Мусаллама Мухторова аз ҷумлаи наттоқони собиқадору саршиноси телевизион аст. Ӯ дар таҳияи даҳҳо барномаҳои хубу овозадори телевизиони тоҷик саҳм дорад. Бинандагон ӯро бештар чун ровии барномаҳои “Бону” ва “Кошона” мешиносанд. Занон дар барномаи “Бону”-аш аз мушкилоташон мегуфтанду дар барномаи “Кошона”-аш хӯрокпазиро меомӯхтанд.

Бо Мусаллама Мухторова дар арафаи зодрӯзаш, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мекунад, доир ба паҳлуҳои гуногуни зиёдагиаш суҳбат кардем.

Барандаи 10-сола

- Муаллимаи азиз, нахуст, мехостем фаҳмем, ки ин шабурӯз бо чӣ корҳо машғул ҳастед?

- Бисёр хубам ва шукр мекунам, ки то ин солу рӯз расидам. Аз зиндагӣ, аз қисмат, аз корам розиам ва ҳеҷ шикояте надорам. Шукр, ки дар ин давлати орому озод зиндагии осуда дорам.

- Қисми зиёди умратонро ба телевизион бахшидед, ин пайвастану бахшидан аз кай оғоз шуд?

- Аз хурдӣ ҳунари ровигӣ доштам. Ёдам ҳаст, ки бо дугонаҳоям ҳар гуна бозӣ мекардем ва ман доимо мехостам садри бозӣ бошаму як-як барои иҷрои нақшаеву бозие онҳоро даъват кунам. Вақте ки дар синфи 4-ум мехондам, аз телевизион барои дарёфти ровиёни барномаҳои кӯдакона ба мактаби мо омаданд ва ман яке аз панҷ мунтахабон будам. Ҳамин тавр, ровии барномаи кӯдаконаи “Субҳи пионерӣ” шудам.

- Дар барномаи “Субҳи пионерӣ” вазифаи шумо чӣ буд ва оё маош ё гонорар мегирифтед?

- Дар “Субҳи пионерӣ” ман ровӣ будам ва намоишҳои алоҳидаи барномаро муаррифӣ карда, иштирокчиёнро даъват менамудам. Қариб ду сӯм маош мегирифтам, ки пули зиёд буд. Ҳар вақте моҳона мегирифтам, бо дугонаҳоям ширинихӯрӣ мерафтем. Маззаи он шириниро то ҳол фаромӯш накардаам.


- Волидонатон зидди коратон набуданд?

- Не, онҳо шавқи бепоёни маро медонистанд ва баробарам хурсандӣ мекарданд. Вале вақте дар синфи 8-ум таҳсил мекардам, дар филми “Имтиҳон” нақш офаридам ва аз ин падарам хеле ғамгин шуда, сарзаниш кард. Дар кори телевизион маро дастгирӣ мекарданд.

- Коратон дар барномаи “Субҳи пионерӣ” то кай давом кард?

- То синфи 10-ум ровии ин барнома будам. Яъне, чун барномаи кӯдакона буд, бояд ровии наврас онро пеш мебурд.

Аз монеа то бозгашт

- Шумо аз хурдӣ дар телевизион кор кардед, аммо чаро дар соҳаи журналистика таҳсил накардед?

- Он замон касби журналистика маъмулу шинохта ва ба қавле муҳим набуд, балки аксар мехостанд фарзандашон духтур шавад. Ман ҳам бо вуҷуди кори журналистӣ ва дӯст доштани ин пеша, мехостам духтур шавам. Аммо падарам ҳуҷҷатҳоямро ба факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон супориданд ва ман донандаи забони англисӣ шудам. Он замон забони англисӣ то ин ҳад даркорӣ набуд ва ман ба хулосае омадам, ки маълумоти дуюм гирам. Ҳамин тавр, боз дар факултети таърихи донишгоҳи мазкур тариқи ғоибона таҳсил кардам.

- Баъди донишҷӯ шудан, оиладор шудед. Шавқу кори телевизион куҷо шуд?

Справка по теме

Мусаллама Мухторова 26 июни соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1967 мактаби миёнаи №53 ш. Душанберо хатм кардаааст. Факултети забонҳои хориҷӣ (бахши англисӣ) тариқи рӯзона ва факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро тариқи ғоибона ба итмом расонидааст. Фаъолияти кориашро ҳанӯз аз давраи мактабхониаш оғоз кардааст. Барандаи барномаҳои «Субҳи пионерӣ» «Ҳамсолон», «Дугонаҳо», «Бӯстон», «Бону», «Кошона» буд. Ҳоло дар Телевизиони “Ҷаҳоннамо” барномаи “Суфраи бону”-ро пеш мебарад. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996), Аълочии телевизиони Тоҷикистон (2008) ва бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) мукофотонида шудааст.

- Шавқи телевизион хеле зиёд шуд, то андозае, ки худамро бидуни кор тасаввур кардан имконнопазир буд. Вале шавҳарам зидди корам дар телевизион шуданд. Дар миён хушдоманам даромаданд ва шавҳарамро розӣ карданд. Баъдан, ман ба телевизион рафтам ва ҳамчун баранда ҳар бегоҳ барномаеҳое, ки пагоҳ бояд дар эфир мерафт, хабар медодам. Як сол дар телевизион бидуни маблағ, танҳо барои шавқам кор кардам. Ва баъдан дар барномаҳои “Ҳамсалон”, “Дугонаҳо”, “Бӯстон” ва ғайраҳо ҳамчун баранда фаъолият намудам.

“Бону”ва таъсири он

- Шумо муаллифи барномаи бисёр машҳури “Бону” ҳастед. Биёед, аз тавлиди ин барнома бигӯед.

- Барномаи “Дугонаҳо”, ки бозгӯяндаи ҳолати занон буд, баста шуд. Аз миён чанде гузашт ва дар фикри ман омад, ки бояд шакли навтару ҷолибтари онро таҳия кунам. Ҳамин тавр, барномаи “Бону” тавлид шуд. Мо барои барномаи “Бону” студияи махсус сохтем ва дар он бо ёрии намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла равоншиносон мавзуъҳои муҳими занонро баррасӣ мекардем. Барои мисол, муносибати келину хушдоман, рашки ҳамсарон, эҳтироми аҳли оилаи шавҳар аз ҷониби келин ва ғайраҳо.

- Нашри хотирмони ин барнома кадом аст?

- Яке аз нашрҳои барномаи “Бону”-ро ба мавзуи “рашк” бахшида будем. Ҳамон замон ин мавзуъ доғи рӯз буд. Бисёр хабар мерасид, ки занон аз рашки зиёд худро меовезанд ё месӯзанд. Ман беморхонаи бемориҳои пуст рафтам ва аз сардухтураш пурсидам, ки бо сабаби рашк касе худро сӯзонидааст, то ки мо дар борааш барнома кунем. Он кас гуфтанд, ки як зан бо сабаби зани дуюм гирифани шавҳараш худро сӯзонидааст,  аммо ҳалаш бисёр вазнин ва наздаш даромадан мумкин нест.

Ҳамин тавр, ман панҷ рӯз беморхона рафта омадам ва аз ҳамон зан мусоҳиба гирифтам. Ӯ сабаби худсӯзӣ ва пӯшаймониашро гуфт. Пас аз пахши барнома дар телевизион як зан ба телевизион омад. Бо ман вохӯрд ва изҳори миннатдорӣ кард, ки бо сабаби ҳамон барнома ман аз фикри худкушӣ даст кашидам.

Ба ин монанд даҳҳо занону бонувон вобаста ба ҳар нашри барномаи “Бону” бо мо тамос мегирифтанд ва таъсири барномаи мазкурро дар ҳаёташон мегуфтанд. Бисёр худамро хушбахт ҳис мекардам.

Аз “А” то “Я”-и “Кошона”

- Шуморо миёни бинандагон барномаи овозадори “Кошона” шиносонд. Бигӯед, ки ин барнома чӣ гуна пайдо шуд?

- Соли 1997 наттоқонро аз эфир гирифтанд ва гуфтанд, ки барномаҳо бояд бидуни наттоқ бошанд. Вақте ки моро ба идораҳо тақсим карданд, журналисти пуркор Лӯбат Аминҷонова пешниҳод кард, то барнома таҳия кунем, ки дар дохили хона, махсусан ошхона бошад. Баъдан, ҳамин идеяи барномаи “Кадбону”-ро пешниҳод карданд. Дар аввал барнома “Кадбону” ном дошт ва баъди чанде ба “Кошона” табдили ном кард. Чанд соли аввал аз сабаби надоштани студияи алоҳида ба хонаи иштирокчиён мерафтем ва сабт мекардем.

Бо Лӯбат Аминҷонова

- Ин барнома ба мардум чӣ дод?

- Яке аз хидматҳои барнома зинда кардани таомҳои миллии фаромӯшшуда буд. Ҳамчунин, вақте ки барномаи мо пахш мешуд, бонувони зиёд қаламу дафтар гирифта, номгӯи маҳсулоти дар хӯрок истифодашударо менавиштанд ва дар хонаҳояшон омода мекарданд. Бо бисёр занон вохӯрдам, ки дафтари махсуси хӯрокпазӣ ташкил карда, ҳунари хӯрокпазиро сайқал додаанд.

- Иштирокчиёни барномаро чӣ гуна интихоб мекардед?

- Эълон мекардем, ки ҳар бонуи хоҳишманд метавонад иштирок кунад ва онҳое, ки дар ҳақиқат ҳунари хӯрокпазӣ доштанд, даъват мешуданд.

- “Кошона” чанд сол давом кард ва чаро ҳоло нест?

- Барномаи мазкур аз соли 1997 то соли 2019 бидуни танаффус пахш шуд. Бисёр солҳои хуби ҳаётам буд. Аммо бо сабаби бемории оламгири коронавирус мо корро қатъ кардем.

- Чаро пас аз пандемия давом надодед?

- Соли гузашта ин барномаро бо номи “Суфраи бону” дар Телевизиони “Ҷаҳоннамо” роҳандозӣ кардем, ки инак даҳ нашраш пахш шуд.

- “Суфраи бону” аз “Кошона” чӣ фарқ дорад?

- “Суфраи бону” шакли навтари барномаи “Кошона” аст. Дар барномаи мазкур озодтарам. Вақти омода кардани хӯрок дар дилхоҳ мавзуъ бо иштироккунандаи барнома суҳбат мекунам.


Унвон, орзуи амалинашуда ва тарс аз Худо

- Аз оне ки беҳтарин солҳои зиндагиатон дар телевизион гузашт пушаймон нестед?

- Ҳеҷ гоҳ. Корамро дӯст медорам ва бо шавқ ин корро анҷом медиҳам. Агар пӯшаймон мебудам ё дӯст намедоштам, боз ба телевизион барнамегаштам. Омодаам, ки бидуни музде солҳои зиёд кор кунам.

- Шумо унвон надоред, ин бад нест?

- Унвондорон унвони маро надоранд! Албатта, бояд ба ҳар кас арҷгузорӣ карда шавад, аммо ман дилозурда нестам, зеро унвони баланди меҳру муҳаббати самимии мардумро соҳибам. Солҳои охир дарк кардам, ки чӣ қадар тамошобин маро дӯст медоранд.

Бубинед, ҳафтаи гузашта дар Маскав будам. Дар маркази Маскав бо чанд нафар вохӯрдам, ки маро аз барномаҳои “Бону” ва “Кошона” мешиносанд. Магар аз ин дида унвони баланд мешавад?

- Телевизион барои шумо чист?

- Даргоҳи муқаддас, ки ба ман нону ном дод.

- Фикр намекунед, ки телевизион мавқеашро аз даст додааст?

- Замона дигар шуд, талабот дигар шуд, интернет ба мардум наздиктар шуд.

- Барномаи писандидаатон айни ҳол кадом аст?

- Мутаассифона, ҳоло барномаи дӯстдошта надорам.

Бо ҷамъи пайвандон

- Аз соли 1962 то ҳол 62 сол мешавад, ки шумо бо телевизионед. Оё ин таҷрибаи бузург истифода мешавад?

- Ташаккур ба директори Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, ки дар баробари бори дигар роҳандозӣ кардани барномаи “Суфраи бону” боз ба ман имкон доданд, ки бо наттоқони навроҳ кор кунам ва таҷрибаамро то андозае ба ҷавонон омӯзонам.

- Кадом орзуи амалинашуда доред?

- Шукр, орзуҳои амалишудаам хеле зиёданд, аммо як орзуи амалинашудаам ин аст, ки студия алоҳида ва махсуси барномаи “Кошона”-ро бо архиваш таъсис дода натавонистам.

- Шумо хушбахтед?

- Бале, шукр соҳиби оилаи обод ҳастам. Ба кори дӯстдоштаам машғулам. 53 сол боз бо ҳамсарам зиндагии обод дорем. Чор фарзанд, 14 набера ва 2 абера дорам.

- Дар дунё зиндагӣ кардан осон аст?

- Зиндагӣ имтиҳон аст ва душвор ё осон гузаштани он ба ҳар кас вобаста аст. Шукр барои ман душвор нест.

- Аз чӣ метарсед?

- Танҳо аз Худо метарсам.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.