Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон аз Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон хост, кишвараш дар сохтмони НБО “Роғун” саҳм гирад.
Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба саҳмгузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар ВМКБ, ҳамчунин, навсозии неругоҳи “Норак” дар суҳбат бо Олаф Шолтс “изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони неругоҳи Роғун низ идома ёбад”.
Мулоқоти онҳо дар ҳошияи нишасти дуввуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки имрӯз, 17-уми сентябр, дар шаҳри Остона баргузор шуд, гузашт.
Олмон дар Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои ҳифзи муҳити зистро аз тариқи Созмони олмонии ҳамкории байнулмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) маблағгузорӣ мекунад. Олмон ваъдаи ҳамкориҳои бештар дар истихроҷу коркарди маъдан, бахусус элементҳои нодир, бахши энергетика масоили амниятиро додааст.
“Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем”, – таъкид доштааст Олаф Шолтс.
Таҳсили ҷавонони тоҷик дар Олмон ҳам дар мулоқот баҳс шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “бо назардошти рағбати зиёди ҷавонони Тоҷикистон, кишвари мо ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии забономӯзию касбӣ омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо Олмон аст”.
Президенти Тоҷикистон Олаф Шолтсро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Бояд гуфт, ки Олаф Шолтс бори аввал ба Осиёи Марказӣ сафар кард ва аввал аз Ӯзбекистон ва баъдан ба Қазоқистон рафта, бо ин кишварҳо чанд ҳуҷҷати муҳимро ба имзо расонид.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар нишасти дуввуми сарони давлатҳои Осиёи марказӣ ва Олмон ширкат ва суханронӣ кардааст.
Манбаъ менависад, ки сарвари давлат ҳамкориҳои минтақа бо Олмонро дар самти истифодаи захираҳои табиӣ ва имкониятҳои молиявию технологии Олмон муҳим арзёбӣ кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз” буда, 98 дарсади нерӯи барқи он аз манбаъҳои барқароршаванда гирифта мешавад.
Дар ин нишаст бештар ба самти иқтисодӣ ва тиҷоративу сармоягузорӣ аҳамият дода шуд.
Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон умедворӣ кардааст, ки “натиҷаҳои нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат мекунад”.
Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.
Зимнан, дар ҳошияи ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон суханронӣ кардаст.
Ӯ аз ҷумла, саҳми ширкатҳои аврупоиро дар ворид сохтани технологияҳои нав ба соҳаи гидроэнергетикаи кишвар таъкид кардааст.
“Татбиқи тарҳҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҷалби технология ва таҷрибаи пешрафтаи аврупоӣ ба мақсади “рушди сабз”-и кишвари мо номида шуд”, - гуфат Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон 800 кони канданиҳои фоиданок кашф гардида, дар бораи “имконоти мусоиди ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои барқӣ, таҷҳизоти маҳфуздорандаи энергия ва электротехникӣ” андешаронӣ кардааст.
Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон “барои фаъолияти муваффақи сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст”.
“Ҷорӣ намудани низоми якҷонибаи бераводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, барои будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати то 30 рӯз яке аз омилҳои дигари мусоиди ҳамкорӣ маънидод гардид”,-гуфтааст ӯ.
Бодя гуфт, ки ин дуввумин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон аст. Нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ + Олмон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор шуда буд.
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста