Айбдоркунандаи давлатӣ ба Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон 30 солӣ зиндон талаб кардааст. Додситон дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 20 то 30 соли зиндон хостааст.
Ду манбаи “Азия-Плюс” ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба мутаҳҳамон чунин ҳукмҳоро талаб кард:
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон, раиси пешини ҲДТ 30 сол;
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷаи Тоҷикистон 30 сол;
Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон 23 сол:
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини яке аз раёсатҳои ВКХ 23 сол;
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ 23 сол;
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини аввали раиси ҲСДТ 20 сол.
Дар бораи талаби айбдоркнандаи давлатӣ Радиои Озодӣ ҳам аз қавли манбаъҳои худ хабар дода, инчунин навиштааст, ки додситон ба ду палковники бознишастаи КДАМ Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев низ дар доираи ин парванда 26 солӣ ҳукми зиндон талаб кардааст.
Мақомот расман дар ин бора ҳарфе нагуфтанд. Аз ин рӯ, ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун мебошад.
Ҳамчунин, назари худи гумонбарон, наздикон ва вакилони дифои онҳо маълум нест. Наздикон ва вакилони дифоашон аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.
Вале қаблан, қариб ҳамаи мутаҳамон дар додгоҳ айбномаи табадуллоти давлатиро рад карда буданд.
Баъди талаби ҳукм аз сӯи додситон, дар мурофиаи дигар гумонбарон суханони охирини худро мегӯянд. Баъд аз он додрас ба хонаи машваратӣ меравад. Ҳоло маълум нест, ки мурофиаи баъдӣ кай баргузор мешавад.
Боздошти чеҳраҳо аз кай оғоз шуд ва чаро онҳо дастгир шуданд?
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев боздошт шуданд.
Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.
Мурофиаи аввали онҳо рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд ва ҳамаи ин равнад дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.
Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.
То кунун дар парвандаи онҳо кадом иттиҳомот ҷамъ омадааст ва чиҳо расонаӣ гаштааст, дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста