Русия донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои ин кишвар даъват кардааст. Ба навиштаи “Россотрудничество” дархостҳо то 15-уми январ қабул карда мешаванд ва довталабон метавонанд барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура ҳуҷҷат супоранд.
Қабули ҳуҷҷатҳо танҳо онлайн тариқи сомонаи расмии "education-in-russia.com" сурат мегирад.
Дар марҳилаи аввал, танҳо ин се чиз талаб карда мешавад:
1. Сати ном дар сомонаи education-in-russia.com;
2. Интихоби донишгоҳ ва барномаи таҳсил;
3. Пур кардани пурсишнома тариқи онлайн ва ирсоли он барои санҷиш (дар пурсишнома рӯйхати ҳуҷҷатҳо замима мешавад).
Марҳалаи дуввуми қабул баъди натиҷаи марҳалаи аввал эълон мешавад. Онҳое, ки аз марҳалаи якум гузаштанд, ба марҳалаи дуввум даъват мешаванд.
Барои маълумоти бештар тариқи рақамҳои (+992 37) 221-89-47 (дар Душанбе) ва (+992 34) 226-02-22 (дар Хуҷанд) метавонед тамос гиред ва ё ба суроғаи электоронии [email protected] паём ирсол кунед.
Ёдрас мешавем, ба маълумоти вазорати маориф ва илми кишвар дар донишгоҳҳои Русия 33 ҳазору 178 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад, ки ин теъдод байни давлатҳое, ки донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсил фаро гирифтааст, бештарин аст. Баъд аз Русия аксари донишҷӯёни тоҷик дар Чин ва Қазоқистон таҳсил мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар паёми охири худ ба парлумони кишвар гуфт, то имрӯз 117 ҳазор ҷавони тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои 42 кишвари ҷаҳон фиристода шудаанд ва имрӯз 42 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа таҳсил доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста