Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд.

Тавре ки аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд, чорабинии мазкур рӯзҳои 20-21 август доир мегардад.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ ба тамошобинон филмҳо дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла “Дон-Мукасан”, “Операция Набат” ва ғайра намоиш дода мешаванд.

Гуфта мешавад, филмҳои пешниҳодгардида ба шиносии наздик бо жанрҳо ва муҳтавои синамои истеҳсоли Қазоқистон имкон хоҳанд дод.

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо 20 август дар кинотеатри “Ватан” баргузор шуда, соати 17:30 дар ин ҷо филми аввал ба маърази тамошо гузошта мешавад. Рӯзи дигар, 21 август филмҳо дар кинотеатри “Тоҷикфилм” ба намоиш гузошта мешаванд.

Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо байни синамогарони тоҷику қазоқ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.