иттилое намедиҳанд. Додгоҳ ба ин парванда ҳукми махфӣ ҳам задааст. Аз ин рӯ, ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногуни ғайрирасмӣ мебошад.

Ҳамчунин, назари худи гумонбарон, наздикон ва вакилони дифои онҳо маълум нест. Наздикон ва вакилони дифоашон аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Додситон дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулоти давлатӣ” аз 23 то 30 соли зиндон хоста буд:

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон, раиси пешини ҲДТ 30 сол;

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷаи Тоҷикистон 30 сол;

Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;

Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини аввали раиси ҲСДТ 24 сол;

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон 23 сол:

Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини яке аз раёсатҳои ВКХ 23 сол;

Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ 23 сол.

Ёдовар мешавем, ки ин чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистон ба тадриҷ давоми соли 2024 дастгир шуданд. Ҷузъиёти парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.