Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев дар Telegram-канали худ навишт, ки муҳоҷирон пулҳои дар Русия коркардаашонро ба ватан фиристода, ба болоравии қурби доллар мусоидат мекунанд. Ӯ чун як вакили муҳоҷирситез шинохта шудааст.
Ин вакили парлумон аз миқёси маблағи аз иқтисоди Русия баровардашуда, ки ба қавли ӯ "бо интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба кишварҳои худ алоқаманд аст" нигаронӣ кард.
Тавре ки eanews.ru менависад, ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ин маблағ ба бозори асъор таъсири назаррас мерасонад ва рублро заиф мекунад.
"Миллионҳо муҳоҷире, ки дар Русия фаъолият доранд, ҳар сол маблағи коркардаи худро ба ватан мефиристанд. Ҳарчанд маълумоти дақиқ дар бораи ин интиқолҳо дар солҳои охир махфӣ нигоҳ дошта мешаванд, иттилои дастрас нишон медиҳад, ки сухан сари даҳҳо миллиард доллар меравад", — иброз доштааст Матвеев.
Бино ба маълумоти ӯ, соли 2023 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ба 5,7 млрд доллар расид, ки тақрибан ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) - ин кишвар баробар аст.
Маблағе, ки аз Русия ба Қирғизистон фиристода шудааст, тақрибан аз се як ҳиссаи ММД ва пули интиқолшуда ба Ӯзбекистон - 12-15% (зиёда аз 14,5 млрд доллар)-и ММД-и ин кишвраҳоро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои назаррас инчунин ба Гурҷистон (зиёда аз 2 млрд доллар), Арманистон (зиёда аз 3 млрд доллар) ва Қазоқистон ирсол мешаванд.
Матвеев зикр кардааст, ки муҳоҷирон ҳар сол дар бонкҳои Русия даҳҳо миллиард доллар асъор мехаранд, ки ин талабот ба долларро зиёд карда, қурби рублро поин мебарад.
Ӯ инчунин изҳор дошт, ки "бисёре аз кишварҳои дӯст аз ИДМ алайҳи бонкҳои Русия таҳримҳо ҷорӣ карда, аз кор бо кортҳои “МИР” даст кашиданд, ки интиқоли рублро ба ин кишварҳо аз Русия душвор кардааст".
“Ин муҳоҷиронро маҷбур мекунад, ки асъорро аз Русия ба таври нақдӣ бароранд, ки ин фишорро ба қурби рубл бештар мекунад”, - илова намудааст ӯ.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин изҳор дошта буд, ки паст шудани қурби рубл бо баланд шудани сатҳи таваррум вобаста аст.
Ба иттилои хабаргузории ТАСС, рӯзи 28 ноябр президенти Русия Владимир Путин зикр карда буд, ки “вазъияти вобаста ба қурби рубл таҳти назорат аст ва асосе барои нигаронӣ вуҷуд надорад”.
Бояд гуфт, ҳафтаи гузашта қурби пули Русия – рубл якбора поён рафт. Тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои 2-юми декабри соли 2024, 1 рубли русӣ тахминан 0,1 сомонӣ (10 дирам) иваз карда мешавад. 1000 рубли русӣ бошад, 100 сомонӣ мубодила мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Матвеев яке аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатии Русия аст, ки сари чанд вақт барои назорати муҳоҷирон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи онҳо изҳорот медиҳад ва пешниҳодҳо мекунад. Аз ҷумла, ӯ яке аз нафароне буд, ки ба ташкили "баталйони тоҷикӣ" ва сафарбарии он ба ҷанг алайҳи Украина пофоширӣ мекард.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста