“Ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон 75 дарсад зиёд шуд”, “Муҳоҷирон интиқолдиҳандаи ВНМО”, “Иқтисоди Тоҷикистон аз пули муҳоҷирон вобаста аст”... аз ҷумлаи садҳо сарлавҳаи матолиби расонаҳои таблиғотии Русия аст, ки бо ҳадафи дасткорӣ ва бо такя ба омору изҳороти зидду нақизи мақомдорони рус интишор мешавад. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат омору изҳороти мақомдорони рус мухолифи воқеият аст, аммо расонаҳои таблиғотии Русия онро бидуни санҷиш, батакрор ва дар сархати расонаҳои худ интишор мекунанд.
Коршиносон сабаби нашри маълумоти таҳрифшударо ташаккули афкори манфӣ нисбат ба муҳоҷирон ва ба ин васила, фароҳам овардани замина барои нақзи ҳуқуқи онҳо медонанд, ки барои мақомоти интизомӣ ва роҳбарияти Русия ҷиҳати нигоҳ доштани нуфуз ва тақвияти манфиатҳои ин кишвар айни муддао аст.
Таблиғоти маълумоти таҳрифшуда ва дасткории он на танҳо дар ҷомеаи Русия ҳисси бадбинӣ нисбати муҳоҷиронро бештар кардааст, ҳамчунин дар ҷомеаи Тоҷикистон низ теъдодеро бовар кунонидааст, ки бидуни таҳлил, санҷиш, далели воқеӣ ва қазовати додгоҳ ҳамватанони худро чун омили афзоиши ҷинояткорӣ, интиқолдиҳандаи беморӣ ба ин кишвар муаррифӣ намоянд ва бовар кунанд, ки қариб ними мардони Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири меҳнатанд. Омили аслии чунин бардошт фаъолияти озодонаи расонаҳои зиёди таблиғотии Русия дар Тоҷикистон аст. Тадқиқоте, ки Internews Europe дар соли 2023 анҷом дод, исбот мекунад, ки баъди моҳи феврали соли 2022, нуфузи ривоятҳои расонаҳои Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Дар асоси ин тадқиқот 17 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъро аз телевизионҳои Русия мегиранд.
Таблиғот яке аз василаҳои дастёбӣ ба ҳадафҳои роҳбурдӣ аст, ки давлатҳои гуногун моҳирона истифода мекунанд. Масалан, ИМА ҳангоми ҷанг дар Ветнам ё пеш оғози ҳамла ба Ироқ, ДОИШ барои ҷалби ҷанговарон аз ин васила зиёд истифода карданд. Ин васила дар ҳар ҷо ва якранг истифода мешавад. Аммо дар ин мавод мо оид ба муҳоҷират ҳамчун василаи дасткорӣ ва таблиғот барои расидан ба ҳадафҳои роҳбурдӣ сухан мекунем. Мо бо истифода аз омори расмии ду кишвар ва нақли қаҳрамонҳову назари коршиносони соҳа нишон медиҳем, ки чӣ гуна мақомоти расмии Русия маълумоти зидду нақиз ироа мекунанд, расонаҳои рӯ ба ҳукумати ин кишвар бо истифода аз ин омори ғайри қобили эътимод дасткорӣ ва воқеиятро таҳриф мекунанд.
Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” якҷо бо рӯзноманигорони расонаҳои “ТоболИнфо” аз Қазоқистон ва “Anhor.uz” аз Ӯзбекистон лоиҳаи “Шамъ”: таъсири таблиғоти Русия ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ”-ро оғоз мекунад.
Силсиламатолибе, ки дар доираи ин лоиҳа нашр мешавад, мавзӯи ҳадафи таблиғоту дасткорӣ қарор гирифтани омори вобаста ба муҳоҷират, ташвиқи ногузирии “ҳамзистии кишварҳои пасошӯравӣ” дар пасманзари истеъморзудоӣ дар минтақа, истифодаи нерӯи нарм барои таъсир дар сиёсатгузории кишварҳои минтақа ва дар маҷмуъ таъсири таблиғоти расонаҳои Русия ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро фаро мегиранд. Дар ин матолиб бо муқоисаи омори расмиву нақлҳои муҳоҷирону сокинони кишварҳои минтақа ва назари мақомоти расмиву коршиносон мавзуъҳои зикршуда мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегиранд.
Мақсади лоиҳа такмили дониши иттилоотӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба хатари таблиғот ва пайомадҳои он аст, ки ҳамарӯза бештар шуда, аз ҷониби кишварҳои гуногун моҳирона истифода мешавад. Ҳадафи ниҳоӣ баррасӣ ва ташреҳи ин масоил барои ҳифзу тақвияти соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатҳои минтақа аст.
“Батл”-и роҳбарони мақомоти интизомии Русия бо омори ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон
Омори ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон яке аз серистеъмолтарин маълумоте аст, ки ҳам мақомдорон ва ҳам расонаҳои Русия аз он барои манфӣ муаррифӣ кардани чеҳраи муҳоҷирон истифода мекунанд.
Махсусан, солҳои охир ин омор аз ҳарвақта бештар дасткорӣ ва таҳриф мешавад. Ба ҳадде, ки мақомдорони Русия омори якдигарро зери шубҳа мегузоранд:
- 8 феврали соли 2024 ВКД-и Русия гузориш дод, ки ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба соли 2022 3% коҳиш ёфтааст.
- 26 марти соли 2024, додситони кулли Русия Игор Краснов зикр кард, ки шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар соли 2023 то 75% афзудааст.
- Апрели соли 2024 вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев гуфт, ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар соли 2023 3% коҳиш ёфтааст, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин.
- Июни соли 2024 раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷиронро зикр карда, гуфт, “дар зарфи 4 моҳи аввали соли 2024 муҳоҷирон 14 ҳазору 70 ҷиноят содир кардаанд. Таҷовуз ба номус 40% ва ҷиноятҳои вазнин - 13% афзудааст”.
- Июли соли 2024 намояндаи ВКД-и Русия Ирина Волк хабар дод, ки дар 6 моҳи аввали соли 2024 ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон 6,4% коҳиш ёфт.
- Августи соли 2024 Ирина Волк дар бораи 3,1% коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар 7 моҳи аввали соли 2024 маълумот нашр кард. Ба қавли ӯ, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин 9,2%, куштор 14% ва ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар 21,7% кам шудааст.
- Сентябр 2024 Бастрикин гуфт, соли 2024 муҳоҷирон 23 ҳазору 847 ҷиноят содир карда, нисбат ба соли пешин ҷиноятҳои вазнин 12% боло рафтааст.
Ин ҳама дасткорӣ ва таҳрифи иттилоъ на танҳо дар ҷомеаи Русия, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ асар кардааст. Теъдоде зери ин дасткории расонаҳои Русия, бидуни қазовати додгоҳ, бовар кардаанд, ки ҳамватанони онҳо омилони ҷинояткорӣ ҳастанд.
Аз ҷумла, чанде пеш як Саъдулло Хоҷазода, додситони тоҷик дар ҳамоише, бе қазовати додгоҳ ва собит шудани гуноҳ, эътироф кард, ки гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и канораи Маскав, гунаҳкоранд.
Воқеият чист?
Дар асл, таҳлили омори Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар 20 соли охир собит мекунад, ки изҳороти мақомдорони рус ва матолиби бар пояи он таҳияшудаи расонаҳои таблиғотии Русия муболиға аст. Шумори ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда дар Русия, ки мақомоти ин кишвар дар аксар ҳолат аз афзоиши бесобиқаи он гузориш медиҳанд, коҳиш ёфтааст. Ҳиссаи ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия содиршуда ҳам каме бештар аз 3 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар 20 сол 4% коҳиши ҷинояткорӣ
Таҳлил нишон медиҳад, ки шумораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар солҳои гуногун тағйир ёфтааст. Давоми солҳои 2003–2009 воқеан болоравии мизони ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон ба мушоҳида расида, дар шаш сол ба сурати умум 42,8% афзудааст. Вале соли 2010 ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли пешин 15,5% коҳиш ёфт.
Аз соли 2010 ҷинояткорӣ рӯ ба коҳиш ниҳод: дар зарфи нуҳ сол (2010–2019) сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон 28,7% коҳиш ёфт. Агар дар соли 2010 шаҳрвандони хориҷӣ 48 ҳазору 992 ҷиноят содир карда бошанд, пас то соли 2019 ин рақам то ба 34 ҳазору 917 адад поин рафт.
Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки изҳорот дар бораи афзоиши "бесобиқа" ба маълумоти расмӣ мувофиқат намекунад: тағйирот ҳамеша будааст ва ҳеҷ гоҳ ба таври мунтазам афзоиши чашмрас мушоҳида нашудааст.
Тайи чанд соли ахир (2020–2023) афзоиши начандон зиёди ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ - 13,2% сабт шудааст, ки онро метавон ба таъсири иҷтимоӣ-иқтисодии пандемия ва бад шудани шароити меҳнати муҳоҷирон марбут донист.
Агар дар соли 2020 муҳоҷирон 34 ҳазору 400 ҷиноят содир карда бошанд, пас то соли 2023 ин рақам то ба 38 ҳазору 936 адад боло рафтааст.
Қобили зикр аст, ки дар омори ВКД-и Русия ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҷудогона зикр мешавад. Ҳиссаи ҷиноятҳое, ки шаҳрвандони ИДМ содир кардаанд, ба ҳисоби миёна дар 20 соли охир 88 дарсади ҷиноятҳои содиркардаи хориҷиёнро ташкил медиҳад.
Дар соли 2023 қариб 12 млн шаҳрванди хориҷӣ ба Русия ворид шудаанд. Аз ин наздики 10 млн шаҳрванд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошанд. Аз ин теъдод, беш аз 8,5 миллион худро ҳамчун муҳоҷири корӣ дар ин кишвар сабти ном кардаанд.
Коҳиши мунтазам дар ду соли охир
Изҳороти мансабдорони рус дар аксар ҳолат ба афзоиши ҷинояткорӣ дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 марбутанд. Аммо таҳлили омори моҳона ва семоҳаи ду соли охир тамоюли баръаксро нишон медиҳад: дар соли 2024 шумори ҷиноятҳо нисбат ба соли 2023 коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввал сатҳи коҳиш 7,8%, семоҳаи дуюм - 6,4% ва дар зарфи 8 моҳ - 5,28%-ро ташкил медиҳад.
34 адад аз 1000 ҷиноят
Ҳиссаи ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар 20 соли охир ба ҳисоби миёна тақрибан 3,4% аз шумораи умумии ҷиноятҳои таҳқиқшуда дар Русияро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки аз ҳазор ҷиноят 34-тоаш аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шудааст.
Ҳиссаи аз ҳама бештари ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда дар солҳои 2022 ва 2023 - 3,9% ба қайд гирифта шудааст. Нишондиҳандаи камтарин дар соли 2003 ба мушоҳида расида, 2,7%-ро ташкил додааст.
Масалан, дар соли 2020 муҳоҷирон 34 ҳазору 400 ҷиноят содир карда, шумори умумии ҷиноятҳои тафтишшуда дар Русия тақрибан 1 млн 42 ҳазор ададро ташкил дод. Дар соли 2023 бошад, муҳоҷирон 38 ҳазору 936 ҷиноят содир карданд, ки 3,9% аз шумораи умумии ҷиноятҳои таҳқиқшударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба сурати умум ҳудуди 998 ҳазор ҷиноят содир шуда буд.
Эътирофи гуноҳ зери шиканҷа
Омори расмии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон, ки мақомоти Русия ироа мекунанд, низ қобили эътимод нест ва метавонад муболиға бошад. Зеро шеваи боздошти мармузи муҳоҷирон ва ифтитоҳи парвандаҳои шубҳаовар нисбати онҳо, тафтишоти норӯшан ва бидуни дастрасии муттаҳамон ба вакили дифоъ, ҳукмҳои ноодилонаву ба назар нагирифтани эҳтимолияти бегуноҳӣ ва дар умум, нақзи густурдаи ҳуқуқи муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия шаҳодати ғайри қобили эътимод будани омори ҷинояткорӣ дар ин кишвар аст.
Расонаҳо дар хусуси бо иттиҳоми беасос ва сохта боздошту зиндони шудани муҳоҷирон зиёд навиштаанд, аммо ин вазъро тағйир надодааст.
Тақдири панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаву аз ҷониби мақомоти рус боздошт ва баъдан бо иттиҳоми шубҳаовар равонаи зиндон шуданд, гувоҳи ин аст.
Сангинмурод Мусофиров, Шаҳромҷон Мусофиров, Нуралӣ Дӯстов, Анваршоҳ Авезов ва Абӯбакр Санҷаровро кормандони Хадамоти амнияти федеролии Русия 15-уми сентябри соли 2021 дар Екатеренбург боздошт карданд. Даҳ нафари дигаре, ки ҳамроҳи онҳо боздошт шуда буданд, баъдан аз Русия ихроҷ гардиданд. Аммо ин панҷ нафар барои “ташкили гурӯҳи террористӣ ва иштирок дар он” муттаҳам шуданд.
Пайвандони боздоштшудагон мегӯянд, онҳо аз ночорӣ ва танҳо барои кор ба Русия рафта буданд ва ҳеҷ қонуну қоидаеро вайрон накарда буданд. Ҳамчунин, бо ҳеҷ гурӯҳи мамнӯъ низ робита надоштанд.
Ховар, яке аз боздоштшудагоне, ки баъдтар ба Тоҷикистон истирдод гардид, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баъди боздошт “ду рӯз бидуни обу хӯрок ва дар ҳуҷраи сард нигоҳ доштанд ва зери шиканҷа эътирофи гуноҳ гирифтанд”.
Азизмурод Мусофиров, яке аз пайвандони боздоштшудагон, ки аз рӯзи боздошт то содир шудани ҳукм ва ҳоло низ барои исботи бегуноҳии хешовандонаш талош мекунад, дар суҳбат ба мо гуфт, ки “онҳо бо иттиҳоми сохта боздошт шуданд ва шиканҷа шуданд”.
Пайвандони боздоштшудагон мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз боздоштшудагон бо вакили дифоъ таъмин набуданд ва дар додгоҳ, ки пӯшида баргузор гардид, имкони собит кардани бегуноҳии худро надоштанд.
Додгоҳи Русия баъди тахминан ду соли боздошт, Сангинмурод Мусофирову Абубакр Санҷаровро “дар ташкили созмони террористӣ ва ҷалби одамон ба он” муттаҳам дониста, аввалиро 25 ва дувумиро 24 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Се гумонбари дигари парванда Анваршо Авезов 18 сол, Нуралӣ Дӯстов 17 сол, Шаҳромҷон Мусофиров 16 сол зиндонӣ ва 350-ҳазоррублӣ ҷарима шудаанд.
Наздикони онҳо, аз ҷумла Азизмурод Мусофиров иттиҳомотро беасосу сохта хонданд. Мақомоти Русия ҳам ҳеҷ далели собиткунандае пешниҳод накарданд.
Ин ягона ҳодисае нест, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба таври мармуз боздошт шудаву бо иттиҳоми терроризм муттаҳам мешаванд. Соли 2021 рӯзноманигорони “Новая газета” як нақшаеро ошкор карданд, ки тибқи он мақомоти амниятӣ кор мекунанд. Аввалан, полис муҳоҷиронро бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир мекунад. Нисбати онҳо барои “майдаавбошӣ” ё “итоат накардан ба амри қонунии корманди милитсия” парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, ба муддати 10-15 рӯз дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта мешаванд. Ва баъд муҳлати боздоштро тамдид карда, дар ниҳоят алайҳи муҳоҷири боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд.
"Талвосаи тарс" талош барои ҳифзи нуфуз ва қаноатдиҳии ҷомеаи муҳоҷирситез?
Коршиносон сабаби муносибати хашини мақомоти Русия бо муҳоҷирон, дасткории омори таҳрифшуда аз сӯйи расонаҳои ин кишварро навъе аз талош барои нигоҳ доштани нуфузи коҳишёфта дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва қоноат додани ҷомеаи муҳоҷирситези Русия медонанд.
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки масоили таблиғотро таҳқиқ кардааст ва ҳаводиси вобаста ба муҳоҷиронро пӯшиш медиҳад, зикр мекунад, ки Русия ба хотири ҳифзи нуфузи то ин замон дар Осиё Марказӣ доштаи худ, ки дар солҳои охир бо тақвияти равобит бо қудратҳои дигар, аз ҷумла Чину Ҳинду Олмону Амрико коҳиш ёфтааст, аз “қарта”-и муҳоҷирон ҳамчун фишанг ва омили таъсиррасон истифода мекунад ва ҳадафҳои геополитикии худро пеш мебарад.
Ӯ таъкид мекунад, ки аз ин иқдомоти Русия ва таъсири бади таблиғоти расонаҳои рус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб огоҳанд, аммо алайҳи он ба таври кофӣ вокуниш намекунанд, ки ин албатта хатарнок аст ва пайомади бад дорад.
Кӣ муҳтоҷ аст: Русия ба муҳоҷирон ё муҳоҷирон ба Русия?
Ба ин савол посухи қотеъ додан ғайриимкон аст. Аммо ин нукта дақиқ, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия дар баробари маблағ ба даст оварда, ба кишвари худ фиристодан, ҳамчунин қувваи назарраси кории ин кишварро ташкил медиҳанд ва бидуни онҳо иқтисоди ин кишвар метавонад ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шавад. Махсусан, дар ҳоле ки ин кишвар ба мушкили демографӣ гирифтор аст.
Як таҳқиқи пойгоҳи корҷӯӣ SuperJob собит кардааст, ки дарвоми як соли охир дар Русия шумораи ҷой кории холӣ 57 дарсад афзуда, теъдоди корҷӯён 2 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аз 1000 мудир оид ба кадри корхонаҳо ва ташкилотҳо аз 224 шаҳри Русия 85 дарсад гуфтаанд, ки дар корхонаашон норасоии корманд эҳсос мешавад.
Синни миёнаи корҷӯён низ дар як соли охир 2-3 сол зиёд шудааст. Масалан, ронандаи мошини боркаш аз 42 то 44 сола ва борбардор аз 32 то 35 сола боло рафтааст.
Бахши саноати истеҳсолӣ бештар аз ҳама ниёзманди коркар будааст. Теъдоди эълонҳое, ки дар ин бахш ҷойгир карда шудаанд, дар як сол 122 дарсад афзудааст.
Дар соҳаи сохтмон шумораи ҷойҳои корӣ дар як сол 31 дарсад, соҳаи нақлиёту логистика 35 дарсад, бахши хидматрасонӣ 36 дарсад, тиҷорати чакана 24 дарсад зиёд шудааст.
Норасоии кормандон дар ҳоле, ки ба навиштаи ин пойгоҳ “80 дарсад корфармоён дар соли 2023 маошро баланд карда, 50 дарсади дигар баландшавии минбаъдаи маошро дар ояндаи наздик ба нақша гирифтаанд”.
Эҳтиёҷи Русия ба муҳоҷиронро мақомдорони худи ин кишвар ҳам эътироф мекунад.
Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури пешини Русия ҳанӯз соли 2011 гуфта буд, “Русия наметавонад аз ҷалби қувваи кории муҳоҷирон даст кашад ва барои воридшавии онҳо монеа эҷод нахоҳад кард”.
"Муҳоҷирон дар қаламрави кишвари мо вазифаҳои хеле муҳимми меҳнатиро иҷро мекунанд. Ва ҳар касе, ки дигар хел мегӯяд, ҳақиқатро пинҳон мекунад."
Ҳамчунин, соли 2020 Владимир Путин, раиси ҷумҳури кунунии Русия гуфт, ки ин кишвар барои рушди иқтисодӣ ба воридшавии муҳоҷирон ниёз дорад.
"Русия ба ҷалби шаҳрвандони нав..., аз ҷумла ба воридшавии одамон аз хориҷ ниёз дорад. Ҳангоми рушди иқтисод, мо аллакай норасоии қувваи кориро эҳсос мекунем. Ба зудӣ ин мушкилот хеле намоён мешавад ва метавонад монеаи воқеии рушди иқтисодӣ гардад. Ин яке аз масъалаҳои ҷиддӣ аст", - гуфта буд ӯ.
Мар моҳи сентябри соли 2024 Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия дар як ҳамоиш гуфт, дар соҳаи сохтмони Русия норасоии қувваи корӣ ба 200 ҳазор нафар мерасад.
Олга Борисова, намояндаи ширкати “РосКо – Консалтинг ва аудит” бар ин назар аст, ки Русия барои рушди иқтисоди худ ниёз ба ҷалби аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷирон дар як сол дорад.
"Маҳаллиҳо кор намекунад"
Муҳоҷирон барои бозори меҳнат дар Екатеринбург аҳамияти муҳим доранд, мегӯяд иқтисоддон ва таҳлилгари молиявӣ Виталий Калугин. Ӯ изҳор мекунад, ки маҳдуд кардани дастрасии муҳоҷирон ба ҷойҳои корӣ метавонад ба оқибатҳои ногувор расонад.
"Аксарияти онҳо ба корҳое машғуланд, ки сабук нестанд, тахассус намехоҳанд ва музди кам доранд. Маҳаллиҳо аз корҳое ба монанди фаррошӣ, тамизкорӣ, фурӯшандагӣ, ронандагӣ ва корҳои оддӣ худдорӣ мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки агар маош баланд шавад, маҳаллиҳо ин ҷойҳоро мегиранд. Аммо баланд кардани маош барои ин гуна корҳо мувофиқ нест", – зикр мекунад Калугин.
Фаррух Мирзоев, раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои миллӣ-фарҳангии вилояти Свердловск ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони фарҳангии "Сомон" бар ин назар аст, ки муҳоҷирон дар соҳаҳое фаъолият мекунанд, ки аҳолии маҳаллӣ ба онҳо таваҷҷуҳ надоранд.
“Ман фикр мекунам, ки минтақа бе муҳоҷирон наметавонад. Агар маҳдудиятҳо ногаҳонӣ ҷорӣ шаванд, сохтмон, нақлиёт, хӯроки умумӣ ва савдо зарар мебинанд. Маҳаллиҳо бо ин музд коре, ки муҳоҷирон мекунанд, намекунанд”, - гуфтааст ӯ.
Бар замми ин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ду кишвари аслии фиристандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия, солҳои охир барои гуногунсамт кардани бахши муҳоҷират ва ба ин васила, коҳиши вобастагии муҳоҷирон аз як кишвар талош мекунанд.
Дар ду-се соли охир ин ду кишвар бо давлатҳое чун Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Олмон, Лаҳистон ва кишварҳои дигари аврупоӣ созишномаҳо оид ба ирсоли муҳоҷирони кориро имзо карда, теъдодеро ҳам фиристоданд.
Таҳрифи омор: гирифторӣ ба ВНМО миёни муҳоҷиронро низ барои ҷомеаи Русия “мутобиқ” кардаанд
Омори гирифторӣ ба бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) василаи дигари дасткории расонаҳои Русия аст. Маълумоти пешниҳодкардаи мақомоти Тоҷикистон собит мекунад, ки қариб аз се як ҳиссаи гирифторони ВНМО дар кишвар муҳоҷирони аз Русия баргашта ҳастанд. Яъне беш аз 30 дарсади онҳое, ки ба ВНМО гирифтор ҳастанд, дар Русия ба ин беморӣ печидаанд, аммо расонаҳои Русия инро таҳриф карда, маълумоти дурӯғро интишор карданд.
Чанде пеш ОИ “Азия-Плюс” дар бораи мушкили сироятёбӣ аз ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба Тоҷикистон баргашта мавод нашр кард. Дар мақола зикр мешуд, ки ҳар сеюмин шахси мубталои ВНМО дар Тоҷикистон муҳоҷири аз хориҷа баргашта аст. Ин маълумот барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ташхиси саривақтӣ ва пешгирӣ аз сироят нашр гардида буд.
Аммо сафҳаву гурӯҳҳои рӯ ба Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Telegram бо таҳрифи ин маълумот талош карданд аз он барои ташаккули тасаввуроти бардурӯғ оид ба хатари муҳоҷирон ба ҷомеаи ин кишвар истифода баранд.
Маълумоти дар мақолаи “Азия-Плюс” зикршуда ба омори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ асос ёфта буд. Тибқи ин омор, давоми 5 соли охир дар кишвар 5 ҳазору 463 ҳолати сироятёбӣ аз ВНМО ошкор шудааст, ки 22%-и он муҳоҷирони аз хориҷа ба ватан баргашта мебошад. Агар дар соли 2019 муҳоҷирони баргашта ҳамагӣ 17%-и сироятшудагонро ташкил мекарданд, пас то соли 2023 ин рақам ба 32,5% расидааст.
Пас аз нашри мавод, бархе саҳифаю гурӯҳҳои рӯ ба Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки "ҳар сеюмин муҳоҷир, ки ба Русия меояд, аз ВНМО сироят ёфтааст". Ин дурӯғ ва таҳрифи воқеият аст. Маълумоти дар “Азия-Плюс” нашршуда фарогири танҳо муҳоҷирони аз Русия ба Тоҷикистон баргашта буд. Ба омори муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд, умуман рабт надошт.
Аммо баъзе саҳифаю гурӯҳҳо бо таҳрифи иттилоъ навиштанд, ки "138 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ВНМО сироят ёфтаанд". Онҳо омори сироятёбӣ миёни кулли сокинони кишварро бардурӯғ ҳамчун омори сироятёбӣ миёни муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, нашр карданд.
Бештар аз ин, баъзе расонаҳо афсонабофӣ карда, қиссаи занеро нашр карданд, ки гӯё бо муҳоҷире шинос шуда, ӯро ба хонааш даъват кардааст ва баъди робитаи ҷинсӣ бо ӯ ба ВНМО олудааст. Албатта, ин афсона барои тасвири муҳоҷирон ҳамчун таҳдид эҷод ва паҳн карда шуд.
Дигар расонаҳо ба “алоқаҳои ҷинсии бетартибона” ва “махсусиятҳои динӣ”-и муҳоҷирон, ки гӯё аз истифодаи воситаҳои пешгирӣ парҳез мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҳарчанд ин “назария”-ҳо ҳеҷ асоси илмӣ надорад, аммо барои манфӣ муаррифӣ кардани симои муҳоҷирон бофта мешаванд. Яъне баръакс, шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ВНМО гирифтор шуда ба Тоҷикистон меоянд ва дигар сокинон, махсусан шавҳарону занони худро сироят мекунанд.
“Шавҳарам дар Русия ба ВНМО сироят ёфт ва баъди бозгашт маро олуда кард”
Дилфуза Сангинова (номи қаҳрамон иваз шудааст) яке аз гирифторон ба бемории ВНМО аз шимоли Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ин беморӣ ба ӯ аз шавҳари муҳоҷираш сироят кардааст. Шавҳари ӯ эътироф кардааст, ки дар Русия бо зане робита доштааст ва онҷо баъди ташхис муайян шудааст, ки ба бемории ВНМО гирифтор шудааст. Аммо ӯ инро аз ҳамсараш пинҳон карда, ӯро низ олуда кардааст.
Дар тадқиқоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) зикр мешавад, ки гурӯҳи аз ҳама осебпазир дар масъалаи саломатӣ – худи муҳоҷирон мебошанд. Онҳо аз мушкилоти ҷиддитаре нисбат ба аҳолии маҳаллӣ ранҷ мебаранд ва ин мушкилот аксаран пас аз расидан ба кишвари қабулкунанда ба миён меоянд.
"Хатари гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ пас аз ба кишвар расиданашон зиёд мешавад, зеро онҳо ба хадамоти тиббӣ ва пешгирӣ дастрасии кофӣ надоранд, иттилоот намегиранд ва аксар вақт дар шароити носолим зиндагӣ мекунанд," – омадааст дар тадқиқоти ТУТ.
Мувофиқи омори расмӣ, аз соли 1987 то соли 2022 дар Русия 1 629 955 ҳолати гирифторӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ 42 642 нафарро ташкил додааст. Яъне, шаҳрвандони хориҷӣ ҳамагӣ 2,6% аз шумораи умумии одамони гирифтори ВНМО-ро дар тӯли 37 сол ташкил медиҳанд.
Дар соли 2017 рӯзномаи “Коммерсантъ” ҳатто изҳороти сардори Маркази федералии пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ (СПИД)-и Русия Вадим Покровскийро дар ин хусус бо чунин сарлавҳа нашр кард: “Омили асосии сироятёбии ВИЧ барои муҳоҷирон – кор дар Русия мебошад”.
Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Латипов, ҳамоҳангсози созмони ҷамъиятии “Шабакаи занони Тоҷикистон, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд” гуфт, дар асоси қонунгузории Русия кори шаҳрвандони хориҷии мубталои ВНМО дар ин кишвар манъ аст, аз ин рӯ, нишон додани муҳоҷирон ё шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун интиқолдиҳандаи ВНМО аз сӯи расонаҳои ин кишвар, нодуруст аст.
Ӯ бо пешниҳоди омори расмӣ гуфт, гурӯҳҳои асосии паҳншавии ВНМО дар Русия истеъмолкунандагони маводи мухаддири сӯзандору, шахсоне, ки ба алоқаи ҷинсии бетартиб мушғуланд (ҳам занон ва ҳам мардон) мебошанд.
Ба таъкиди вай, муҳоҷирони корӣ метавонанд як қисми ин гурӯҳҳо бошанд, аммо категорияи асосии паҳнкунандагони ВНМО дар кишвар нестанд.
Ба андешаи ин коршиноси тоҷик, расонаҳои Русия омор ва маълумоти шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро дасткорӣ мекунанд, то муҳоҷиронро дар паҳншавии ВНМО дар ин кишвар айбдор кунанд.
Ба гуфтаи вай, ин кор бо истифода аз маълумоти интихобӣ, (на дар асоси омори расмӣ) бо роҳи бузургтар нишон додани далелҳо ё сарлавҳаҳои воҳиманок, анҷом дода мешавад.
“Масалан, ВАО-и Русия таваҷҷӯҳро ба ҳолатҳои алоҳида ҷалб мекунанд, то тасаввуроте эҷод кунанд, ки гӯё муҳоҷирон сабаби асосии паҳншавии ВНМО мебошанд”,-илова кард Латипов.
Шабакаи занони Тоҷикистон, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд бозтоби вазъи шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро дар миёни муҳоҷирон дар Русия низ мониторинг мекунад. Баъди мониторинги чандсола онҳо ба хулосае расиданд, ки расонаҳои Русия бо чунин ҳадафҳо омори шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро дар байни муҳоҷирон дасткорӣ мекунанд:
- Ҷалби таваҷҷӯҳ: Айбдор кардани муҳоҷирон таваҷҷӯҳро аз мушкилоти дохилӣ, ба монанди норасоии хадамоти тандурустӣ ё маблағгузории нокофии барномаҳои мубориза бо ВНМО, дур мекунад. Ҳамчунин, ин кӯмак мекунад, ки мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии марбут ба таҳримҳои бузург нисбат ба Русия пинҳон шаванд.
- Эҷоди душман: Муҳоҷирон ҳамчун "гуноҳкорон" барои эҷоди образи душмани берунӣ, ки гӯё ҷойҳои кориро аз шаҳрвандони Русия мегиранд ва ба афзоиши ҷинояткорӣ мусоидат мекунанд, истифода мешаванд. Ҳукумати Русия инро чун василаи муттаҳидсозии ҷомеа дар атрофи худ истифода мекунад.
- Ҳадафҳои сиёсӣ: Дасткориҳо ба таҳкими назорат аз болои муҳоҷират ва сафед кардани чораҳои сахтгирона нисбат ба муҳоҷирон равона карда шудаанд. Ҳамчунин, ин метавонад барои фишори сиёсӣ ба кишварҳои сарчашмаи муҳоҷирон истифода шавад.
- Шиддати иҷтимоӣ: Тақвияти пешдоварӣ ва табъиз метавонад ба шиддати иҷтимоӣ оварда расонад, ки онро барои сафед кардани чораҳои репрессивӣ нисбат ба муҳоҷирон истифода бурдан мумкин аст.
- Тақвияти миллатгароӣ: Чунин ворид кардани иттилооти бардурӯғ ба афзоиши рӯҳияи миллатгароӣ на танҳо дар байни аҳолӣ, балки дар байни баъзе мансабдорон мусоидат мекунад, инчунин дастгирии элитаи ҳокимро таҳким мебахшад”.
Тибқи гузориши нави Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО ва Маркази аврупоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо соли 2021 Русия ба панҷгонаи кишварҳое шомил шуд, ки суръати баландтарини паҳншавии ВНМО доранд.
