Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон феҳристи номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо)-и ҷумҳуриро ба нашр омода мекунад. Баъди нашри он ва тасдиқи қарори дахлдор ҳамаи номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои забони муосири тоҷикӣ корбаст мешаванд.

Раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки худи мардум талаб мекунанд, ки номҳои маҳаллаҳои аҳолинишин, ки ба анъанаҳои миллати тоҷик мутобиқ нестанд ё дар шакли таҳрифшуда талаффуз мешаванд, иваз карда шаванд.

“Комиссияҳои мо ба деҳаву ҷамоатҳо рафта, бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронанд, онҳо моро самимона пешвоз мегиранд”, - иброз дошт Шарофзода.

Ба гунаи мисол ӯ аз деҳаи Пору ном гирифт: “Бо такя ба сарчашмаҳо ва маводи бойгонӣ, мо муайян кардем, ки номи деҳаи Пору аз калимаи Пойрӯд (варианти дигар - Порӯд) бармеояд, яъне “рӯде, ки дар поин, назди пойҳо қарор дорад”.

Шарофзода далели дар Тоҷикистон хеле зиёд такрор шудани номи “Истиқлол” ва “Ваҳдат” дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва мавҷуд будани тарзҳои гуногуни номи шахсони бузургро эътироф намуд: ҷойе номи Сино, дар дигаре - А.Сино ва дар макони сеюм - Абӯ Алӣ ибни Сино.

Раиси Кумита иттилоъ дод, ки ба наздикӣ феҳристи номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон нашр шуда, дар он ҳамаи номҳои ҷуғрофӣ мувофиқи меъёрҳои забони муосири тоҷикӣ корбаст мешаванд.

Пас аз ин номи маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар иншооти ҷуғрофиии кишвар набояд ба дигар забон, аз ҷумла русӣ тарҷума шаванд.

Тавре маълум аст, номҳои ҷуғрофии тоҷикии “Кӯлоб”, “Ҳисор”, “Панҷакент”, “Мастчоҳ” ва ғайра маъмулан дар забони русӣ “Куляб”, “Гиссар”, “Пенджикент”, “Матча” навишта мешаванд.

Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки баъзе номҳо бо забони русӣ мувофиқи меъёрҳои ин забон номҳои маъмулии худро нигоҳ медоранд.

Масалан, номҳои “Куляб” ва “Гиссар” ҳанӯз то барқарор шудани сохти шӯравӣ қабул шуда буданд. Аз ин рӯ, анъанаи таърихӣ боқӣ мемонад, лекин чунин номҳо каманд. Номҳои нави ҷуғрофиро бошад, уҳдадор мешаванд, ки ба монанди навишти забони тоҷикӣ нависанд.

Шарофзода ҳамчунин ба журналистон тавсия дод, ки номҳои ҷуғрофии хориҷиро зимни навиштан ба тоҷикӣ таҳриф накунанд.

“Ба ҷойи “Русия” номи дурусти ин давлат - “Россия”, ба ҷойи “Маскав” - “Москва” ва ба ҷойи “Узбакистон” - “Ӯзбекистон”навиштан лозим аст”, - илова намуд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.