ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 ЯНВАР

Соли 2014 – Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара байни сокинони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа 7 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2017 – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) нахустин театри вилоятии лӯхтак бо номи “Афсона” ифтитоҳ шуд.

Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе аввалин Маркази иттилоотии сайёҳӣ расман кушода шуд.

Соли 2022 – Мавзуна Чориева, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаҳрамони як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 ва қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон аст.

Мавзуна Чориева

Соли 2023 – Дар таваллудхонаи вилояти Суғд бори аввал шашгоникҳо ба дунё омаданд. Вазъи кӯдакон аввал хуб арзёбӣ шуд, вале баъди як рӯз кӯдакон фавтиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1940 – Мавлуди Бойназар Бойназаров, омӯзгор, санъатшинос, номзади илми таърих. Ӯ муаллифи китобҳои “Санъат ва меҳнат” барои хонандагони мактабҳои миёна аст.

Соли 1949 – Мавлуди Тӯҳфамо Низомова, иқтисодшинос, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Соли 1952 – Зодрӯзи Матлуба Оқилова, файласуф, доктори илмҳои фалсафа.

Соли 1995 – Зодрӯзи Беҳрӯз Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон дар самбо.

Беҳрӯз Хоҷазода

Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар намуди самбо аст. Ӯ якчанд маротиба Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ғолибият ба даст овардааст. Аввалин дастоварди байналмилалии ӯ медали биринҷӣ дар чемпионати Осиё дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар соли 2013 буд.

Ӯ соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Беҳрӯз Хоҷазода дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017 дар ҷойи аввал меистод.

Соли 2011 – Усмонқул Шокиров, ходими давлатӣ ва собиқ вазири ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2021 – Ӯктами Холиқназар, яке аз парчамдорони эҳёи забону фарҳанги тоҷикӣ ва узви садорати созмони мардумии "Растохез" дар синни 80-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Уктами Холиқназар

Ӯ китоби "Мартен Иден"-и Ҷек Лондонро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, китобҳои "Ғалат менависем" ва "Рӯзноманигори озод-ро навиштааст. Ӯ аз риоя нашудани қоидаҳои забон дар гуфтору навишт, ки ҳатто дар суханрониҳои арбоби сиёсат, аҳли илм ва гоҳе ҳатто дар суханрониҳои донишмандони риштаи забон ва адабиёт ва навиштаҳои соҳибқаламон дида мешавад, сахт нигарон буд.

Соли 2021 – Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони маъруфи тоҷик дар беморхонаи сироятии Душанбе дар синни 57-солагӣ аз олам чашм баст.

Ӯ иҷрокунандаи таронаи маъруфи “Қишлоқаки ман” аст.

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дораду бештар бо сурудани таронаҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ маъруф аст. “Алвидоъ” (бо Лола Азизова), “Қишлоқаки ман”, “Модар”, “Соқиё, маро дарёб”, “Куҷо меравӣ, азизам”, “Хоки Ватан” аз ҷумлаи таронаҳои марғуби ӯянд.

Қурбоналӣ Абдуллоев

Ӯ соли 2020 дар саҳифаи фейсбукииаш аз хотимаи фаъолияти ҳунарӣ ва тарки саҳна карданаш хабар дода буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

11 январ Рӯзи байналмилалии баробарӣ дар ҷои кор таҷлили мешавад. Ин ҷашн соли 2017 роҳандозӣ шуда, ҳадафи он мубориза бо табъиз дар соҳаи шуғл мебошад.

11 январ Рӯзи байналмилалии изҳори миннатдорӣ аст. Ин рӯз ба хотири таъкиди аҳамияти изҳори миннатдорӣ таъсис ёфтааст.

Гарчанде ки Рӯзи изҳори миннатдорӣ расман бо як қонун ё қарори байналмилалӣ вобаста нест, он аз тарафи шахсони алоҳида ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамчун як навъ ташаббуси ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Соли 1960  дар Иттиҳоди Шӯравӣ Маркази омодасозии кайҳоннавардон таъсис дода шуд. Соли 1968, баъд аз марги Юрий Гагарин (аввалин инсоне, ки ба кайҳон парвоз кард), марказ ба ифтихори ӯ номгузорӣ шуд ва ҳамчун Маркази омодасозии кайҳоннавардон ба номи Юрий Гагарин шинохта шуд.

Юрий Гагарин

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои  камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона аз 0+5º гарм то 6+11º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 30-35º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард, рӯзона 11-16º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14-16º сард, рӯзона 1-3º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.