Тадқиқоти вирусологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муайян кардааст, ки феълан дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар кишварҳои дигари минтақа вируси зукоми мавсимӣ дар гардиш аст.
Ба гуфтаи вазорати беҳдошт, эҳтимол дорад, ки пас аз нимаи дувуми моҳи январи соли ҷорӣ ба ҷуз аз зукоми мавсимии навъи А H1N1 - 09pmd зукоми навъи В пайдо шавад.
Зукоми В ба зукоми А хеле монанд аст. Аммо дар муқоиса бо зукоми А, баъзе хусусиятҳоро метавон фарқ кард: ҳарорати бадани бемор камтар баланд мешавад, гарчанде ки дар маҷмӯъ табларза дарозтар давом мекунад. Аксар вақт беморон аз дарди сар, мушакҳо ва буғумҳо азоб мекашанд.
Таҳлили вазъи эпидемиологии бемориҳои шадиди роҳи нафас нишон медиҳад, ки дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 101 ҳазор ҳолати зуком ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022 4 фоиз ё 4218 ҳолат кам мебошад.
Аз ин шумор беш аз 80 дарсади беморонро шахсони то 18-сола ташкил медиҳанд.
Дар посухи хаттии худ ба “Азия-Плюс” Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон низоми назорати зуком бар асоси муайян кардани навъҳои дар гардиш будаи он ҷорӣ шудааст.
Тибқи ин низом, дар оғози мавсими бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ҳар ҳафта дар бемористонҳо (калонсолон ва кӯдакон)-и шаҳри Душанбе барои муайян кардани гардиши вируси зуком намунаҳои биологӣ (зардоби хун ва молишак аз гулӯву бинӣ) гирифта мешаванд.
Инчунин, барои муайян кардани ҷуғрофиёи паҳншавии вируси зуком намунаҳо аз марказҳои вилоят ё шаҳру ноҳияҳои калони ҷумҳурӣ гирдоварӣ мешавад.
“Ҳамин тавр, таҳқиқоти вирусологӣ маълум кардааст, ки вируси мавсимии зукоми навъи A H3N2 айни замон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар кишварҳои дигари минтақа паҳн мешавад”, - омадааст дар посухи ин ниҳод.
Ҳодисаҳои гирифтори пневмония зиёд шуданд
Дар ҳамин ҳол, аксари сокинони шаҳри Душанбе аз як бемории сироятие, ки ахиран ҳам калонсолон ва ҳам кӯдаконро фаро гирифтааст, шикоят намекунанд. Гуфта мешавад, ки аломатҳо ба Covid-19 монанданд, зеро ин беморӣ хеле зуд дар шушҳо ва узвҳои роҳ нафас мушкил пеш меорад.
Вазорати тандурустӣ инчунин қайд мекунад, ки зуком ва Covid -19 аломатҳои шабеҳ доранд, аз ҷумла сулфа, оби бинӣ, дарди гулӯ, табларза, дарди сар ва заъф. Ва яке аз оқибатҳои вазнинтарини зуком пневмония мебошад.
Дар Тоҷикистон дар соли 2023 нисбат ба соли гузашта 70 мавриди бештари бемории шуш (пневмания) сабт шудааст.
“Дар соли 2023 1221 ҳолат ба қайд гирифта шуда, дар соли 2022 ин рақам 1151 ҳолатро ташкил додааст”, - иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ.
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ваксинаи зидди зуком вуҷуд надорад
Маълум аст, ки яке аз роҳҳои самараноки пешгирии зуком ин эмкунӣ мебошад. Он на танҳо муқовимати масуниятро ба вирус афзоиш медиҳад, балки хатари мушкилотро коҳиш медиҳад.
Аммо ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон ваксинаи зидди зуком дар ҳоли ҳозир танҳо барои пизишкон истифода мешавад. Барои қишрҳои дигари ҷомеа ҳоло ваксина гузаронида намешавад.
Як манбаъи “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ гуфт, дар сурати зиёд шудани талабот ба ваксинаи зидди зуком, онҳо метавонанд онро харидорӣ кунанд, вале албатта, бояд маблағ пардохт карда шавад.
“Як вояи ваксина беш аз 25 доллар арзиш дорад, ки на ҳама имкони харидории онро доранд. Ва барои гирифтани ваксина, бояд ҳадди ақал ба маблағи на камтар аз 100 ҳазор доллар харидорӣ шавад. Ҳоло Вазорати тандурустӣ онро барои табибон харида, барои харидории бештари ваксинаҳо чораҳо андешида мешаванд”, - қайд кард манбаъ.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин қайд кард, ки ҳамасола штамҳои сирояти зуком дар табиат тағйир меёбанд.
“Масалан, агар ваксина қабл аз мавсими қаблӣ истеҳсол шуда бошад, фоиданокии он барои истифода дар ин мавсим ночиз аст”, - гуфта мешавад дар посухи вазорат.
Тавре маълум гардид, беморхонаҳои хусусии кишвар низ барои харидани ваксина шитоб намекунанд. “Азия-Плюс” бо дармонгоҳҳои “Диамед”, “Форобӣ”, “Сино” ва “Шифо”-и пойтахт дар тамос шуд. Дар ин ҷо гуфтанд, ки онҳо ваксина надоранд ва ба саволи оё харидорӣ дар нақша аст, ҷавоб доданд, ки “ҳанӯз маълум нест”.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2022 бемории корнавирус расман ба қайд гирифта нашудааст, вале эмкунӣ идома дорад. Қаблан дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дода буд.
Номбурда зикр кард, ки ҳар нафаре хоҳиш дошта бошад, метавонад бо ваксинаи CoronaVac (истеҳсоли Чин) эм карда шавад.
Чӣ тавр худро аз зуком муҳофизат кардан мумкин аст?
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми тамос бо одамони бемор бояд чораҳои эҳтиётӣ андешида шаванд. Дар давраи афзоиши эпидемия коршиносони Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳанд, ки аз ҷамъшавии одамон худдорӣ кунанд, ниқобҳои тиббӣ истифода баранд, дастонро бештар бо собун шӯянд ё антисептикҳои спиртдорро истифода баранд.
Аломатҳои зуком инҳоянд: якбора баланд шудани ҳарорат, дарди гулӯ, сулфаи хушк, печиши бинӣ, оби бинӣ, дарди бадан, дарди сар, хунукхурӣ, заифӣ, дарди чашм, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравӣ низ имконпазир аст.