Ба ҷойи пул дуо

Шафоат Тошматова 55 сол дошта, 35 соли умри худро бо кор дар муассисаҳои давлатӣ паси сар кардааст. Музди меҳнати устувор ва начандон бад ва ҷадвали кори маъмулӣ. Лекин бо сабабҳои шахсӣ ду сол пеш лозим омад, ки аз кор равад.

"Боре ба аёдати модарам рафтанӣ шуда, ба таксӣ занг задам. Ҳарчанд собиқаи кори ронандагиам 20 сол бошад ҳам, вақте ки паси чанбараки таксӣ занро дидам, ҳайрон шудам, - мегӯяд Шафоат. - Пурсидам, ки кораш чӣ хел аст. Ӯ аз таҷрибаи худ нақл карда, ман фаҳмидам, ки ин кор тамоман душвор нест. Ба хона баргашта, бо хурсандӣ ба шавҳарам гуфтам, ки дар ниҳоят кори табъи диламро ёфтам”.

Акнун Шафоат аллакай ду сол аст, ки бо таксӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, ин кор барояш хеле маъқул аст.

Ӯ худаш вақти кориро муайян карда (аз соати 8-и субҳ то 17-и шом), ин бартарии асосӣ дар кор бо таксӣ аст. Метавон дар вақтҳои серравуои субҳу шом фармоиш гирифта, дар обуҳавои номусоид ҳам кор кард, ки мизоҷон хеле зиёданд ва бархе минннатдорӣ карда, пули зиёдатӣ ҳам медиҳанд.

Шафоат дар хадамоти таксии “Максим” кор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, вақти ба кор даромадан ҳеҷ мушкилие набуд. Илова бар ин, хадамот занони таксиронро ҳавасманд месозад. Дуруст аст, ки хадамот таксопарк надорад, аз ин рӯ, шахс бояд мошини шахсӣ дошта бошад ё онро ба иҷора гирад.

“Гуфтаниам, ки нисбат ба чанд соли пеш имрӯз дар замони технологияҳои олӣ таксирон шудан осонтару қулай аст. Ёд дорам, ки таксиронҳо худашон мизоҷ мекофтанду занон дар он умуман наметавонистанд кор кунанд, - мегӯяд Шафоат. - Ҳозир тариқи замимаи мобилӣ фармоиш гирифтан мумкин аст, ки хеле қулай аст. Танҳо интернети хуб лозим асту халос”.

Шафоат Тошматова аз кори давлатӣ ба таксиронӣ гузашт
Сурат: Asia-Plus

Дар як рӯз Шафоат 15-20 фармоиш мегирад, баъзан зиёдтар ҳам мешавад. Дар як моҳ ӯ ба ҳисоби миёна ҳудуди 4500 сомонӣ кор мекунад. Мегӯяд, ки зиёдтар ҳам метавонад, лекин синнусолаш калону хаста мешавад.

Замони кор дар таксӣ қаҳрамони мо “Опел”-и кӯҳнаашро ба нав иваз карда, аз ин рӯ, хароҷоти мошинаш он қадр зиёд нест.

“Барои ман фарқ надорад, ки мусофир зан ё мард аст ва кор дар таксӣ низ ба ҷинс вобаста нест. Ман хеле хуб мошин ронда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя мекунам, ҳатто агар касе шитоб дошта бошад ҳам, суръатро баланд намекунам. Чизи асосӣ барои ман бехатар ба ҷойи таъинот расонидани мусофир аст”, - изҳор мекунад Шафоат.

Боз қаҳрамони мо як қоида дорад, ки аз мусофирони маъюб пул намегирад. Ҳарчанд онҳо гоҳ-гоҳ вомехӯранд.

“Ба ҷойи пул хоҳиш мекунам, ки ба ман дуо диҳанд. Ҳаминаш ҳам бас аст”, - илова мекунад зани таксирон.

“Агар пул лозим шавад, шабона ҳам таксиронӣ мекунам”

Мавзуна Умарова аз кор наметарсад. Замони душвориҳо дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо фаррошӣ мекард. Баъдан барои тӯйҳо манту ва самбӯса мепухт. Дар як рӯз то 2000 дона маснуоти ордӣ тайёр карда метавонист.

Корҳои душвори ҷисмонӣ тӯли солҳои зиёд беасар намонда, ба вазъи солимии зан таъсир расониданд.

“Он вақт ба ман тавсия доданд, ки рондани мошинро ёд гирам ва акнун аллакай ҳафт сол аст, ки таксӣ меронам, - мегӯяд Мавзуна. - Ширкате, ки аввал ба кор даромада будам, баъди чанде баста шуд. Боз муддате ба пухтани манту ва самбӯса баргаштам. Лекин соли гузашта боз ба мошинронӣ гузаштам”.

Ӯ мошини «Nexia»-и кӯҳнаи худро фурӯхта, болои он қарз гирифт ва «Opel»-и нав харид. Мегӯяд, ки барои одамон нишастан ба таксӣ бояд фораму гуворо бошад.

Таксиронӣ ба Мавзуна маъқул аст. Соатҳо рост истодан лозим нест ва бо одамон буданро ҳам ӯ дӯст медорад. Ӯ аз соати 7-и субҳ то 18-и шом кор мекунад.

Мавзуна Умарова
Сурат: Asia-Plus

“Фарзандони калонам оиладоранд. Духтари хурдӣ монд. Барои ӯ шуда аз кор барвақттар ба хона меоям. Пул барои зиндагии ҳардуи мо кофист. Агар пул лозим шавад, шабона ҳам кор мекунам, лекин гоҳ-гоҳ”, - зикр мекунад зан.

Сари чанбарак нишастанро Мавзуна аз хурдӣ орзу мекард. Аввал велосипедронӣ ва сипас скутер меронд. Аз ин рӯ, сари чанбараки мошин низ мушкилӣ надорад.

“Бархе аз ман мепурсанд, ки магар наметарсӣ? Тарсро вақте эҳсос мекунӣ, ки фарзандонатро хӯрондаву пӯшонида натавонӣ”, - мегӯяд зан.

Таксиронҳои зан барои занҳо

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти таксии “Максим”, имрӯз аз теъдоди умумии ронадагон 5%-ашро занон ташкил медиҳанд.

Аввалин зан дар ин ширкат аз соли 2017 ба кор оғоз намуда, соли 2018 тарифи махсус “Барои занон” таҳия шуд, ки ҳам бехатарии ронандагон ва ҳам мусофиронро таъмин мекунад.

Дар ин тариф фармоиши бонувон танҳо аз ҷониби ронандагони зан иҷро карда мешавад. Аз фармоишҳо тибқи ин тариф ронандагони мард огаҳӣ намеёбанд ва барои ин фармоиш ба ронандаи зан 2 баробар зиёдтар пардохт мешавад.

“Тариф барои заноне таҳия шудааст, ки аз рӯи эътиқоди динӣ ё дигар эътиқодҳо ҳангоми сафар бо ронандаи мард ё бо хатсайри шахсӣ худро нороҳат ҳис мекунанд. Ронандагони зан низ ба он таваҷҷӯҳ доштанд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Даря Ткачук, мутахассис оид ба робитаҳо бо ҷомеаи хадамоти таксии “Максим”.

Хушбахтона, дар давоми фаъолияти худ қаҳрмаонҳои мо бо рафтори номуносибаи мизоҷон дучор нашудаанд. Лекин агар чунин шавад, ронанда ба рад кардани хидматрасонӣ ва бекор кардани фармоиш ҳуқуқ дошта, дар ин бора ба хадамот хабар медиҳад. Менеҷерҳои ширкат ин ҳолатро санҷида, ба вазъият расидагӣ мекунанд.

“Ҳамчунин дар замимаи Taxsee Driver тугмаи бехатарӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ҳолати фавқулода ронанда аз он истифода бурда метавонад. Тариқи ин тугма ба хадамоти дастгирӣ ва ронандагоне, ки дар наздикиҳо қарор доранд, дар бораи ин ҳолат хабар расида, онҳо метавонанд зудтар ба ҷойи ҳодиса барои кумак ҳозир шаванд”, - зикр кард мутахассис.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.