Рӯзи 20-уми феврал генерал-полковник Саидамир Зуҳуров 69-сола шуд. Дар хонаи генерал дастурхони идона ороста шуда, собиқ ҳамкорону дӯстон ва шогирдону ҳамсояҳояш ба табрики ӯ омаданд.

Генерал ҳар кадоме аз меҳмононро шахсан пешвоз гирифта, хушомадед мегӯяд.

- Зодрӯз муборак, Саидамир Зуҳурович! Худро чӣ хел ҳис мекунед?

- Ташаккур. Худоро шукр, ҳозир хеле беҳтар, - табассум мекунад генерал.

22-юми январи соли 2018 генерал Зуҳуровро бо сактаи мағзӣ (инсулт) дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи боло) бистарӣ карданд. Вазъи бемор хеле бад буд – кома. Садҳо нафар аз ин нигарон шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба генерал орзуи шифоёбии ҳарчи зудтар мекарданд. Ӯ аз бистари беморӣ бархоста, имрӯз худро хеле беҳтар ҳис мекунад.

Маъмулан, муносибати рӯзноманигорон бо роҳбарони хадамоти махсус на он қадар саҳлу сода аст, аммо генерал Зуҳуров истисност – аксари ҳамкасбони мо ӯро самимона ҳамчун корманди ҳирфаӣ ва шахсияти арзанда эҳтиром мекарданду мекунанд. Чаро?

Дар ин робита аз ҳодисаи соли 1997 ёдовар мешаванд, вақте ҷангиёни Ризвон Содиров як гурӯҳ кормандони СММ ва журналистонро гаравгон гирифтанд. Он замон вазири амният Саидамир Зуҳуров як худаш бидуни муҳофизону силоҳ ба назди ҷангиён рафта, пешниҳод кард, ки онҳоро озод кунанду худи ӯро гаравгон гиранд. Табиист, ки барои чунин амал ҷасорати зиёд лозим ва на ҳар кас ба ин қодир буд. Рӯзноманигорон инро дар хотир доранд ва қадр мекунанд.

Аммо гап танҳо сари он ҳодиса нест. Пас, боз чӣ?

- Шояд дар он бошад, ки ман ҳам ба рӯзноманигорон бо эҳтиром муносибат мекардам. Онҳо кори худро доранд, мавқеъ ва андешаи худро изҳор мекунанд, ки шояд ба ман писанд нест. Ин муқаррарист… Бо онҳо кор кардан лозим ва на ҳамеша ин осон аст. То ҳол дар ёд дорам, ки бархе аз журналистон ба ман соати 4-и субҳ занг мезаданд – масалан, Галина Ивановна Гриднева, хабарнигори ИТАР-ТАСС. Мехостанд аз ман хабари фаврӣ бигиранд ё рӯйдодеро шарҳ бидиҳам. Дар ин ҳолат чӣ кор ҳам мекунӣ!, - механдад генерал. - Ба ҳамкоронатон – рӯзноманигорон саломи маро расонед!

“Азия-Плюс” барои эҳтиром кардани Зуҳуров сабаби худро дорад. Охири солҳои 90-ум мо тасмим гирифтем, ки дар Душанбе радиои худро боз кунем, аз ЮНЕСКО таҷҳизот гирифта, барои дарёфти иҷозатнома дархост пешниҳод кардем.

Муддати хеле зиёд посухи расмӣ набуд. Баъдан фаҳмидем, мансабдори воломақоме, ки масъули омӯзиши дархости мо буд, ба дастгоҳи президент чунин хулоса пешниҳод кардаст: “Ба “Азия-Плюс” набояд иҷозатнома дода шавад, зеро онҳо аз ташкилоти хориҷӣ таҷҳизот гирифтааст, биноан, манфиатҳои миллиро ҳимоя намекунанд...”.

Он замон Саидамир Зуҳуров ба ҳайси вазири амнияти Тоҷикистон кор мекард ва мо ба қабули ӯ рафтем.

- Хоҳиш дорем, ки моро бисанҷед ва агар ҷосус бошем, ба ҳабс гиред, вале агар шаҳрвандони муқаррарӣ бошем, кумак расонед…

Генерал арзи моро шунида, бидуни андешаронии зиёд мустақиман дар назди мо ба дастгоҳи президент занг зад:

- Ман “Азия-Плюс”-ро хуб медонам ва кафили онҳо мешавам, ба ин бачаҳо кумак расонед…

То ифтитоҳи радиои мо боз хеле вақт гузашт. Лекин он рафтори генералро мо ҳамеша дар ёд дорем...

Зодрӯз муборак, Саидамир Зуҳурович! Ҳамеша солиму бардам бошед!

Умед Бобохонов ва Саидамир Зуҳуров, 20-уми феврали соли 2020
Asia-Plus

МАЪЛУМОТНОМАИ “Азия-Плюс”:

Генерал-полковник Саидамир Зуҳуров 2-юми феврали соли 2016 аз вазифаи сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ба нафақа баромад. Дар ин ниҳод ӯ муддати беш аз 10 сол – аз 5-уми декабри соли 2006 фаъолият кард.

Соли 1951 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ.

Соли 1977 баъд ази хатми мактаби Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) дар Минск ба ҳайати кадрии ин ниҳод шомил шуда, то соли 1981 ба сифати корманди фаврӣ дар Раёсати Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб ифои вазифа кардааст. Солҳои 198 -1984 дар Афғонистон машғули иҷрои вазифаҳои махсус буд.

Аз соли 1987 дар вазифаҳои муовини сардор ва сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи амнияти давлатӣ дар вилояти Хатлон кор кардааст.

Соли 1992 Саидамир Зуҳуров ба вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Идомаи фаъолияти корӣ:

1996 - 1997 – вазири корҳои дохилӣ;

1997 - 1999 – вазири амнияти Тоҷикистон;

1999 - 2005 – муовини сарвазири Тоҷикистон, масъули бахши сохторҳои қудратӣ;

Аз 10-уми январи соли 2005 – раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии ҶТ – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ;

Аз 5-уми декабри соли 2006 то 2-юми феврали соли 2016 – сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон.

Бо ордени «Спитамен» дараҷаи аввал (20.02.2013с.), орденҳои “Красное Знамя”, “Барои ҷасорати шахсӣ”, “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи дуюм мукофотонида шудааст. “Ходими шоистаи Тоҷикистон”. Боз бо чандин мукофотҳои Тоҷикистон, кишварҳои ИДМ ва Афғонистон қадрдонӣ шудааст

Оиладор, соҳиби 8 фарзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.