Ба ин савол посухи дақиқ ва ба таҳлили ҳамаҷониба асосёфта пайдо кардан душвор ва ҳатто ғайриимкон аст. Зеро миллионҳо муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия кор меёбанд, соҳиби маблағ мешаванд ва чархаи зиндагии худро дар ватан гардиш медиҳанд. Дар баробари ин, муҳоҷирони меҳнатӣ қувваи назарраси корӣ дар Русия ҳастанд ва бидуни онҳо иқтисоди ин кишвар метавонад ба мушкили ҷиддии норасоии коргар рӯбарӯ шавад. Махсусан, дар ҳоле ки ин кишвар солҳост ба мушкили демографӣ гирифтор аст.

Як таҳқиқи пойгоҳи корҷӯӣ SuperJob собит кардааст, ки дар Русия шумораи ҷой кории холӣ зиёд шуда, теъдоди корҷӯён коҳиш ёфтааст.

Ин пойгоҳи тадқиқотӣ аз 1000 мудир оид ба кадри корхона ва ташкилотҳо аз 206 шаҳри Русия пурсидааст, ки “Оё дар коргоҳатон норасоии коргар эҳсос мешавад?”.

Аксарияти кулл, яъне 81% посух додаанд, ки эҳсос мешавад, танҳо 11% гуфтаанд, ки эҳсос намешавад ва 8% дар посух додан душворӣ кашидаанд.

Бештар аз ҳама корхонаҳои миёна (83%) ва бузург (83%), ки зиёда аз 100 ҷойи корӣ доранд, ба коргар эҳтиёҷ доштаанд.

Бештар аз ҳама кадом бахшҳо ба коргар эҳтиёҷ доранд?

Норасоии коргар дар бахши истеҳсолӣ бештар ва дар бахши молияву бонкдорӣ нисбатан камтар эҳсос мешудааст.

- Истеҳсолот – 90%

- Нақлиёт ва логистика – 89%

- Хидматрасонӣ – 88%

- Технологияи иттилоотӣ – 87%

- Сохтмону меъморӣ – 82%

- Савдо – 80%

- Бонкдорӣ ва молия – 80%

Норасоии кормандон дар корхонаҳои Русия дар ҳоле, ки ба навиштаи ин пойгоҳ “80 дарсад корфармоён дар соли 2023 маошро баланд карда, 50 дарсади дигар баландшавии минбаъдаи маошро дар ояндаи наздик ба нақша гирифтаанд”.

Бояд зикр кард, ки норасоии кадрӣ дар Русия сол то сол бештар мешавад. Тибқи иттилои пойгоҳи иттилоотии CNEWS, ки бо такя ба маълумоти мақомоти Русия оид ба меҳнат ва омор норасоии кадрӣ дар ин кишварро таҳлил кардааст, талабот ба нерӯи корӣ дар Русия давоми панҷ соли охир қариб се баробар бештар шудааст. Агар дар семоҳаи аввали соли 2020 барои як корҷӯ 0,8 ҷойи кори холӣ рост меомад, пас ин нишондиҳанда дар семоҳаи сеюми соли 2024 ба 4,9 ҷойи кори холӣ баробар шудааст. Яъне давоми панҷ моли охир талабот ба коргар тамоюли афзоянда доштааст.

 


Эътирофи эҳтиёҷ ба қувваи корӣ

Эҳтиёҷи Русия ба муҳоҷиронро мақомдорони худи ин кишвар ҳам эътироф мекунад.

Аз ҷумла, аввали соли ҷорӣ Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як ҳамоише зикр кард, ки эҳтиёҷ ба нерӯи корӣ ба маротиб зиёдтар аз теъдоди корҷӯён аст.

“Дар бозори кор 2,5 миллион нафар коргар намерасанд... Ин 2,5 маротиба бештар аз сатҳи бекорӣ мебошад. Миқдори бекорони расмӣ, тибқи маълумотҳои расмӣ, тақрибан 460 ҳазор нафар аст”, - гуфт ӯ.

Ӯ пештар ҳам эҳтиёҷи кишвараш ба муҳоҷиронро эътироф карда буд: “Русия ба ҷалби шаҳрвандони нав..., аз ҷумла ба воридшавии одамон аз хориҷ ниёз дорад. Ҳангоми рушди иқтисод, мо аллакай норасоии қувваи кориро эҳсос мекунем. Ба зудӣ ин мушкилот хеле намоён мешавад ва метавонад монеаи воқеии рушди иқтисодӣ гардад. Ин яке аз масъалаҳои ҷиддӣ аст”.

Путин ягона мақомдори Русия нест, ки эҳтиёҷ ба муҳоҷиронро эътироф мекунад. Чанде пеш, Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия низ ҳузури муҳоҷиронро барои рушди муттасили кишвараш зарур шуморид.

“Муҳоҷирон – ин талабот аст. Гап сари он, ки дар мо вазъи демографӣ ташвишовар аст. Мо дар давлати калонтарин зиндагӣ мекунем, аммо кам ҳастем. Барои рушди муттасил, иҷрои ҳамаи нақшаҳои рушд, албатта барои мо нерӯи корӣ лозим аст. Мо онҳоро танҳо истиқбол мекунем”, - гуфт Песков.

Моҳи сентябри соли 2024 Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия дар як ҳамоиш гуфт, дар соҳаи сохтмони Русия норасоии қувваи корӣ ба 200 ҳазор нафар мерасад.

Олга Борисова, намояндаи ширкати “РосКо – Консалтинг ва аудит” бар ин назар аст, ки Русия барои рушди иқтисоди худ ниёз ба ҷалби аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷирон дар як сол дорад.

Соҳаҳое, ки фаъолияти муҳоҷиронро манъ карданд

Новобаста ба эҳтиёҷи зиёд ба нерӯи корӣ дар Русия, мақомоти ин кишвар бо ҳар роҳ фаъолияти озоди муҳоҷиронро маҳдуд мекунанд.

Аз ҷумла, моҳе пеш Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро барои баррасӣ қабул кард, ки фаъолияти муҳоҷиронро дар бахшҳои маориф ва тандурустӣ манъ мекунад.

Бар иловаи ин, мақомоти баъзе манотиқи Русия ин рӯйхатро такмил дода, фаъолияти муҳоҷиронро дар бахшҳои дигар низ манъ карданд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Липетск ва Курск фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаи нақлиёт ва логистика, дар вилояти Амур фаъолияти муҳоҷирон дар 27 бахш, аз ҷумла савдо, боркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ манъ гардид.

Бар замми ин, Русия пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав, сиёсати худро дар қиболи муҳоҷирон шадид кард ва ба санҷишу ихроҷи бемисли онҳо пардохт.

Дар мавриди теъдоди ихроҷшудагон иттилои расмӣ дода намешавад. Танҳо Гулнора Кенҷа, вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ зикр кард, ки танҳо дар нимсоли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия баргаштаанд. Бо назардошти идомаи сиёсати зиддимуҳоҷирон дар Русия ва эҷоди маҳдудиятҳои зиёд, ин маълумот метавонад бештар бошад.

Ҳамчунин, Русия рӯйхати шахсони назоратшаванда дар ин кишварро тартиб дод, ки дар он беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонуншикан ба қайд гирифта шудаанд ва барои теъдоде аз онҳо ихроҷ таҳдид мекунад.

Як манбаъи асосии даромад

Аммо дар баробари ин, таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки саҳми муҳоҷирон дар рушди иқтисоди ватани худ назаррас аст. Аз ҷумла, Анвар Бобозода, мудири тарҳи муҳоҷират дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чанд рӯз пештар гуфт, ки “ягон соҳаи хоҷагии халқ ба мисли муҳоҷирати корӣ имкон надорад, ки ҷамъияту давлатро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ намояд”.

Ӯ гуфт, муҳоҷирон дар соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристоданд. Ин пул ба 49,2 дарсади ММД-и Тоҷикистон баробар будааст. Аммо мақомоти расмӣ ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.

Тибқи иттилои расмии Оҷонси омори Тоҷикистон, давоми панҷ соли охир теъдоди аҳолии қобили меҳнат пайваста зиёд мешавад. Ва қисме аз онҳо бекоранд.

 

Таносуби аҳолии қобили меҳнат ва бекорони расмӣ

“Маҳаллиҳо кор намекунад”

Муҳоҷирон барои бозори меҳнат дар Екатеринбург аҳамияти муҳим доранд, мегӯяд иқтисоддон ва таҳлилгари молиявӣ Виталий Калугин. Ӯ изҳор мекунад, ки маҳдуд кардани дастрасии муҳоҷирон ба ҷойҳои корӣ метавонад ба оқибатҳои ногувор расонад.

"Аксарияти онҳо ба корҳое машғуланд, ки сабук нестанд, тахассус намехоҳанд ва музди кам доранд. Маҳаллиҳо аз корҳое ба монанди фаррошӣ, тамизкорӣ, фурӯшандагӣ, ронандагӣ ва корҳои оддӣ худдорӣ мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки агар маош баланд шавад, маҳаллиҳо ин ҷойҳоро мегиранд. Аммо баланд кардани маош барои ин гуна корҳо мувофиқ нест", – зикр мекунад Калугин. 

Фаррух Мирзоев, раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои миллӣ-фарҳангии вилояти Свердловск ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони фарҳангии "Сомон" бар ин назар аст, ки муҳоҷирон дар соҳаҳое фаъолият мекунанд, ки аҳолии маҳаллӣ ба онҳо таваҷҷуҳ надоранд.

“Ман фикр мекунам, ки минтақа бе муҳоҷирон наметавонад. Агар маҳдудиятҳо ногаҳонӣ ҷорӣ шаванд, сохтмон, нақлиёт, хӯроки умумӣ ва савдо зарар мебинанд. Маҳаллиҳо бо ин музд коре, ки муҳоҷирон мекунанд, намекунанд”, - гуфтааст ӯ.

Талош барои коҳиши вобастагӣ аз як кишвар

Омори муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳамеша баҳсбарангез аст. Мақомоти Русия мегӯянд, ки соли 2023 беш аз 8,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия худро ҳамчун муҳоҷири корӣ сабти ном кардаанд.

Аз ҷумла, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз 1 млн ва дар баъзе ҳолатҳо то 2 млн гуфта мешавад. Вале Тоҷикистон ҳамеша мегӯяд, ҳудди 600-700 ҳазор тоҷик дар Русия кор мекунанд.

Масалан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте дар Остона дар соли 2022 дар бораи ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, ки ба ӯ маълумоти нодуруст додаанд. Путин як рӯз пеш гуфт, дар Русия ду миллион муҳоҷири тоҷик ҳаст.

“Ду миллион нафар нест, бештар аз ду миллион нафар ба Русия сафар мекунанд, вале нафақат барои кор. Барои кор фақат 600 ҳазор нафар мераванд. Бақия ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд. Бубинед, соли оянда 50 дар сад коҳиш меёбад, чунки роҳҳо бастаанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Агар омори мақомоти Русияро, ки мегӯяд, ба ин кишвар 8,5 млн муҳоҷир ворид шуда, тахминан 2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистонанд, таҳлил кунем, тахминан 23 дарсади муҳоҷирони Русияро шаҳварндони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Аммо тибқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯяд, тахминан 600 ҳазор шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, пас ҳудуди 7 дарсади муҳоҷирони дар Русия бударо шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ду кишвари аслии фиристандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия, солҳои охир барои гуногунсамт кардани бахши муҳоҷират ва ба ин васила, коҳиши вобастагии муҳоҷирон аз як кишвар талош мекунанд.

Дар ду-се соли охир ин ду кишвар бо давлатҳое чун Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Олмон, Лаҳистон ва кишварҳои дигари арабиву аврупоӣ созишномаҳо оид ба ирсоли муҳоҷирони кориро имзо карда, теъдодеро ҳам фиристоданд. Аммо теъдоди дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ин кишварҳо фиристода шудаанд, маълум нест.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки на танҳо муҳоҷирон ба бозори меҳнати Русия эҳтиёҷ доранд, балки Русия низ бидуни нерӯи кории муҳоҷирон наметавонад суботи иқтисодии худро таъмин намояд. Махсусан дар ҳоле, ки ин кишвар бо мушкили бузурги демографӣ гирифтор аст ва сол то сол нерӯи корӣ дар ин кишвар коҳиш меёбад, барои рушди иҷтисодиву иҷтимоӣ ба нерӯи муҳоҷирон эҳтиёҷ бештар мешавад. Мисле, ки сухангӯи раиси ҷумҳури Русия Песков зикр мекунад, бузургтарин давлати дунё ҳамеша ба нерӯи корӣ, яъне муҳоҷирони корӣ ҳамеша эҳтиёҷ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.