На ҳамаи ба Русия рафта муҳоҷири меҳнатӣ аст
Омори муҳоҷирони кории тоҷик ҳамеша баҳсбарангез буд. Расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба мақомоти кишвар рақами камтар пешниҳод мекунанд ва расонаҳои Русия кӯшиш мекунанд, онро ба маротиб зиёд нишон диҳанд. Яъне расонаҳои Русия ҳамеша таъкид мекунанд, ки теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз 1 млн ва дар баъзе ҳолатҳо то 2 млн аст. Вале расонаҳои Тоҷикистон ҳамеша мегӯяд, ҳудди 600-700 ҳазор тоҷик дар Русия кор мекунанд.
Ин баҳс дар мулоқоти президенти ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин низ идома ёфт. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте дар Остона дар соли 2022 дар бораи ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба Владимир Путин гуфт, ки ба ӯ маълумоти нодуруст додаанд. Путин як рӯз пеш гуфт, дар Русия ду миллион муҳоҷири тоҷик ҳаст.
“Ду миллион нафар нест, бештар аз ду миллион нафар ба Русия сафар мекунанд, вале нафақат барои кор. Барои кор фақат 600 ҳазор нафар мераванд. Бақия ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд. Бубинед, соли оянда 50 дар сад коҳиш меёбад, чунки роҳҳо бастаанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Омори расмии муҳоҷирони кории тоҷик ба иттилои мақомоти Тоҷикистон чунин аст:
Аз омори Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон маълум аст, ки аз соли 2012 то 2022 аз ҳама бештар дар соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Дар ин сол 799 ҳазору 699 нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия муҳоҷир шудаанд.
Вале омори Русия тамоман фарқкунанда аст. Тибқи иттилои расмии Оҷонсии омори Русия ҳамасола аз Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз 1,3 млн нафар мераванд. Аз ҳама бештар соли 2019 рафтаанд, ки беш аз 1,5 млн нафар ҳисоб кардааст.
Омори расмии Агентии омори Русия оид ба муҳоҷирони тоҷик аз соли 2012 то соли 2022:
Санҷиши омори пешниҳодкардаи мақомоти ду кишвар тавассути манобеи мустақил ғайриимкон аст. Ҳар ду кишвар ба таври гуногун теъдоди муҳоҷиронро ҳисоб мекунад. Аз ин лиҳоз, имкони дасткорӣ ва таҳриф аз сӯйи ҳар ду кишвар мавҷуд аст.
Шаҳрванди Русия ҳам дар ин кишвар муҳоҷир аст?
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо табааи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро мегиранд. Танҳо дар 7 соли (2016-2022) дар маҷмуъ беш аз 473 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русияро гирифтаанд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама бештар шаҳрвандии Русияро мегиранд. Яъне агар дар 7 сол беш аз 1 млну 56 ҳазор нафар аз ин кишварҳо шаҳрвандӣ гирифта бошанд, 45 дардсаи он тоҷикон мебошанд.
Ҳамин тариқ, солҳои пешин низ садҳо ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро мегирифтанд. Маълумоти расмии пешин дастрас нест. Вале дар асоси маълумоте, ки мо дастрас кардем, дида мешавад, ки аз соли 1992 то 1999 қариб 125 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русроя гирифта, аз соли 2000-ум то соли 2013 176 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуд.
Дар ҳамин ҳол, бо шуруъи ҷанг дар Украина теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҳайси муҳоҷир кор мекарданд, аз тарси нарафтан ба ҷанг ва сахттар шудани қонунгузории муҳоҷирати Русия ин кишварро тарк карданд.
Ба иттилои Гулнора Кенҷа, вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо дар нимсоли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия баргаштаанд.
Ҳамчунин муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ хабар дод, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ қариб 387 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ ба Русияро ихтиёр кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,3 ҳазор (15%) камтар аст.
Таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки мақомоти Русия тавассути расонаҳои таблиғотии худ аз ҳузури муҳоҷирон ҳамчун василаи дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ васеъ истифода мекунад. Ҳарчанд муҳоҷирон қисми назарраси нерӯи кории ин кишварро ташкил медиҳанд ва дар рушди иқтисод, таъмини суботи демографии Русия саҳми назаррас доранд. Вале Русия бо назардошти вобастагии кишварҳои минтақа аз пули интиқолдиҳандаи муҳоҷирон ва ҳассосияти бозгашти саросарии онҳо ба ватанашон сӯйистифода карда, омори марбут ба муҳоҷиратро дасткорӣ мекунад. Бо ин роҳ талош мекунад, нуфузи коҳишёфтаи худро дар минтақа барқарор кунад.
PS: Ин вазъ дар кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон чӣ гуна аст? Дар матолиби ҳамкасбони мо мутолиа кунед.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста