ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 ДЕКАБР
Соли 2007 – дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сӯхтор ба амал омад.
Соли 2018 – Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро дастгирӣ кард. Минбаъд ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд дар интернет сомонаи худро дошта бошанд.
Соли 2017 – Истгоҳи нави метрои шаҳри Тошканд ба номи Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон гузошта шуд.
Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми худ ба парлумони кишвар солҳои 2019 – 2021-ро "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1926 – Зодрӯзи Шамсӣ Собир, тарҷумони тоҷик;
Соли 1930 – Мавлуди Ғиёс Баҳриев, профессор, механик-математик;
Соли 1935 – Мавлуди Зулфиқор Абдусатторов, муҳандис-механик, номзади илмҳои техникӣ;
Соли 1956 – Зодрӯзи Шавкат Халилов, коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Шавкат Халилзода ҳунарпеша ва коргардони театр буда, соли 1956 дар шаҳри Душанбе дар хонадони Муҳаммад Халилов, ҳунарпеша ба дунё омадааст. Солҳо дар Театри давлатии академӣ-драмавиии ба номи Лоҳутӣ, театрҳои мусиқӣ-мазҳакавуӣ дар Қурғонтеппа, Хуҷанд, Самарқанд, Театри лӯхтаки Душанбе ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва ахиран дар Театри давлатӣ-академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чун коргардон ва саркоргардон фаъолият кардааст.
“Лайлатулқадр”, “Авлиё ва осӣ”, “Моҷарои обфурӯш”, “Тӯйи бедомод”, “Фарёди ишқ”, “Хидматгори ду хоҷа” аз ҷумлаи маъруфтарин намоишномаҳоест, ки Шавкат Халилов рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ соли 15-уми майи соли 2023 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1977 – Мавлуди Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва ровии барномаҳои радиоӣ, мудири барномаҳои Радиои "Asia-Plus".
Субҳон Ҷалил соли 1977 дар ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ кушод. Хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, вале дар журналистика муваффақ шуд. Фаъолияти кориашро дар ин самт аз Радиои Тоҷикистон шурӯъ кард. Баъдан сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ ва фароғатии радиои “Ватан” ва аз соли 2008 ба ҳайси директори барномаҳои радиои мазкур ва муаллифи шоу-барномаи субҳгоҳии “Субҳи Ватан” буд.
Ӯ то охири соли 2022 дар вазифаи директори кулли Радиои "Ватан" фаъолият кардааст. Соли 2024 роҳбари барномаҳои Радиои "Asia-Plus" таъин гардид.

Субҳон Ҷалилов барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, ва барандаи Ҷоизаи “Эътимод” мебошад.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” корманди худ ва ровии хушсадои худро бо ҷашни мавлуд таҳният гуфта, дар кору рӯзгораш муваффақияту комгорӣ таманно дорад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
26 декабри соли 2004 дар ҷануби Осиё сунамии азим ба амал омад. Он ба маҳалҳои аҳолинишини соҳилҳои Ҳиндустон, Индонезия ва Шри-Ланка талафоти ҷиддӣ расонид. Дар пайи ин сунами беш аз 225 ҳазор нафар ҷон бохтанд.
Соли 1816 дар Санкт-Петербург шӯриши декабристон рух дод. Тибқи нақшаи декабристон, нерӯҳои шӯришӣ бояд қасри Зимистона ва қалъаи Петропавловскро ишғол ва оилаи подшоҳро дастгир мекарданд.
Ҳамчунон, аз Сенат талаб карда мешуд, ки дар бораи таназзули ҳукумати собиқ ва таъсиси ҳукумати муваққатии инқилобӣ манифест эълон кунад. Аммо шаби инқилоб он саркӯб карда шуд. Садҳо нафар кушта шуданд ва қисмате боздошт ва ба зиндон фиристода шуданд. Беш аз 120 нафар ба муддатҳои гуногун ба Сибир бадарға шуданд.
26 декабри соли 1783 аввалин ҷаҳиши бо парашют аз баландӣ дар таърих намоиш дода шуд. Он парашютро физики фаронсавӣ Луи Себастьян Ленорман сохта буд.

Ӯ дар Париж аз боми хонааш ҷаҳид ва ин кӯшиши ӯ муваффақ шуд. Бори дуюм дар Молпеле аз боми расадхона ҷаҳид.
Имрӯз рӯзи тақдими тӯҳфа дар аксар кишварҳо ҷашн гирифта мешавад ва ин фурсати муносиб барои тақдими туҳфаҳост. Аслан ин ҷашн дар Британияи Кабир, Австралия ва Зеландияи Нав таҷлил мегардад. Дар бораи пайдоиши рӯзи тақдими тӯҳфаҳо назарияҳои зиёде мавҷуданд. Аксарият тарфдори ин назарияанд, ки ҷашн аз додани тӯҳфа ба камбағалон маншаъ гирифтааст.

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 26 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард, рӯзона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона 1-3º сард.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста