Дар шаҳри Машҳади Эрон шумораи махсуси фаслномаи илмиву фарҳангии “Пож”, ки ба дастовардҳои адабиёти муосири тоҷик дар даврони истиқлол ва ду донишманди тоҷик – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифов бухшида шуда буд, рӯнамоӣ гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи кишвар иттилоъ медиҳад.
Ба ин муносибат, рӯзи 13-уми сентябр бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Муассисаи фарҳангии “Хирадсарои Фирдавсӣ” дар шаҳри Машҳад бо иштироки намояндагони илму адаб ва фарҳанги вилояти Хуросони Разавӣ бо номи “Биёрой рӯйи заминро ба меҳр” нишасти илмиву адабӣ баргузор шуд.
Зимни ҳамоиш, ҳамчунин китоби “Рӯдакии дур аз наздик”-и Расул Ҳодизода, адабиётшиноси номвари тоҷик ки аз ҷумлаи навиштаҳои охири адабиётшинос буда, ахиран аз ҷониби муассисаи фарҳангии “Хирадсарои Фирдавсӣ” ба нашр расид, рӯнамоӣ шуд.
Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар чорабинӣ пиромуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар тӯли даврони истиқлоли кишвар, ки ба гуфтаи ӯ, заминаи хубе барои расидан ба ҳадафҳои фарҳангии Тоҷикистон буд, ҳарф зада, дар бораи хизматҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифзода низ ёдоварӣ кард.
Дар ҷараёни барнома донишмандони маъруфи эронӣ, чун Муҳаммаҷаъфари Ёҳақӣ, Амир Илҳомӣ, Алиашрафи Шабистарӣ, Ризо Ашрафзода зимни суханронии худ рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро заминасози равобити дӯстиву шарикии ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг номиданд.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста